Баҳси бакорат. Домод "забонхат" дорад, арӯс мегӯяд, нафаҳмид, чӣ шуд

Ҳарчанд баҳси бакорат дар ҷомеаи Тоҷикистон нав нест, он бори аввал дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Хонаводаи як арӯс дар ноҳияи Данғара домодро ба туҳмат задан айбдор мекунанд ва 10 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доранд. Домод мегӯяд, арӯс "нодухтар" баромад ва оилаи ӯ бояд 10 ҳазор сомонӣ "қалин"-ро баргардонад.

"Илтиҷо карданд, ки гап ба берун набарояд…"

Волидон арӯсро аз ташхиси бакорат гузаронидаанд. Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ бакорати ӯро "бутун" ташхис додааст. Домод ба чунин хулосаи пизишкон бовар надорад ва мегӯяд, чӣ гуна духтар метавонад бокира бошад, дар ҳоле ки ҳадди ақал бо ӯ наздикии ҷинсӣ дошт?

Як шабонарӯз дар хонаашон нигоҳ дошта, нагузоштанд, ки ба берун равем. Талаб карданд, ки 10 ҳазор сомониро ба онҳо баргардонем.

Р.Ш. ва арӯси 20-сола А.А., ки ному насаби пураашон ба Радиои Озодӣ маълум аст, рӯзи 13-уми декабри соли 2020 издивоҷ карда, баъди се рӯз ҷудо шуданд.

"Пас аз тӯй ӯ се рӯз нагузошт, ҳамхоба шавем, чун гуфт, бемор аст. Шабҳои баъдӣ маълум шуд, духтар нест. Ба ман нақл кард, ки писари холааш бо ӯ иртиботи ҷинсӣ доштааст. Ба модараш занг зада, аз вазъият огоҳ кардам. Зорӣ карданд, ки гап ба берун набарояд ва обрӯи онҳоро нарезонам. Ман ҳам қабул кардам", -- мегӯяд домод.

Он рӯз наздикони арӯс забонхат навишта, дар он таъкид кардаанд, ки ҳеч даъво надоранд ва ҳозиранд 10 ҳазор сомонии қалинро дар муддати панҷ рӯз баргардонанд.

"Забонхат"-е, ки бо зӯр ба даст омад?

Дар "забонхат"-е, ки арӯс бо талаби домод навиштааст, гуфта мешавад, А.А. сабаби нодухтарияшро нафаҳмидааст, вале розӣ аст, зиндагии якҷояро бо домод қатъ кунад ва даъвое надорад. Аз ин навишта, ки таърихи рӯз надорад, маълум мешавад, дар он баҳс намояндагони ду тараф ширкат доштаанд. Домод ҳамчунин хатеро дар даст дорад, ки гуё аз номи модари арӯс дар таърихи 17-уми декабри соли 2020 навишта шуда, дар он ваъда шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ба тарафи домод баргардонида мешавад.

Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми январ бо А.А. телефонӣ ҳамсуҳбат шуд ва ӯ гуфт, пас аз издивоҷ мавриди туҳмат қарор гирифт, ҳарчанд ба покдомании худ бовар дорад. Вай гуфт, забонхатро зери фишори шавҳар ва оилаи шавҳараш навиштанд, чун ӯву модарашро дар хонаашон нигоҳ медоштанд.

"Моро маҷбур карданд, ки чунин забонхат нависем. Як шабонарӯз дар хонаашон нигоҳ дошта, нагузоштанд, ки ба берун равем. Талаб карданд, ки 10 ҳазор сомониро ба онҳо баргардонем. Холаам гуфт, чунин забонхат нависем ва пас аз он моро гузоштанд ба хона равем", -- нақл кард арӯс.

А.А. гуфт, пеш аз издивоҷ домодро намешинохт ва ҳам хабар надошт, ки ӯ қабл аз ин боре издивоҷ карда, завҷаашро раҳо кардааст: "Вақте фаҳмидам, ки ӯ пеш аз ман зани дигар дошта, расман аз ӯ ҷудо нашудааст, пурсидам, кай ЗАГС мекунем (манзур никоҳи расмӣ)? Баъди ин гап гуфт, модарат, ки омад, баромада рав."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

5 чизи донистанӣ. Баҳси бакорат дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ташхис чиро нишон дод?

Ин хонум мегӯяд, барои исботи покдомании худ розӣ шуд аз ташхис гузарад ва домодро низ даъват карда буд ба ташхисгоҳ биёяд. Ин сокини ноҳияи Данғара мегӯяд, бинобар "туҳматҳои ҳамсари собиқ азоби рӯҳӣ мекашад" ва, аз ин рӯ, мехоҳад, дар додгоҳ аз шараф ва номуси худ ҳимоят кунад.

Акнун хонаводаи арӯс аз домод барои паст задани шаъну этибори онҳо 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб доранд.

Дар санади Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ, ки бакорати А.А.-ро рӯзи 19-уми декабри соли 2020 ташхис кардааст ва дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, гуфта мешавад, "ягонагии анатомӣ - физиологии пардаи бакорати А.А. ... бутун аст."

Аммо домод мегӯяд, ташхиси бакорат бе ҳузури ӯ доир шудаст ва вай ба дурустии он бовар надорад. "Онҳо ба Душанбе рафта, маълумотномаро аз куҷое харидаанд. Аз ташхис хабар надоштам. Дақиқ медонам, ки ӯ нодухтар аст. Чӣ гуна духтур ба ӯ "справка"-и бакорат додааст? Мехоҳам, ба чашмони духтур як бор нигоҳ кунам", -- иброз дошт ӯ.

Нобоварӣ ба натиҷаи ташхис

Аммо масъулони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, даъвои домод беасос аст, чун ташхиси ғалат ҷавобгарӣ дорад.

Нусхае аз санади ташхис

Эксперт ё коршиноси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин гап, ки маълумотномаро харидаанд, асос надорад. Бале, ташхис бо талаби аризадиҳанда доир мешавад ва пули он, яъне боҷи давлатӣ, 135 сомонӣ расман ба хазина супурда мешавад. Лекин ин ба натиҷаи ташхис таъсир надорад."

Ҳамсуҳбати мо афзуд, "нобоварии ҷавонон аз покдомании арӯсонашон гоҳе бинобар дониши паст, ҷаҳонбинии танг ва рашки бепоя аст", ки боис ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва азоби рӯҳии духтарону волидони онҳо мешавад.

Соле дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 600 нафар барои гузаронидани ташхиси бакорат муроҷиат мекунанд. Пушти ҳар яке аз ин муроҷиатҳо моҷароҳои оилавӣ, нобоварии домод бо арӯс меистад ва тақдири оилаҳои навбунёд бо натиҷаи ташхис гиреҳ мехӯрад. Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки баъзе аз сокинон ба дурустӣ ва беғаразии ташхисҳои марказ шубҳа доранд.

Аз ҷумла, Р.Ш. мегӯяд ба натиҷаҳои ташхис бовар надорад, чун ӯ бо арӯсаш ҳамхоба шуда буд. Ӯ ва корафтодагони мисли вай ба кори озмоишгоҳҳо бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ба ивази "пора" мешавад натиҷаи ба худ заруриро ба даст овард.

"Айби бачаҳо низ ҳаст, ба дӯш гирифтан намехоҳанд"

Наргис Сайфуллоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Данғара, рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо ӯ ва ҳамкоронаш дар ҳама ҷамоатҳо бо мардум вомехӯранд ва "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

"Дар хонаи ақди никоҳ ҳуҷраи навхонадорон дорем. Пеш аз издивоҷ ҷавонон бо ҳам вомехӯранд, суҳбат мекунанд. Дар беморхонаи марказӣ ҳарду аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Масъалаи хешутаборӣ ва бемориҳо санҷида мешавад", -- шарҳ дод ӯ.

Ин масъули Идораи кор бо занон ва оила гуфт, гоҳе домодҳо заъфи камари худро ба дӯши арӯсон гузоштанӣ мешаванд ва афзуд: "Соли гузашта чунин ҳодиса буд. Як арӯси дигар бо айни туҳмат рӯ ба рӯ шуд. Аз покдомании хеш сад дарсад бовар дошт. Ӯро барои ташхис ба шаҳри Бохтар фиристодем. Домод ба ин ташхис бовар накард. Духтар рафт дар Душанбе ташхис кард, покдоманиаш исбот шуд. Баъд маълум шуд, ки худи бача айб доштааст ва ба калла намегирад."

Акс аз бойгонӣ

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Барои пешгирӣ аз чунин пешомади нохушоянд, духтарон дар Тоҷикистон пеш аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Аммо мудофеони ҳуқуқи башар онро дар ҳаққи духтарон таҳқир меҳисобанд ва борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ин талаботро бекор кунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ борҳо шарҳ додаанд, ки ин мавзуъ чизе дар байни ду нафар аст ва набояд сабаби хонавайрониҳо бошад.

Ҳоло маълум нест, додгоҳ парвандаи А.А.-ро чӣ гуна баррасӣ хооҳад кард. Дар гузашта бонуе, ки ба додситониву додгоҳҳо, дар умум, ба 16 идора муроҷиат карда буд, комёб нагашт. Вай гуфта буд, дар ҳоли афсурдагӣ ва тарси шаби аввал ва зимни ғавғо ва латукӯби домод, тамғаи “нодухтарӣ”-ро қабул кард ва дигар натавонист, ба адолат даст ёбад. Вай гуфта буд: “Бемуҷозот мондани афроде, ки духтаронро бо чунин иттиҳом бадбахт мекунанд, боис мешавад, ки "нодухтар" эълон шудани арӯсон идома ёбад.”

Матолиби бештар дар инҷост:

Баҳси дигари бокирагӣ: Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам. ВИДЕОСММ ба Тоҷикистон: "Ташхиси бакоратро аз байн баред""Баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст" ВИДЕОБаҳси бакорат. Ташхиси пеш аз тӯй шубҳаи домодҳоро кам накард"Духтар" ё "нодухтар"? Талаби 90 сертификати бакорат баъди тӯй. ВИДЕОХудкушии такондиҳандаи Хушбахти 22-сола дар Кӯлоб. САДОЗафар Пиров ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО, САДОХушнуда: "Вақти ширҷӯшӣ аз як сӯ гов мезад, аз сӯи дигар – шавҳар". ВИДЕО