Русия як ҷавони тоҷикро, ки барои фирор аз артиш нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод кард. Фарҳод Назаров, сокини 26-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми июл ба Тоҷикистон супурда шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи назди Додситонии ҳарбӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон наздики сад ҷавонро, ки аз хидмат дар артиш фирор кардаанд, ҷустуҷӯ мекунад.
Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Фарҳод барои фирор аз даъват ба Артиш муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, Фарҳод Назаров пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ аз комиссариати ҳарбӣ ба Русия фирор кард. Тибқи қонуни Тоҷикистон пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ даъватшаванда сарбоз маҳсуб меёбад. Ба ин хотир
Лутфия Ҷумъаева, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод низ рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки як ҷавон пушти панҷара равад, вале Фарҳод ва наздиконаш ӯро ба ин роҳ бурданд. “Ин саҳар ба мо ҳам аз прокуратураи ҳарбӣ гуфтанд, ки нисбат ба ин ҷавон тафтиш оғоз шудааст. Ҳабс шудани як ҷавон кори хуб нест, вале боз аз тарафи дигар овардани ин ҷавон ба онҳое, ки аз хизмати ватан фирор мекунанд, дарси ибрат мешавад”, -гуфт ӯ.
Шайдулло Назаров, бародари Фарҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, худи бародараш низ тасмими бозгашт ба ватанро дошт ва худро комилан бегуноҳ медонист. Фарҳод Назаров рӯзи 15-уми июни имсол дар як тамоси телефонӣ ба Радиои озодӣ гуфта буд, ки ҳеҷ айб надорад.
Фарҳод аз 18-солагӣ барои пешбурди рӯзгори хонавода ба Русия мерафт. Мактаби миёнаро низ то синфи нӯҳум хондааст. Ӯ гуфта буд, моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашт аз Русия дар роҳ ба сӯи хонааш аз ҷониби нозирони роҳ боздошт ва ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд. “Он рӯз дар хонаамон маъракаи хурсандӣ буд. Гуфтам, ки ақаллан гузоред, маъракаро гузаронам, худам меравам. Гуфтанд, ки додаратро ба ҷоят биор ва худат бирав. Шиносномаамро гирифта, хостанд, ки додарамро ба ҷои ман ба хидмат баранд. Ӯ бемор баромад. Баъдан, кашокаши ман сар шуд”, - гуфт ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон наздики сад ҷавонро, ки аз хидмат дар артиш фирор кардаанд, ҷустуҷӯ мекунад. Фарҳод Назаров, сокини 26-солаи ноҳияи Мӯъминобод аз ҷумлаи онҳоест, ки мақомот ӯро барои фирор аз хидмати сарбозӣ дар пайгард қарор дода буданд.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Аммо Вазорати дифоъ мегӯяд, солҳои ахир сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои рафтан ба артиш афзоиш ёфтааст ва ҳатто имсол нақшаи даъват қабл аз мӯҳлат анҷом ёфт.