Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси федератсия аз духтарони футболбоз чӣ мехост?


Киромуддин Карим.
Киромуддин Карим.

Мақомоти Афғонистон қарори ҳабси собиқ раиси Федератсияи футболи ин кишварро содир карданд, ки дар озори ҷинсии аъзои тими занонаи футболи Афғонистон гумонбар мешавад.

Ин иттиҳом марбут ба ҳодисаҳои панҷ-шаш соли охир аст ва ин моҷаро дар матбуоти ғарбӣ ҳам бозтоб ёфтааст.

Ба иттилои Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, қарори ҳабси Киромуддин Карим рӯзи 9-уми июн содир шудааст. Маълум нест, ки худи оқои Карим дар куҷо аст. Вокуниши худи ӯ ба қарорҳои ахир ҳам дар даст нест.

Қарори боздошт дар ҳоле содир шуд, ки ФИФА – Федератсияи байналмилалии футбол бо як қарори худ рӯзи 8-уми июн Киромуддини Каримро барои ҳамеша аз ширкат дар ҳама гуна мусобиқаҳои футбол дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ манъ кард.

Холида Попал.
Холида Попал.

Дар қарори ФИФА гуфта шуд, ки қарори манъи ҳамешагии оқои Карим аз ширкат дар бозиҳо дар пайи таҳқиқи шикояти ҳадди аққал 5 зани футболбози афғон гирифта шуд, ки гуфтанд, дар фосилаҳои солҳои 2013 то 2018 мавриди азияти ҷинсии ин масъули Федерататсияи футболи Афғонистон қарор гирифтаанд.

ФИФА гуфт, ки Киромуддин Карим бо сӯиистифода аз мақомаш занҳои бозигари футболро азият мекард ва ин кори ӯ зидди меъёрҳои ахлоқии ин созмон мебошад. Инчунин бо қарори ФИФА ӯ ба пардохти 1 миллион франки шведӣ - муодили 1 миллион доллари амрикоӣ муваззаф шудааст.

Яке аз занҳои шикояткарда аз болои рафтори Карим – Холида Попал аст, ки солҳои охир дар Дания зиндагӣ мекунад. Ин собиқ бозигари футбол аз Афғонистон қарори ФИФА-ро ҳамчун қадами аввал дар амри муҷозоти мақомоти бадрафтори футболи ин кишвар, ситоиш кард.

Вале айни замон таъкид кард, ки кор набояд бо ҳамин анҷом шавад. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Афғонистони Озод Холида Попал гуфт, дар баробари худи Карим, бояд чанд зердасту мураббиҳои дигаре, ки дар ин кор шарики раҳбар буданд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. "Футбол ҷои азият нест. Занҳо бояд ҳимоят шаванд",- гуфт ӯ.

Дар як мусоҳибаи моҳи февралаш ба Радиои Афғонистону Озод ӯ аз як намунаи озори ҷинсии занони футболбоз ёдовар шуда гуфт, ки озори занони футболбоз гоҳо ба ҳангоми сафарҳои хидматӣ дар хориҷа рух медод. Як намунааш, ба гуфтаи ӯ дар Урдун буд.

Ӯ гуфт, "дар кампи тамринии Урдун будем. Мутаваҷҷеҳ шудем, ки озору азияти баъзе бозикунони мо аз тарафи намоянда ва тренери марде, ки аз Афғонистон равон шуда буданд, тавассути раиси Федератсияи футболи Афғонистон духтарон мавриди азияту озор қарор гирифта буданд".

Худи Карим дар гузаштаҳо ин иттиҳомотро рад кардааст ва дар як сӯҳбаташ Нидо Муҳаммадӣ, капитани тими Афғонистон ҳам гуфта буд, ки ин ҳарфҳо бепояву асос аст. Ӯ гуфта буд, ки таҳқиқи одилона бояд мӯйро аз хамир ҷудо кунад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ созмони Human Rights Watch гузориш дод, ки ҳадди аққал 20 зан дар заминаи вуҷуди озори ҷинсӣ аз ҷониби Киромуддин Карим ва дигар мақомоти Федератсияи футболи Афғонистон шикоят карда буданд.

Моҷарои атрофи футбол ва озори ҷинсии футболбоздухтарони афғон то ба баррасиҳои сатҳи сиёсӣ баромад. Аз ҷумла, президент Ашраф Ғанӣ амр дод, ки дар заминаи аъмоли оқои Карим як таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом диҳанд. Сафири ИМА дар Кобул Ҷон Басс ҳам дар як изҳороти ахираш аз қарори ФИФА ситоиш кард ва аз ҳукумат хост, ки ҳатман таҳқиқоти худро то охир ба анҷом расонанд.

XS
SM
MD
LG