Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз синф ба аскарӣ. Омӯзгори мактабро "облава" карданд?


​Падари яке аз омӯзгорони ҷавон дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки писарашро иҷборӣ ба сафи артиш бурдаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳам ба мактаб зарур будааст ва ҳам беморӣ доштааст.

Волидони Исломиддин Муродов -- омӯзгори ҷавон дар мактаби рақами 38-и Бохтар аз гӯё иҷборӣ сафарбар шудани фарзандашон ба артиш шикоят доранд. Онҳо рӯзи 2 ноябр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бар иловаи он ки Исломиддин устоди ҷавон буд ва аз фанни “Технологияи муосир” дарс мегуфт, инчунин, вазъи саломаташ хуб набудааст.

Исломиддин Муродови бистсола моҳи августи ҳамин сол бар асоси фармони мудири маориф ва илми ноҳияи Бохтар дар мактаби 38-и ин ноҳия ба кор сар кардааст. Волидонаш мегӯянд, ҳарчанд ӯ донишгоҳро хатм накарда буд, аммо чанд давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер ва технологияи муосирро ба поён расида, соҳиби шаҳодатнома аст ва аз сабаби набудани мутахассис ӯро ба мактаб ба кор гирифтаанд. Акнун баробари ба артиш рафтани Исломиддин ҷадвали дарсҳои ӯ танҳо дар рӯи коғаз монда, ба ҷои ӯ омӯзгорони дигар ба талабаҳо дарси худро мегузаранд.

Сироҷиддин Набиев, мудири мактаби рақами 38 дар ноҳияи Бохтар "ҷалби иҷбории омӯзгори ҷавони ин мактабро" ба артиш таъйид кард ва гуфт, аммо ҳамон рӯзе ки Исломиддинро бурдаанд, ӯ дар ҷори кораш ҳузур надоштааст. "Баъдтар ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, то ӯро озод намоянд, чун ба ин омӯзгор ниёз дорем. Вале озод накарданд," – гуфт ӯ.

Бар иловаи ин Маҳмадюсуф Муродов, падари омӯзгори ҷавон, даъво дорад, ки фарзандаш бемор будааст. “Ӯ дар хунаш вирус дорад ва ин маризиро бо ҳуҷҷатҳои духтурон метавонем тасдиқ кунем,” – гуфт Муродов.

Исломиддин Муродов
Исломиддин Муродов

Мусоҳиби мо афзуд, "ба писарам даъватнома овардаанд, ман даъватномаро бурдам. Аммо ба мактаб омада писарамро ба сарбозӣ бурдаанд. Вақти дарс буд. Писарам дар хунаш вирус дошт, ки як моҳ дар бемористон хоб буд ва ҳуҷҷат низ дорем.”

Нозим Азимов, муовини сардори комиссариати ноҳияи Бохтар, рӯзи 2 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз қазияи Исломиддин Муродов огоҳ нест. Аммо ӯ гуфт, "омӯзгороне, ки маълумоти олӣ доранд ва аз рӯи ихтисосашон кор мекунанд, бахусус дар деҳот, сафарбаркунии онҳо ба артиш мумкин нест." Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайвандонаш Исломиддин Муродов мактаби олӣ нахондааст.

Абдурашид Юсуфзода Сангмаҳмад, додситони гарнизони низомии вилояти Хатлон, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ба дасти онҳо шикояти расмии волидони Исломиддин Муродов нарасидааст. “Дар сурати дастрас кардани ин шикоят мо метавонем қазияро таҳқиқ кунем. Он вақт мефаҳмем, мушкил чӣ аст. Агар омӯзгор дар деҳот аз рӯи ихтисосаш кор кунад ва маълумот дошта бошад, сафарбар карданаш ба сарбозӣ мумкин нест. Дар сурати бемор буданаш бояд муроҷиат кунад, комиссияи даъват дубора инро месанҷад,” – афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ин дар ҳолест ки шумори ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафар гуфта мешавад ва чунин таносуб, ба ақидаи мунтақидон, деги мақомҳои олуда ба фасодро, ки аз ҷумла дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш барои худ “манбаи даромад” сохтаанд, гарм мекунад.

Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр эълон кард, ки то кунун нақшаи даъвати имсолаи тирамоҳӣ 86 дарсад иҷро шудааст. Масъулони ин ниҳод вуҷуди ҳаргуна “облава” ё даъвати иҷборӣ ба артишро рад мекунанд, вале мегӯянд, бояд ҳар ҷавони болиғ баъди гирифтани даъватнома бояд ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, агар мушкилу беморие дорад, бояд дар миён гузорад.

XS
SM
MD
LG