Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дигар замони он расидааст, ки дар Эрон раҳбарони нав зимоми қудратро ба даст бигиранд. Доналд Трамп, ки дар робита ба тазоҳуроти азими мардумӣ сӯҳбат кард, ки Эронро фаро гирифт ва яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо ба машрӯияти ҳукумат пас аз инқилоби исломии соли 1979 ба шумор меравад.
Раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбат бо нашрияи “Politico”, ки рӯзи 17-уми январ нашр шуд, гуфтааст: "Вақти он расидааст, ки дар ҷустуҷӯи раҳбарияти нав дар Эрон бошем." Ӯ мустақиман ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон ишора кардаст, ки 37 сол бо қудрати аслиро дар даст дорад ва қаблан Доналд Трампро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карда буд.
Доналд Трамп гуфтааст: " Ӯ (Хоманаӣ) ҳамчун раҳбари як кишвар гунаҳкори вайронии комили кишвар ва истифода аз хушунат ба ҳаддест, ки қаблан дида нашуда буд. Барои он ки кишвар дуруст амал кунад, ҳарчанд ҳоло дар сатҳи бисёр паст амал мекунад, раҳбарият бояд ба мудирияти дурусти кишвараш тамаркуз кунад, тавре ки ман дар Иёлоти Муттаҳида мекунам, на ин ки барои ҳифзи қудрат ҳазорон нафарро ба қатл расонад."
Доналд Трамп гуфтааст: "Раҳбарӣ эҳтиром аст, на тарсу марг."
Оғози эътирозҳо бо шиорҳои иқтисодӣ
Тазоҳурот ва мавҷи нави мухолифат бо ҳукумати мазҳабӣ дар Эрон рӯзи 28-уми декабри соли 2025 сар зад. Тазоҳургарон аввал ба сабаби вазъи бади иқтисодии Эрон ба хиёбонҳо рехтанд, вале ин ҳаракат ба эътирози густурдае ба зидди низоми исломӣ табдил ёфт.
Созмони "Ҳуқуқи башари Эрон", ки қароргоҳаш дар Норвегия аст, кушта шудани дастикам 3428 эътирозгар ба дасти нерӯҳои амниятиро тасдиқ кардааст. Ҳамзамон созмони HRANA, воқеъ дар Амрико шумори қурбониёнро 3090 нафар, аз ҷумла 2885 эътирозгар гуфта, афзудааст, ки беш аз 22 ҳазор кас боздошт шудаанд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳушдор медиҳанд, ки теъдоди воқеии қурбониён эҳтимолан ба маротиб бештар аст, зеро қатъи сартосарии интернет аз 8-уми январ ба ин сӯ, раванди санҷидану тасдиқи иттилоотро душвор кардааст.
Рӯзи 17-уми январ маҳдудиятҳо дар истифодаи интернет барои муддати кӯтоҳ бардошта шуданд, вале гурӯҳи нозири NetBlocks гуфт, ба назар мерасад, дар охири рӯз интернетро дубора қатъ кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Трамп ба ҳукумати Эрон ҳушдор дод, ки тазоҳургаронро накушад, вагарна...Доналд Трамп беш аз ҳар раҳбари дигари кишварҳои ғарбӣ ҳокимони тундрави Эрон барои саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон сахт танқид кард. Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ ҳукумати Эронро маҳкум карданд.
Доналд Трамп дар ибтидо ҳушдор дода буд, ки агар нерӯҳои амниятии Эрон эътирозгаронро бикушанд, Иёлоти Муттаҳида барои иқдом "омода" аст. Баъдан ӯ таҳдид кард, ки агар Эрон ҳукми қатли тазоҳургаронро иҷро кунад, Вашингтон "чораҳое бисёр сахте" ба зидди он ба кор мебарад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 17-уми январ бори дигар иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳида барангезандаи эътирозҳо дар Эрон аст ва Трампро дар талафоти ҷонӣ гунаҳкор донист.
