Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон "тамом шуд"

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Туркия, 7-уми июли 2026

Пас аз чанд соати азсаргирии задухӯрдҳои нав миёни Амрико ва Эрон, раисҷумҳур Доналд Трамп гуфт, тафоҳумнома ва оташбас бо Эрон “тамом шуд”. Ӯ, ки дар ҷаласаи паймони низомии НАТО дар Туркия гап мезад, раҳбарияти Эронро “фиребгар”, “қаллоб” ва “дурӯғгӯ” номид.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 8-уми июл дар ҳоле ин ҳарфҳоро ба забон овард, ки садои бонги хатар фазои Баҳрайну Кувайтро пур кард ва мақомоти ин кишварҳо аз "ҳамлаи душман" хабар доданд.

Иёлоти Муттаҳида Эронро дар ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз муттаҳам намуд ва даври нави ҳамлаҳои низомиро алайҳи ин кишвар ба роҳ монд. Инчунин, Амрико як таҳрими муҳими вобаста ба фурӯши нафти Эронро барқарор кард ва бо ин созиши бисёр ҳассоси оташбасро зери суол бурд.

Ин таҳаввулот яке аз бӯҳронҳои азиме мебошад, ки дар замони мавриди иҷро будани ёддошти тафоҳум дар мавриди хатми душманӣ ва бозкушоии яке аз гузаргоҳҳои муҳими баҳрӣ сурат мегирад. Оташбаси миёни ду ҷониб моҳи гузашта ба муддати 60 рӯз ҷорӣ шуда буд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 8-уми июл дар Анкара гуфт: “Ман дигар бо онҳо нияти созиш кардан надорам. Онҳо фиребгар ҳастанд. Онҳо маризанд. Раҳбарони онҳо беморанд. Онҳо мардуми бераҳму хушунатзоанд ва агар силоҳи ҳастӣ медоштанд, аз он истифода мекарданд. То ҷое ман мефаҳмам, дигар тамом шуд”.

Ӯ дар айни замон афзуд, музокираҳо бо Теҳрон метавонанд идома дошта бошанд, вале ба гуфтааш: “То ҷое ман дарк мекунам, созиш бо онҳо сарфи беҳудаи вақт аст. Онҳо дурӯғгӯ ҳастанд.”

Амрико ба Эрон ҳамла кард, Сипоҳ ба Кувайту Баҳрайн

Амрико мегӯяд, бомдоди 8-уми июл дар вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи гузаштаи Эрон ба киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз, ба даҳҳо нуқта дар дохили Эрон зарба зад. Эрон ҳам мегӯяд, дар посух ба ин ҳамлаҳои Амрико пойгоҳҳои низомии ин кишварро дар Баҳрайн ва Кувайт ҳадаф қарор дод.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико гуфт, ба 80 ҳадаф дар ҷануби Эрон, аз ҷумла ҷазираҳои Кишм ва Хорк, ҳамла кардааст ва онро "посухе фаврӣ ба ҳамлаҳои нав ба киштиҳои тиҷории убурӣ аз тангаи Ҳурмуз" хонд.

Дар баёния омадааст, ки нерӯҳои амрикоӣ "системаи дифои ҳавоӣ, шабакаҳои фармондеҳӣ ва назорат, сайтҳои соҳилии радар, таҷҳизоти вобаста ба мушакҳои зиддикиштии Эронро ҳамроҳ бо беш аз 60 қаиқи хурди Сипоҳи посдорон дар дохил ё наздикии тангаи Ҳурмуз, ҳадаф қарор доданд".

Бандар Аббоси Эрон пас аз ҳамлаҳои Амрико. 8-уми июли 2026

Фармондеҳии марказии артиши Амрико ҳадаф аз ин ҳамлаҳоро "костан аз тавони ҳуҷумии Эрон" барои ҳамла ба киштиҳои тиҷорӣ хондааст. Дар идомаи ин паём таъкид шудааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои посухгӯ кардани Эрон дар сурати пойбанд набудан ба бандҳои тафоҳумномаи оташбас, бо омодагии комил дар мавзеъҳои худ мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории нимарасмии "Форс", ки ба Сипоҳ посдорони Эрон наздик аст, навишт, дар посух ба даври нави ҳамлаҳои Амрико, "қароргоҳи Флоти панҷуми ИМА дар Баҳрайн, ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва шоҳиди чандин таркиш будааст".

Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн ҳам дар баёнияе дар шабакаи Х ин ҳамлаҳоро тасдиқ кард. Ин ниҳод аз шаҳрвандон ва сокинони Баҳрайн хост, ки оромишро ҳифз кунанд ва ба наздиктарин маконҳои амн бираванд.

Артиши Кувайт ҳам мегӯяд, дар ҳоли муқобила бо ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ аст. Ин хабар пас аз он эълон шуд, ки қароргоҳи "Хотам-ул-Анбиё"-и Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ба ҳамлаҳои нави Амрико "посухи кӯбанда" хоҳад дод.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлис ва раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон дар шабакаи X навишт, ҳамлаҳои нави Амрико ба Эрон ва бозгардондани таҳримҳои нафтӣ алайҳи ин кишвар "нақзи ёддошти тафоҳум" аст. Аммо Қолибоф ба нақши Эрон дар ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз вокуниш накард.

Вазорати хазонадории Амрико баъди ҳамла ба се киштии тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз гуфт, таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон дубора бозгардонда мешаванд.

Дар пайи имзои ёддошти тафоҳум миёни Теҳрон ва Вашингтон, Амрико таҳримҳои нафтии Эронро ба муддати ду моҳ боздошта шуда буд. Бо афзоиши таниш миёни ИМА ва Эрон, нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ то 2,7 дарсад боло рафт.