Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ба далели сарпечӣ ва фирор аз хидмати ҳарбӣ, ба хонаи Орзуҷон Мӯсоев огоҳӣ бурдааст. Наздикони ин сокини 19-солаи деҳаи Баракати ноҳияи Ҳисор дар куҷо будани писарашонро намедонанд, аммо масъулони комиссариати ҳарбӣ мегӯянд, ки Орзуҷон Мӯсоев аз хидмати ҳарбӣ пинҳон шудааст.

Сардори мизи ҳарбии ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор, ки худро Акбар муаррифӣ кард, рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба Орзуҷон Мӯсоев барои таҳсил курси ронандагӣ ё “ДОСААФ” даъватнома фиристода буданд. "Омад, аз комиссия гузашт. Невропотолог гуфт, камтар асабҳояш сустанд. Доруҳоро менависам, дар муддати 10 рӯз онҳоро истифода барад ва дарсро хондан гирад. Баъд омаду ариза навишт, ки ман “ДОСААФ” намехонаму 1 апрел меоям ва ба хидмат меравам. Мақомот маҷбур шуданд, ӯро ҷустуҷӯ кунанд", - гуфт ӯ.

Тибқи қонун, афроде ки бидуни узр аз хизмат дар артиш саркашӣ мекунад, аз 25 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

Хонаводаи ин даъватшаванда ба артиш мегӯянд, ки макони будубоши ӯро намедоданд ва маълум нест, ки ӯ куҷо рафтааст. Асомиддин Мӯсоев, падари Орзуҷон Мӯсоев ба “Радиои Озодӣ” гуфт, қариб 1 моҳ шудааст, ки аз писараш хабаре надоранд. “Гуфт ман Русия меравам. Ман фикр кардам, ки шӯхӣ мекунад. Ҳамроҳи модараш ӯро кофта истодаем.”

Ба гуфтаи падари Орзуҷон, намояндагони комиссариати ҳарбӣ ҳангоми овардани огоҳинома гуфтаанд, ки дар сурати ҳозир нашудан ба комиссариат, хонаводаи онҳо 12 ҳазор сомонӣ ҷарима месупорад. Асомиддин Мӯсоев мегӯяд, ҳамсари нафақахӯр дорад ва аз қисмати пояш ҳам мушкил дораду базӯр раҳ мегардад.

Тибқи банди аввали моддаи 343-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, саркашии шахси ӯҳдадори ҳарбӣ аз даъвати ҳатмӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз хизмат озод намудан аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад, ки аз 25 то 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро низ пешбинӣ кардааст.

Фарҳод Ёқубов, раиси ҷамоати Мирзо Турсунзода ба “Радиои Озодӣ” гуфт, ҳудуди 900 даъватномаи даъват ба артиши ҷавононро дар даст дорад ва ба қавли ӯ, онҳое, ки ҳозир намешаванд, “рӯйхат карда ба прокуратураи шаҳр месупорем”. Ӯ мегӯяд: “Орзуҷон дар аризаи худаш навиштааст, ки ман ба хоҳиши худам хизмат меравам. То ин вақт, ки наомад, ба хонаашон рафтанд.”

Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мавсими даъвати баҳории соли ҷорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат дар артиши кишвар ҷалб карда мешаванд. Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ "ҷанҷолӣ" аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, солҳои ахир теъдоди зиёди даъватшавандаҳо ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар мепайванданд. Ин мақоми вазорати дифоъ бо ишора ба даъвати тирамоҳии соли 2016 гуфт: “Таҳлили ин даъват нишон дод, ки 95 дарсади ҷавонони даъватшаванда баъди гирифтани аввалин даъватнома ва ё ихтиёрӣ ҳозир мешаванд. Ихтиёриҳо ҳамонҳое мебошанд, ки мутобиқи моддаҳои 20-21 қонун “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ”, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбӣ ва ё имтиёз доранд.”

Назарбек Тоирбеков, як ҷавони тоҷик, ки бо ихтиёри худ адои хидмат кардааст, мегӯяд, “як қарз буд, ки бояд анҷом медодам ва муҳимтар аз он аз гурезогурези ҳарсола дар мавсими “облава” ҳам халос шудам. Як сол дар мавсими даъват ба Душанбе омадаму тӯли 3 моҳ қариб аз хона баромадан натавонистам. Ҳоло дигар парвои “облава”-ро надорам”. Аммо, ба гуфтаи Назарбек, “агар хидмат ҳам намекардам чизеро аз даст намедодам.”

Дилшод Ҷӯраев, намояндаи созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки бо парвандаҳои марбут ба сарбозон сару кор дорад, далели худдории ҷавонон аз хидмат дар артишро “набуди ҳисси ватандӯстӣ” гуфт. “Масъулияте, ки чизеро бояд ба ватани худ бидиҳӣ. Дар мавзӯъи мавриди назари мо, як нафар як ё ду солро бояд ба ватанаш бидиҳад. Бо ҷавонон то расидан ба синни даъват ба сафи артиш, ҳеҷ гуна коре сурат намегирад.”

Аммо, ба гуфтаи Ҷӯраев, далели аслии сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷанбаи моддӣ дорад. “Ҷавонон мегӯянд беҳтар он аст, ки дар муддати ду сол Русия равам. Барои оиладор шудан ва харидани мошин пул кор кунам. Далели дигар нарафтани ҷавонон ба артиш меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” аст. Волидайн мебинанд, ки фарзандонашон аз артиш маъюб бар мегарданд ва ҳатто кушта ҳам мешаванд”,-гуфт Дилшод Ҷӯраев.

Бо ин ҳол, Ҳазрат Баковулов, ки аз “облава” ба Русия паноҳ бурд ва ҳоло 10 сол аст, ки онҷо ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт: “Агар дар вақти артиши марзбониии Русия дар Тоҷикистон ба синни даъват мерасидам, ҳатман ба хидмати ҳарбӣ мерафтам. Чунки шароити онҷо хуб буд ва баъзе аз сарбозон пас аз адои хизмат ба кор ҳам қабул мешуданд. Маоши хуб мегирифтанд”. Ҳазрат Баковулов мегӯяд, ҷавонҳои зиёдеро мебинад, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ, ночор ба Русия мераванд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG