Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки бо ҳадафи фурсат додан ба гуфтушунидҳои дипломатӣ, ҳамлаҳои навро ба Эрон боздоштааст.
Доналд Трамп субҳи 2-юми август дар шабакаи иҷтимоии худ, Truth Social, навишт, то замоне ки имкони расидан ба тавофуқ барои хатми барномаи ҳастаии Эрон ва бозкушоии пурраи тангаи Ҳурмуз вуҷуд дошта бошад, аз ҳамлаҳои нав ба Ҷумҳурии Исломӣ худдорӣ мекунад.
Президенти Амрико дар ин паём ҳамчунин навишт, "чорчӯбҳои ибтидоӣ барои як тавофуқ" бо Эрон ҳосил шудааст.
Ба навиштаи Доналд Трамп, Эрон ва кишварҳои дигари Ховари Миёна барои такмили тавофуқе, ки бозкушоии фаврӣ ва комили тангаи Ҳурмуз ва "поёни таҳдиди ҳастаии Эрон"-ро дар бар гирад, вақт хостаанд.
"Бар пояи ин дархост, барои манфиати ояндаи ҷаҳон ва ҳамчунин бақои Эрони муваффақ ва бархӯрдор, ба лағви ҳамла мувофиқат кардаам. Шарт ин аст, ки тавофуқ фаврӣ ҳосил шавад", - навиштааст Трамп.
Ӯ ҳамчунин нигоштааст, Исроил низ "дар ин тааҳҳуд ба ман мепайвандад". Мақомоти Исроил дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.
Каме пештар аз паёми Трамп, вазири умури хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ дар суҳбат бо мақомоти кишварҳои минтақа ҳушдор дод, ки Теҳрон ба ҳар гуна "таҷовуз" қотеона посух хоҳад дод.
Аббос Ароқчӣ. Акс аз 16-уми июни 2026
Ароқчӣ дар суҳбати телефонӣ бо Файсал бин Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ҳар гуна ҳамлаи Амрико ва Исроил ё ҳамроҳии кишварҳои минтақа дар чунин иқдомоте, бо "посухи ҳамвазн" рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории "Аксиос" гуфтааст, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, рӯзи шанбе дар суҳбат бо Доналд Трамп "нигаронии худро изҳор кард".
Як мақоми Кохи Сафед низ гуфтугӯи валиаҳди Арабистони Саудиро бо Трамп ба хабаргузории "Ройтерз" тасдиқ кард, аммо ҷузъиёте надод.
"Нурнюз", расонаи наздик ба ниҳоди олии амнияти Эрон, рӯзи шанбе эълом кард, ки дар сурати ҳамлаи Амрико ба зерсохтҳои энержии Эрон, ин кишвар ба майдонҳои нафтии Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳамчунин майдонҳои газии Қатар ва Исроил зарба хоҳад зад. "Ҳама ба хокистар табдил хоҳанд шуд", - навишт ин расона.
Трамп 31-уми июл дар иқоматгоҳи Кемп Дейвид гуфт, боварӣ дорад, ки музокиракунандагони амрикоӣ ҳамчунон метавонанд бо Эрон ба тавофуқ бирасанд.
Бо ин ҳол, Трамп гуфт эътимодаш ба эрониҳо рӯ ба коҳиш аст ва афзуд: "Онҳо бисёр вақт ба аҳдашон намеистанд". Иддаое, ки Теҳрон низ борҳо алайҳи Вашингтон матраҳ кардааст. Трамп ҳамчунин гуфт, Амрико "онҳоро ҳадаф қарор хоҳад дод".