Бартанги чашм ба роҳи чархболҳои ҳомили дору ва ғизо

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ки бинобар барфбории шадид 70 мошини мусофирбару боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дармонда, мусофирон ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудаанд. Мансурхон Додихудоев, як масъули ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон, гуфтааст, мусофирон то боз шудани роҳ дар хонаҳои сокинони ин ​минтақа мемонанд. "Баъди тоза кардани тармаи деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ боз хоҳад шуд", - таъкид кардааст Додихудоев.

Бархе сокинони деҳоти дурафтода мегӯянд, ки захираи ками хӯрокворӣ доранд.

Вай, инчунин, хабар дод, ки дар роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим тармафароӣ зиёд шуда, тоза кардани ин тармаҳо мӯҳлати зиёдро талаб мекунад. Тибқи иттилои манбаъ, бар асари тармафароӣ чанд манзил дар ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон хароб гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони деҳоти дурафтодаи Бадахшон мегӯянд, боришоти зиёди ҳафтаҳои охир ва ҳам роҳбандон, ба вазъи захираҳои ғизои онҳо таъсир расондааст. Сокинони деҳаи Ғудараи водии Бартанг мегӯянд, дар пайи роҳбандии беш аз як моҳ захираи ғизои онҳо тамом ва онҳоро чашм ба роҳи чархболҳо кардааст. Ғудара аз дурдасттарин рустоҳои водии Бартанг буда, дар 200-километрии маркази ноҳияи Рӯшон ва 50-километрии кӯли Сарез воқеъ аст ва аз 64 хонавода иборат мебошад.

Ҳамроз Тулегов, як сокини рустои Ғудара дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, аз захираҳои Оҷонсии захираҳои давлатӣ танҳо орд боқӣ мондаасту халос ва дар ҳолии ҳозир ба маҳсулоти аввалия ба монанди равған, чой, шакар, собун ва биринҷ шадидан ниёз доранд ва ба умеди парвози чархболҳои ҳомили ғизои мавриди ниёзи аввалия нишастанд.

Ӯ мегӯяд, дар баробари ин ниёзмандиҳо, мардуми деҳа инчунин ба мушкили камбуди дору дучор шудаанд. Афзун бар ин ба қавли Ҳамроз, “тарма кори нерӯгоҳи моро қатъ карда, симчӯбҳоро низ хароб кардааст. Барф наздик ба 1 метр расидааст. Аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан имкон надорад. Дар деҳаи мо чунин барф бори аввал боридааст.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки Хоҷаназар Лутфулло, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рӯшон рӯзи 20 феврал дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, “як ҳафта қабл то деҳаи Басид рафтам ва ду рӯз қабл ҳам бо раисони ҷамоатҳои водии Бартанг сӯҳбати телефонӣ доштам. Ин хел вазъияти фавқуллода оид ба масъалаи озуқаворӣ набуд.”

Хоҷаназар Лутфулло, ки ҳамроҳ бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон дар мавзеи Қалоти ноҳияи Рӯшон поксозии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро назорат мекунанд, ба “Радиои Озодӣ” гуфт: “Ду рӯз аст, ки дар раҳ ҳастам. То шаби имрӯз роҳи Рӯшон-Хоруғро мекушоем ва аз маркази ноҳия бо раисони водии Бартанг сӯҳбат хоҳам кард. Агар зарурат бошад чархболро ташкил мекунем.”

Иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рӯшон гуфт, дар мавзеи Қалоти ин ноҳия мошинҳои ҳомили молу коло дар мондаанд ва ба гуфтаи ӯ, то соати 8-и шаби 20 феврал роҳ ба маркази вилоят кушода мешавад.

Боришоти барф дар мавсими имсолаи зимистон дар 20-30 соли охир бесобиқа буда, танҳо дар давоми моҳи феврал бар асари тармафароӣ дар Тоҷикистон 16 нафар ҷон бохтанд. Аз ин шумор, 4 нафарашон дар ҳудуди вилояти Бадахшон ва боқӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони худро аз даст доданд.