Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар, ба оташбаси ду ҳафтаӣ дар ҷанг бо Эрон, мувофиқат кардааст.
Ӯ гуфт, ба он шарт бо ин оташбас розӣ шудааст, ки Эрон бо "бозкушоии комил, фаврӣ ва амн"-и тангаи Ҳурмуз мувофиқат кунад ва афзуд, ин иқдом дар қолаби як "оташбаси дуҷониба" анҷом хоҳад шуд.
Трамп таъкид кардааст, ки Амрико "ба ҳама ҳадафҳои низомии худ даст ёфтааст" ва акнун замина барои даст ёфтан ба созиши сулҳи дарозмуддат бо Эрон фароҳам шудааст.
Трамп ҳамчунин аз дарёфти як пешниҳоди иборат аз 10 банд аз сӯи Эрон хабар дод ва гуфт, ин пешниҳод метавонад асосе барои музокирот бошад.
Президенти Амрико ин таҳаввулро гоме муҳим дар масири ҳаллу фасли яке аз бӯҳронҳои қадим ва даст ёфтан ба сулҳ дар Ховари Миёна хондааст.
Эълони оташбас ба муддати ду ҳафта дар ҷанги Эрону Амрико пас аз он садо дод, ки Трамп ҳушдор дода буд, ки нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор медиҳанд.
Ин паём ҳамчунин танҳо чанд соат пас аз он содир шуд, ки Амрико ва Исроил чандин маконро дар саросари Эрон, аз ҷумла, зерсохтҳо ва ҷазираи муҳим ва стратегии Хоркро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор доданд.
ПАЁМИ АББОС АРОҚЧӢ
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар паёме ба забони англисӣ дар шабакаи Х навишт, "дар посух ба дархости бародаронаи нахуствазири Покистон ва бо таваҷҷуҳ ба дархости Амрико барои гуфтугӯ дар пешниҳоди иборат аз 15 банд аз сӯи он кишвар, эъломи раисҷумҳури Амрико дар бораи пазируфтани ҳамаи 10 пешниҳоди Эрон ба унвони асосе барои ин гуфтугӯ, аз тарафи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон эълон мекунам:
"Агар ҳамлаҳо ба Ҷумҳурии исломии Эрон қатъ шавад, нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди мо низ ҳамлаҳои дифоии худро мутаваққиф мекунанд. Ба муддати ду ҳафта равуои амн дар тангаи Ҳурмуз дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва бо назардошти маҳдудиятҳои фаннии мавҷуд амалӣ хоҳад буд".
Чанд дақиқа пас аз нашри ин баёнияи Аббос Ароқчӣ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасвире аз ин баёнияро бо ин шарҳи кӯтоҳ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social нашр кард, "Баёнияи расмии Эрон".
ПОКИСТОН ДАР НАҚШИ МИЁНАРАВ
Шаҳбоз Шариф, нахусвазири Покистон, ки миёнҷигарии музокиротро ба ӯҳда доштааст, бомдоди чаҳоршанбе гуфт, ки оташбас аз ҳамин лаҳза ба иҷро медарояд.
Ӯ изҳор дошт, ки "бо камоли фурӯтанӣ, хурсандам эълон кунам, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ва Амрико ба ҳамроҳи муттаҳидонашон, ба оташбасе фаврӣ дар ҳама ҷо, аз ҷумла, Лубнон ва дигар нуқтаҳо, мувофиқат кардаанд, ки аз ҳамин лаҳза амалӣ мешавад".
Ӯ аз ин иқдом истиқбол кард ва аз ҳайатҳои Амрико ва Эрон даъват намуд, то рӯзи ҷумъа, 10 апрел дар Исломобод ҳузур ёбанд, "то барои даст ёфтан ба созиши ниҳоӣ барои ҳаллу фасли ҳама ихтилофот, бештар музокира кунанд".
Як мақоми амрикоӣ ҳам бомдоди 8 апрел ба CNN гуфт, артиши Амрико ҳамлаҳои худ дар дохили Эронро қатъ кардааст.
ИСРОИЛ АЗ ОТАШБАС ҲИМОЯТ КАРД
Исроил рӯзи 8 апрел эълон кард, аз тасмими Доналд Трамп барои оташбаси дуҳафтаӣ дар чорчӯби як созиши оташбас ҳимоят мекунад, ба шарти он, ки Теҳрон тангаи муҳими Ҳурмузро бозкушоӣ кунад.
Дар баёнияи дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил омадааст, "Исроил аз тасмими раисҷумҳури Трамп барои қатъи ҳамлаҳо алайҳи Эрон ба муддати ду ҳафта ҳимоят мекунад, ба шарти он, ки Эрон фавран тангаи Ҳурмузро боз карда ва ҳама ҳамлаҳо алайҳи Амрико, Исроил ва кишварҳои минтақаро қатъ кунад".
Исроил ҳамчунин гуфтааст, ки ин созиш шомили Лубнон намешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Покистон ва Эрон эълон кардаанд, ки ин оташбас Лубнонро низ дар бар мегирад. Дар ҷанги ахири "Ҳизбуллоҳ" бо Исроил, 1500 лубнонӣ кушта шуданд.
Муқовимати исломии Эрон, ки як гурӯҳи ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон аст, низ эълон кард, ки ба муддати ду ҳафта амалиётҳои худро дар Ироқ қатъ мекунад. Ин эълони Муқовимати исломии Ироқ пас аз эълони оташбаси байни Амрико ва Эрон сурат мегирад.
Бӯҳрони ахир дар Ховари Миёна бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврали имсол оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алии Хоманаӣ, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландояи он кишвар кушта шуданд.
Ин бӯҳрон пойи шуморе аз гурӯҳҳои мавриди ҳимояи Эрон дар минтақа, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва Муқовимати исломии Ироқро ба даргириҳо кашонд ва онҳо ва Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд, ҳамлаҳо анҷом доданд.