Рубио: “Эрон ҳаққеро талаб дорад, ки дар ҳеч созишнома нест”

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико. Манила, 22-юми июли 2026

Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, таҳдиди Эрон ба ҳаракати озоди киштиҳо дар тангии Ҳурмуз на танҳо барои тиҷорати ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад, балки метавонад, як собиқаи хатарнокеро барои роҳҳои баҳрии баҳсбарангез дар Осиё ба миён орад.

"Агар онҳо ҷиддӣ бошанд, мо низ ҷиддӣ ҳастем"

Марко Рубио рӯзи 22-юми июл ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани Кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё дар шаҳри Манила, маркази Филиппин, гуфт, Амрико ҳамчунон омодаи музокирот бо Эрон аст ва дар айни замон Теҳронро ба иҷро накардани аҳдҳои пешин ва бепарвоӣ нисбат ба дипломатия муттаҳам кард.

Ӯ гуфт: “Иёлоти Муттаҳида ҳамеша ба дипломатия содиқ аст. Мо ҳамеша омодаем, барои ҳалли ихтилофҳо ва расидан ба созиш музокира кунем ва айни равишро бо Эрон ҳам дорем. Мушкили феълии мо ин аст, ки онҳо ба музокирот муносибати ҷиддӣ надоранд. Агар онҳо ҷиддӣ бошанд, мо низ ҷиддӣ ҳастем.”

Гулӯгоҳи Ҳурмуз

Баёнияи Марко Рубио дар пайи ҳамлаҳои мутақобилаи низомии Амрикову Эрон ба якдигар садо дод, ки яке ба таъсисоти низомии Эрон ва дигарӣ ба пойгоҳҳову иншооти низомии Амрико дар кишварҳои арабӣ ва ҳам киштиҳои боркаш дар Халиҷи Форс зарба мезанад.

Ба гуфтаи вазири амрикоӣ, агар ба Эрон иҷозат дода шавад, ки қоидаҳои киштирониро дар тангии Ҳурмуз “дикта” кунад, пас, яке аз усулҳои асосии тиҷорати байналмилалӣ, киштиронии озод халалдор мешавад. Марко Рубио гуфт: “Эрон ҳаққеро талаб дорад, ки дар ҳеч созишнома ва механизми ҳуқуқии мавҷуда нест ва он ҳам назорати убур тавассути тангии Ҳурмуз.”

Рубио ин оброҳаи муҳимро зери ҳимояти ҳуқуқи байналмилалӣ хонд ва гуфт, гузашт ба талабҳои Эрон метавонад чунин рафторро дар ҷойҳои дигар низ ташвиқ кунад.

Талаби "хатарнок"-и Эрон

Вай афзуд: “Агар мо дар Ховари Миёна собиқае эҷод кунем, ки дар он як кишвар тавонад мустақилона дар бораи назорати оброҳаи байналмилалӣ тасмим гирад, боҷ ситонад ва дар сурати напардохтани он киштиҳоро тарконад, мо як собиқаи хеле хатарнокро эҷод хоҳем кард, ки дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла дар ин минтақа низ такрор хоҳад шуд.”

Вазири корҳои хориҷии Амрико изҳор дошт, ки баҳси тангии Ҳурмуз ба Осиё таъсири мустақим дорад. Ӯ гуфт, ин бӯҳрон ба “иқтисоди ҷаҳонӣ” таҳдид мекунад ва ҳушдор дод, “қоидаҳое, ки 150 соли тиҷорату додуситади байналмилалиро таъмин мекарданд, низ зери хатар мондаанд ва набояд гузошт, ки чунин шавад.”

Ин видеоро ҳам бинед:

Киштӣ дар оташ, таҳдиди мушакҳои Эрон ва минаҳо

Ба қавли Марко Рубио, “20 дарсади таъминоти энержии ҷаҳон аз ҷониби як режими саркаш ба гаравгон гирифта шудааст”, ки мехоҳад, соҳиби ваколатҳое шавад, ки “зери ҳеч як таърифи ҳуқуқи байналмилалӣ қарор надоранд.”

Сарфи назар аз мавзӯи Эрон, Марко Рубио кӯшиш кард, ҳукуматҳои кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиёро мутмаин созад, ки новобаста аз низоъҳо дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон, ҳамкории Вашингтон бо ин минтақа дар авлавият боқӣ мемонад.

Ӯ Анҷумани Кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё ё АСЕАН-ро “механизми аслӣ”-и ҳамкории Амрико дар минтақа номид ва гуфт: “Шарикии мо бо ҳар як аз кишварҳои шумо ва умуман бо ин минтақа ба нафъи Иёлоти Муттаҳида аст. Мо ҳеч гоҳ онро тарк нахоҳем кард.”

Марко Рубио таъкид кард, ки муносибатҳои Амрико бо қудратҳои дигари бузург “ҳеч гоҳ бар зарари ҳампаймонҳо” ё шарикони минтақавӣ тамом нахоҳад шуд. Ӯ аз барномаҳои тақвияти ҳамкориҳо тавассути 2,5 миллиард доллар сармоягузории стратегии ҳукумати Амрико ва 1,5 миллиард доллари дигар тавассути Корпоратсияи Молиявии Рушди Амрико барои зербунёдҳои ҳавопаймоӣ, амнияти энергетикӣ, занҷираи бехатари таъминот ва дигар бахшҳои калидӣ хабар дод.

Вазири корҳои хориҷии Амрико инчунин ваъда дод, ки кишвараш барои барчидани минаҳо ва поксозии минтақа аз аслиҳаи нотаркидаи низоъҳои гузашта дар Ҷанубу Шарқи Осиё 130 миллион доллар ҷудо мекунад.