Ӯ дар суханронии солонааш гуфт: "Мо раиси ҷумҳури Амрикоро муҷрим медонем, ҳам барои талафот, ҳам ба хотири хисорот ва ҳам ба хотири тӯҳмате, ки ба миллати Эрон зад.»
Рӯзи 16-уми январ Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social ба раҳбарияти Эрон ташаккур гуфт ва навишт: "Ман ба ин ҳақиқат, ки раҳбарияти Эрон, ҳамаи ҳукмҳои ба дор овехтанро (беш аз 800 ҳукм) лағв кард, бисёр эҳтиром мегузорам. Ташаккур ба шумо.»
Трамп дар баёнияи дигаре гуфт: "Дирӯз беш аз 800 ҳукми қатл ба нақша гирифта шуда буд. Онҳо ҳеҷ касро эъдом накарданд. Ин асари бисёр бузург дошт."
Мақомоти Эрон то кунун дар бораи ҳукми қатли 800 эътирозгар ва ё лағви чунин ҳукмҳо чизе нагуфтаанд.
Рӯҳониёни муҳофизакори Эрон бо раҳбарии Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди қудратманди дигари динӣ аз замони сарнагунии шоҳи Эрон, дар соли 1979, ки ҳампаймони Амрико буд, тамоми шохаҳои қудратро дар ин кишвар дар даст доранд.
Фосилаи бузург байни ҳукумат ва насли ҷавон
Коршиносон мегӯянд, ки миёни рӯҳониёни ҳоким ва насли ҷавони Эрон, ки солҳост хостори озодиҳои бештари иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ватани тақрибан 90 миллионнафариашон ҳастанд, фосилаи бузурге ба вуҷуд омадааст.
Паймон Ҷаъфарӣ, коршиноси масоили Эрон муқими Амрико, ба нашрияи The Wall Street Journal гуфтааст: "Фосила миёни мардум ва давлат бе гузаштҳои бузург рафъношуданист. Ба андешаи ман, бидуни тағйироти ҷиддӣ низоми кӯҳна бақо нахоҳад дошт."
Бо гузашти беш аз ду ҳафта, ба назар мерасад, ки тазоҳуроти шабона дар хиёбонҳо рӯзи 17-уми январ то андозае коҳиш ёфтаанд. Аммо тасдиқи ин гузоришҳо ғайримумкин аст, зеро мақомот интернету иртиботи телефониро сахт маҳдуд кардаанд.
Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи собиқи Эрон, рӯзи 16-уми январ гуфт, бовар дорад, ки ҳукумати рӯҳониён зери фишори эътирозҳо суқут хоҳад кард. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон гуфт: "Ҷумҳурии Исломӣ суқут хоҳад кард. Ман ба Эрон бармегардам." Шоҳзодаи собиқ дар ҷараёни ин нооромиҳо ҳамчун як чеҳраи калидии мухолифон зуҳур кард, ҳарчанд мухолифони Эрон дар маҷмӯъ пароканда ва номуташаккил боқӣ мемонанд.
Эътирозгарони эронӣ дар шаҳрҳои Амрико, Аврупо ва дигар кишварҳо мавриди ҳимояти густурда қарор гирифтанд.
Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони маъруфи эронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷашнвораи синамои Аврупо дар Берлин аз ҷаҳониён хост, ки ба саркӯбҳои ҳукумат вокуниш нишон диҳанд.
Ӯ ҳангоми ифтитоҳи ҷашнвора гуфт: "Агар ҷаҳон имрӯз ба ин хушунати ошкор вокуниш нишон надиҳад, на танҳо Эрон, балки тамоми ҷаҳон дар хатар хоҳад буд. Хушунат вақте беҷавоб мемонад, ба як амри оддӣ табдил меёбад, вақте оддӣ шуд, монанди як бемории сироятӣ паҳн мешавад." Паноҳӣ, ки қаблан дар Эрон зиндонӣ шуда буд, ваъда дод, ки ба кишвар бармегардад, то талошҳояшро барои озодӣ идома диҳад.