Ба назари раисҷумҳури Амрико, "имкони бисёр ҷиддӣ"-и расидан ба созиш бо Эрон вуҷуд дорад. Доналд Трамп баъди изҳороташ дар бораи гуфтугӯи ҷонибҳо ва қатъи панҷрӯзаи ҳамла ба зербунёдҳои энержии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин бора сухан гуфт.
"Мебинем, ки чӣ натиҷа медиҳад"
Трамп рӯзи 23-юми март ба хабарнигорон гуфт, фиристодаи вижааш Стив Виткофф ва домодаш Ҷаред Кушнер дар музокираҳо бо Эрон иштирок мекунанд.
Вай афзуд, гуфтугӯ бо ташаббуси Эрон ва раҳбарони ба қавли ӯ “калон”-и эрониҳо, на раҳбари олӣ Муҷтабо Хоманаӣ, барпо шуда, “дастовардҳои асосии созиш”-ро фароҳам карданд.
“Онҳо бисёр хоҳони созиш ҳастанд. Мо ҳам мехоҳем созише ҳосил шавад. Шояд боз телефонӣ мулоқот кунем, чунки пайдо кардани кишваре мушкил аст. Зоҳиран, барои онҳо аз он ҷо берун шудан бисёр сахт аст. Мо бо як роҳе базудӣ мулоқот хоҳем кард. Мо давоми панҷ рӯз танаффус эълон кардем. Мебинем, ки чӣ натиҷа медиҳад. Агар хуб буд, дар ҳамин ҷо хотима медиҳем. Вагарна бо тамоми нерӯ бомбаборонро давом хоҳем дод,” – афзуд ӯ.
БЕШТАР БИХОНЕД: ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?
Мақомот ва матбуоти вобаста аз давлат дар Эрон ҳама гуна муколамаро бо Амрико инкор карданд. Хабаргузориҳои "Тасним" ва "Форс", ки ҳарду ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик ҳастанд, бо такя ба манбаъҳои худ гуфтанд, ки миёни Теҳрону Вашингтон “ҳеч музокира” на ба таври мустақим ва на ғайримустақим ҷараён надорад.
Исроил ҳам ҳеч изҳорот надод, вале баъди суханони Доналд Трамп маркази Эронро мавриди ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.
Аз Мисру Покистон то Уммон
Расонаҳои "Axios" ва "Reuters" ба нақл аз манбаъҳое, ки номашро фош накарданд, мегӯянд, Миср, Покистон ва давлатҳои дигар дар додугирифти паёмҳо миёни Амрико ва Эрон иштирок кардаанд.
"Reuters" аз қавли як мақоми покистонӣ ва як манбаи дигараш навишт, эҳтимол ҳафтаи ҷорӣ дар Исломобод як музокираи мустақим бо ҳадафи хатми ҷанг дар Эрон барпо мешавад.
Бадр ал-Бусайдӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз изҳороти Трамп дар бораи “муколамаҳои пурҳосил” бо Эрон навишт ва гуфт, кишвараш “барои ташкили гузаргоҳи амн дар гулӯгоҳи Ҳурмуз фаъолона кор мекунад”.
Матбуоти расмии Эрон навишт, фармондеҳии ҳарбии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, агар муассисаҳои энерживу маводи сӯхти ин кишвар мавриди ҳамла қарор гиранд, дар саросари минтақа ҳам тамоми зербиноҳои энержии вобаста аз Амрико осеб мебинанд. Эрон инчунин таҳдид кард, ки корхонаҳоеро, ки обро аз намак соф мекунанд, мавриди ҳадафи онҳо қарор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, нархи нафти хоми навъи Brent, ки аз шурӯи низоъ то сатҳи рекордӣ баланд шуда буд, баъди ҳарфҳои дирӯзаи Трамп якбора поин омад.
Трамп рӯзи 23-юми март ба матбуот гуфт, қарори ҳафтаи гузашта дар бораи кам кардани таҳримҳои нафти Эрон ба он хотир гирифта шуд, ки ӯ мехоҳад нафти ҳадди аксар зиёд дошта бошад. Вале ин қарорро бархе танқид карда гуфтанд, ки он метавонад барои даромади бештари Эрон дар зарба задан ба саросари Ховари Миёна мусоидат кунад.
Нархи нафти хоми Brent дар нимаи дуюми рӯзи 23-юми март бар ивази 102 доллари амрикоӣ фурӯхта мешуд ва ин тахминан 9% камтар аз нархи як рӯз пеш будааст.
Видео дар инҷо:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп аз "имкони бисёр ҷиддӣ"-и созиш бо Эрон гуфт