Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори Эрон ҳамлаи Амрикоро ба Қишм тасдиқ кард

Дар як ҳафтаи охир дар бораи ҳамлаҳо ба ҷазираи Қишм дар Эрон чанд гузориш нашр шуд
Дар як ҳафтаи охир дар бораи ҳамлаҳо ба ҷазираи Қишм дар Эрон чанд гузориш нашр шуд

Як мансабдори Эрон тасдиқ кард, ки Иёлоти Муттаҳида шаби 8-уми ноябр ба ҷазираи Қишм дар оброҳаи муҳими Ҳурмуз зарба задааст.

Аҳмад Нафисӣ, муовини волии Ҳурмузгон, гуфтааст, “ба зербунёдҳои муҳими ҷазира осебе нарасид.” Расонаҳои Ҷумҳурии Исломӣ аз қавли ӯ навиштанд, ки “зарба дур аз маҳаллаҳои аҳолинишин ва тиҷоратӣ сурат гирифта, вазъ зери назорат аст.”

Шаби 8-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи таркиш дар Қишм ва дуд дар осмони ин ҷазираи стратегии Эрон хабарҳо нашр шуд.

“Тасним”, хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, низ хабар дод, ки “як мушаки Амрико ба ҷазираи Қишм бархӯрдааст”.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико дар бораи ин ҳамлаҳо маълумот надодааст.

Дар як ҳафтаи охир гузоришҳои монанд дар бораи ҳамлаҳо ба ҷазираи Қишм дар Эрон нашр шудаанд. Аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида тасдиқ кард, ки шаби 3-юми ноябр ба ин ҷазира зарба задааст. Расонаҳои Эрон 7-уми ноябр хабар доданд, ки дар ҷазираи Қишм ва минтақаҳои Сирик, Ҷоск ва Бандар Аббос садоҳои таркиш шунида шуданд.

Як мақоми амрикоӣ гуфт, ҳамлаҳои чанд рӯзи охир маҳдуд буда, ба маънои азсаргирии амалиёти васеи ҷангӣ нестанд.

Ҳамлаи Амрико ба Қишми Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Қишм дар даромадгоҳи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин оброҳаҳои дунё, ки то оғози ҷанги Амрико ва Эрон беш аз 20 дарсади нафт ва гази ҷаҳон аз онҷо мегузашт, ҷойгир аст. Аз ҷумла пойгоҳи дифои ҳавоӣ, пойгоҳи баҳрӣ дорад.

Исроил ва Амрико рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва бо вуҷуди қатъи зарбаҳои ду тараф ҳанӯз таниш вуҷуд дорад. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил Эронро ба он айбдор мекунанд, ки талош дорад силоҳи ҳастаӣ бисозад.

Ду тараф то кунун барои поён бахшидан ба низоъ бо миёнравии баъзе аз кишварҳои минтақа чанд бор нишасту бархост карда, ҳамзамон ба якдигар шартҳое гузоштаанд, ки ба назар мерасад пазируфтанаш барои ҳарду осон нест.

Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG