Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Футбол фақат бозии писарона нест" ВИДЕО


Зиддияти модар, роҳи дур, харҷи зиёд ва мушкилоти дигар ҳам натавонист пеши роҳи амалишавии орзуи як духтари 19-солаи тоҷикро, ки акнун яке аз футболбозони фаъол аст, бигирад. Сайрам Холназарова шаш сол пеш ба майдони футбол омад. Дар як бозии одии байнимактабӣ таваҷҷуҳи муррабиёни футболро ба худ ҷалб кард.

Барои ба даст овардани ризоияти падару модар ва бародарон хеле меҳнат кардем

“Бозии ман ба онҳо маъқул шуд ва гуфтанд, падару модарат мемонанд, ки омада дар дастаи мо тамрин кунӣ? Гуфтам, ки мепурсам. Рафта бо падару модарам маслиҳат кардам”, - нақл кард ӯ рӯзи 5-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вале маслиҳат бо хонавода барои Сайрам чандон осон набуд. Падари футболдӯстдорро тавонист, розӣ кунад, аммо барои модар дарк кардани инки духтараш футболбоз мешавад, мушкил буд. “Аввал намонданд. Мегуфтанд, ки ҳама ҳар гап мегӯяд. Ман ба каллаи худ кор кардам. Бо модарам нишаста, маслиҳат кардам, ки футболро дӯст медорам ва бояд чӣ хел кунам? Баъди онки падарам иҷоза доданд, дигар чизе нагуфтанд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нахустин сабқати духтарони футболбози тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ҳоло Сайрам чун як ҳамлагари хубу чолок дар дастаи футболи духтаронаи “Бохтар” шинохта аст. Талош мекунад, аз ягон тамрин ва сабқат ақиб намонад. Барои ин, ӯ пиёда ё савори дучарха 4 километр роҳро аз деҳа то маркази Бохтар тай мекунад.

Сайрам Холназарова
Сайрам Холназарова

Сарнавишти аксар духтароне, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба футбол рӯ овардаанд, ба Сайрам монанд аст. Аксари онҳо барои ворид шудан ба майдони футбол, маҷбур шудаанд, мубориза баранд ва наздикону волидонро мутмаин кунанд, ки “футбол фақат барои писарон нест”.

Қурбонгул Қурбонова 10 сол боз футболбозӣ мекунад. Ӯ капитани дастаи “Бохтар”-и вилояти Хатлон аст. Ба бисёре аз духтарон барои расидан ба ҳадафи худ ва розӣ кардани хонавода кумак кардааст. Аммо аз он таассуф мехӯрад, ки баъди оиладор шудан дигар духтарон бо футбол худоҳофизӣ мекунанд.

“Барои ба даст овардани ризояти падару модар ва бародарон мо хеле меҳнат кардем. Ҳозир бояд ба шавҳарон исбот кунем, ки футбол барои зан ҳам даркор аст. Ҳозир духтаре нест, ки баъди шавҳар кардан боз ба футбол баргардад”, - афзуд ӯ.

Қурбонгул Қурбонова
Қурбонгул Қурбонова

Ба бовари Қурбонгул, ин варзиш на танҳо ба сиҳатии занон фоида дорад, балки метавонад онҳоро тарбия ва ба зиндагиву оиладорӣ омода кунад: “Дар инҷо зиёда аз 15-20 характер ҳаст. Онҳо вақте якҷо кору машқ мекунанд, дар оянда барои оиладоршавӣ ва зиндагии дигар тайёр мешаванд. Духтарон ба тамоми намуди варзиш шавқ доранд, фақат бояд дастгирӣ шаванд.”

Дастаи футболбоздухтарони “Бохтар” ахиран барои иштирок дар нахустин сабқат дар ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон ба Душанбе омаданд ва бо дастаи “Зебуннисо”-и пойтахт рақобат карданд. Футбол байни дастаҳои бонувон дар кишвар 4-уми июл оғоз шуд ва моҳи сентябр ба анҷом мерасад.

Дар ин сабқат 6 даста – “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Суғд” (Хуҷанд), “Барқ Норак” (Норак) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) иштирок мекунанд. Зебо Гасимова, сармураббии тими мунтахаби духтарон то 14-сола ва мураббии дастаи духтаронаи “Зебуннисо” дар Душанбе, аз ин мусобиқа чун як чорабинии таърихӣ дар футболи занона ном бурд. Вай гуфт, “барои ин мусобиқа хеле талош кардем. Ин бозиҳо дар доираи барномаи рушди футбол барои бонувон, ки аз ҷониби Федератсияи футбол қабул шуд, баргузор мегардад.”

Ин масъули футбол аз он хушҳолӣ мекунад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ футбол байни духтарон шуҳрати бештар касб карда, таваҷҷуҳи духтарон дар ноҳияҳои дурдаст ҳам ба ин навъи варзиш бештар мешавад.

Духтарони футболбози тоҷик мехоҳанд, бозӣ ва чемпионатҳо байни дастаҳои духтарона бештар шавад. Ин таҷрибаи онҳоро ба футбол бештар мекардааст. Сайрам – футболбоздухатари 20-сола аз дастаи “Бохтар” ҳамроҳ бо дигар духтарон дар ин тим ба як сабқати байналмилалӣ дар Индонезия омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, футбол сабаб шуд, ки аз деҳа берун шавад ва чанд кишвари дунёро бубинад.

XS
SM
MD
LG