Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Амрико ба чанд нуқтаи низомӣ дар Эрон ҳамла кард

Артиши ИМА таъйид кард, ки дар посух ба ҳамлаи паҳподии Эрон ба як киштии тиҷории Сингапур дар тангаи Ҳурмуз, нуқтаҳоеро дар хоки Эрон ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи Фармондеҳии марказии неруҳои Амрико дар минтақаи Ховари Миёна (СЕНТКОМ), ҷангандаҳои ин кишвар анборҳои мушак ва паҳподии Эрон ва инчунин як нуқтаи радариро дар соҳилҳои ҷанубии Эрон ҳадаф қарор додаанд.

Киштии тоҷирӣ, ки бо парчами Сингапур равуо мекард, рӯзи панҷшанбе пас аз убур аз тангаи Ҳурмуз дар наздикии соҳили Уммон ҳадаф қарор гирифт. Амрико мегӯяд, Эрон ба он ҳамла кардааст.

СЕНТКОМ ин ҳамлаи паҳподиро “иқдоми душманонаи бедалел” ва “халалдоркунандаи тавофуқи оташбас миёни Теҳрону Вашингтон” номид.

Андаке пеш аз ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба мавзеъҳои Эрон шоми рӯзи ҷумъа, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Эронро ба партоби ҳадди ақал 4 паҳподи ҳамлагар ба самти киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз муттаҳам кард ва гуфт, неруҳои амрикоӣ се паҳподи партобшударо суқут додаанд.

Доналд Трамп ин иқдоми Эронро “халалдорсозии аҳмақонаи тавофуқи оташбас” номид. Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дода буд, ки “хеле зуд вокуниши Амрикоро ба ин иқдом хоҳед дид”.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG