Як мансабдори амрикоӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба поён додани ҳамлаҳои ҷавобӣ ба якдигар ва музокироти нав мувофиқат кардаанд.
Ба қавли ӯ, ду тараф инчунин розӣ шудаанд, ки роҳи киштиҳо барои гузаштан аз тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз боз шавад. "Қарор шуд, ки гуфтушунидҳо тибқи тафоҳумнома дар тамоми бахшҳо идома кунад,” – афзуд мақомдори амрикоӣ рӯзи 28-уми июн.
Пойгоҳи “Axios” бо такя ба як мақоми амрикоӣ гуфт, ду ҷониб нақша доранд, ки рӯзи 30-юми июн дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар, мулоқот кунанд.
Хабаргузории олмонии “dpa” ба нақл аз як мақоми баландпоя дар ҳукумати Амрико гуфт, Вашингтон ба идомаи музокирот дар рӯзҳои наздик умедвор мебошад, вале ин расона макони баргузории гуфтушнидро нанавишт. Ин мақом гуфтааст, “ҳеч чиз бекор нашуд”.
Теҳрон ҳанӯз дар бораи идомаи гуфтугӯҳо хабар нашр накардааст. Ин суҳбатҳо дар ҳолест, ки Эрон бо иддаои он ки Амрико шартҳои ёддошти тафоҳумро вайрон кард, рӯзи 28-уми июн аз мулоқот бо ҳайати Иёлоти Муттаҳида худдорӣ намуд.
Меҳдӣ Фузайлӣ, як намояндаи маъмурияти раҳбари олии Эрон, гуфт, “яке аз сабабҳояш ин аст, ки мо бояд аввал бисанҷем, то куҷо пулҳои бандмондаи мо озод шудаанд. Агар дастрасӣ ба пулҳо набуд, пас, ин шарт иҷроношуда дониста мешавад”. Ҷузъиёт дастрас нест.
Рӯзҳои истироҳати гузашта Эрон ба сӯи киштиҳои тиҷоратӣ оташ кушод ва сипас нерӯҳои Амрико барои ҳимоят аз ҳаракати киштиҳо ба радари соҳилӣ ва мавқеъҳои низомии Эрон зарба заданд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ рӯзи 28-уми июн иддао кард, ки Теҳрон барои сӣ рӯзи дигар ба танҳоӣ назорат бар борикаи Ҳурмузро ба уҳда хоҳад дошт.
Ароқчӣ гуфт, ҳама гуна талоши дахолат ё эҷоди сохторҳои мувозӣ вазъро боз ҳам печидатар мекунад, боис ба эҷоди таниши иловагӣ мешавад ва дар бозкушоии ин роҳи обии стратегӣ таъхир ба амал меояд.
Аз ин пеш Эрон ба чанд мавқеи ҳарбии Амрико дар Кувайту Баҳрайн ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод. Қаблан раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳушдор дод, ки агар Эрон шартҳои оташбасро вайрон кунад, Вашингтон амалиёти ҳарбии худро бештар хоҳад кард.
Видеоро дар инҷо бинед: