"Ман дар кӯчаҳо ҳамроҳи писарон футбол бозӣ мекардам. Дар аввал на танҳо набуди шароити тамрин, балки бархӯрди ҷомеа низ бароям сахт буд", -- нақл кард Бибиоишамоҳ Исҳоқова, узви дастаи духтаронаи "Равшан" дар шаҳри Кӯлоб.
Ин дастаро ним сол пеш таъсис доданд ва ҳоло 24 узв дорад. Мураббиён мегӯянд, дар аввал мухолифатҳои ҷомеаву камбуди молиявӣ вуҷуд дошт, аммо дар ним сол "каме пешрафт" мушоҳида мешавад.
Бибиоишамоҳ Исҳоқова, қаҳрамони 14-солаи гузориши мо мегӯяд, "дар аввал бисёре аз писарон мегуфтанд, ту духтар ҳастӣ ва ту чиву бозии футбол чӣ. Ба гапи онҳо аҳамият намедодам. Хонаводаам розӣ ҳастанд, ки ба футбол машғул шавам."
Бархе аз бозигарони даста эътироф мекунанд, ки футболро танҳо дар телевизионҳо ва майдонҳои хурди пеши хонаашон дида буданд. Бархе ҳавас доштанд, аммо бовар надоштанд, ки рӯзе дар майдони бузург бозӣ мекунанд.
Аз миёни аъзои дастаи духтаронаи "Равшан"-и Кӯлоб Ҳуснорои Сайҳомуддин собиқаи варзишӣ доштааст. Ӯро таъсиси ин даста аз майдони бокс ба футбол овард. Ӯ мегӯяд, "бо писарон тамрин мекардам. Вақте бори аввал ба дастаи футбол омадам, хеле мушкил буд. Аз охири соли 2019 вазъ хеле беҳтар шудааст."
Аксҳои бештар аз лаҳзаи бозии духтарон:
Мураббиёни даста мегӯянд, дар аввал мухолифатҳои ҷомеаву камбудҳои молиявӣ вуҷуд дошт, аммо дар ним сол баъзе аз мушкилҳо ҳалли худро ёфтаанд. Изатулло Исҳоқов, сармураббии дастаи духтарони футболи "Равшан"-и Кӯлоб гуфт, "то даври 17-уми бозиҳои қаҳрамонӣ миёни дастаҳои духтаронаи футбол дар зинаи шашум ҳастем."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қиссаи ба майдони футбол омадани аксар духтарон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба ҳам монанд аст. Аксари онҳо барои ворид шудан ба майдони футбол маҷбур шудаанд, мубориза баранд ва наздикону волидонро мутмаин кунанд, ки "футбол фақат барои писарон нест".
Баъзе аз мутахассисони соҳа низ мегӯянд, духтарони футболбозу боистеъдод дар кишвар кам нестанд, аммо бештари хонаводаҳо ба вижа бародарону падарон монеи ба майдони футбол омадани онҳо мешаванд.
Мушкили дигар, ба гуфтаи муррабиён ин аст, ки баъди талошҳои зиёд ва аз худ кардани малакаҳои бозӣ ва оиладор шудан, духтарон дигар бо футбол “худоҳофизӣ” мекунанд. Вале бо ин ҳама масъулони соҳа аз он хушҳолӣ мекунанд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ футбол байни духтарон то ҷое шуҳрат касб карда, таваҷҷуҳи духтарон дар ноҳияҳои дурдаст ҳам ба ин навъи варзиш бештар мешавад.
Сармураббии дастаи духтаронаи “Равшан” ҳам мегӯяд, бо гузашти замон дидгоҳи сокинон ба футболбозии духтарон дигар мешавад. Ӯ гуфт, дар аввал дар даста 18 нафарро ҷамъ оварда буданд ва ҳоло шумораи онҳо ба 24 кас расидааст. Сокинон низ, ба қавли вай, акнун бо пешаи интихобкардаи духтарони худ “муросо” мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!