Низомиёни Амрико бо ҳадафи қатъи шабакаҳои икмолотӣ ё таъминотии Эрон бар иловаи таҳрими баҳрӣ таваҷҷуҳро ба марзҳои заминӣ ва баҳри Каспий ё дарёи Хазар ҷалб кардаанд.
Фармондеҳии Марказии Нерӯҳои Амрико ё СЕНТКОМ ҳафтаи гузашта гуфт, гурӯҳи хосе бо номи "Дарвозаи оҳанин" ташкил мешавад, ки тахминан аз 20 коршиноси мулкиву низомӣ иборат буда, қароргоҳаш дар шаҳри Тампаи аёлати Флорида ҷойгир хоҳад буд.
Ин гурӯҳ талоши ниҳодҳои гуногуни Иёлоти Муттаҳидаро ҳамоҳанг намуда, кӯшиш хоҳад кард, ки аз вуруди аслиҳаи пешрафта, фанновариҳои истифодаи дугона ва масолеҳи дигари таҳримшуда тавассути марзҳои заминӣ ва баҳри Каспий пешгирӣ шавад.
СЕНТКОМ ҳисоб кардааст, ки то кунун таҳрими баҳрии Эрон имкон надод, ки Ҷумҳурии Исломӣ ба маблағи камаш 25 миллиард доллар нафти хомро ба бозорҳои ҷаҳонӣ барорад.
Ин тасмим дар ҳоле эълон шудааст, ки сарфи назар аз таҳримҳои ғарбӣ Эрон ҳамоно таҷҳизоти марбут бо соҳаи низомиро дастрас мекунад.
Як таҳқиқоти хабаргузории "Рейтерс" шаҳодате пайдо кардааст, ки Эрон аз моҳи январи соли 2025 то июни соли 2026 ба воситаи баҳри Каспий аз Русия, тавасссути роҳҳои заминӣ бо мошинҳои борбар аз Осиёи Марказӣ ва роҳҳои ҳавоӣ аз Чин ба маблағи 2 миллиард доллар таҷҳизот ва маводи тарканда ворид намудааст.
Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, иброз доштанд, ки таъсиси гурӯҳи "Дарвозаи оҳанин" барои табодули маълумот, ташхиси ҳампаймонҳо ва миёнаравҳои шабакаҳои икмолотии Эрон ёрӣ мерасонад, аммо бидуни ҳамкории ҷиддии кишварҳои минтақа ин ташаббус дар қатъ ё коҳиши вуруди молу коло ба Эрон саҳми арзандае нахоҳад дошт.
Фарзин Надимӣ
Фарзин Надимӣ, шореҳи баландпояи Пажуҳишгоҳи Вашингтон мегӯяд, ҳанӯз ҳам Эрон бо истифода аз мошину роҳи оҳан ва баҳри Хазар имкони вуруди маводи ниёзи саноати низомӣ ва барномаҳои мушакӣ ва аслиҳаро аз даст намедиҳад. Ҳарчанд миқдори он камтар хоҳад буд.
Ба ақидаи коршиносон, яке аз муҳимтарин минтақаҳои мушкилтарин барои назорати Вашингтон баҳри Хазар ё Каспий мебошад, зеро ин обанбари баста ба Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон тааллуқ дошта, Иёлоти Муттаҳида ба он дастрасии мутақим надорад.
Доктор Амир Чаҳакӣ, муҳаққиқи умури Русия дар Аврупо, ба ин назар аст, ки Вашингтон наметавонад бе дар назар гирифтани мавқеи Маскав роҳҳои шимолии таъминоти Эронро ба таври чашмрас маҳдуд кунад.
Ӯ гуфт, “ғайри қобили тасаввур аст, ки киштиҳои русии озими Эрон мавриди ҳамлаи паҳподҳо қарор гиранд. Ин эълони ҷанг ба Русия хоҳад буд.” Ин коршинос пешниҳод мекунад, ки Амрико таваҷҷуҳро ба ширкатҳои ҳамкори Ҷумҳурии Исломӣ ҷалб намуда, фишорро болои онҳоро бештар кунад.
Инро ҳам бинед:
Баъд аз таҳримҳои Амрико... Низоми комили бераводид байни Тоҷикистону ЭронАмрико ва Исроил моҳи феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва бо вуҷуди қатъи зарбаҳои ду тараф ҳанӯз таниш вуҷуд дорад. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил Эронро ба он айбдор мекунанд, ки талош дорад силоҳи ҳастаӣ бисозад.
Ду тараф то кунун барои поён додан ба низоъ бо миёнравии баъзе аз кишварҳои минтақа чанд бор нишасту бархост карда, дар айни замон ба ҳамдигар шартҳое гузоштаанд, ки пазируфтанаш барои ҳарду осон ба назар намерасад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Амрико муҳосираи Эронро сахттар карданист