Аз бастани дороӣ то манъи сафар. Талаби таҳрим ба зидди мансабдорони тоҷик

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 23-юми январи 2026

Як созмони амрикоӣ ҳукумати Тоҷикистонро ба “нақзи пайваста ва ҷиддии озодии дин” танқид карда, аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки онро дигарбора дар сафи кишварҳои “мавриди нигаронии хос” ҷой диҳад.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ (USCIRF) ҳамчунин хоҳони таҳримҳои ҳадафманд ба зидди он мансабдорони тоҷик шуд, ки “масъули нақзи озодии дин дар кишвар ҳастанд”.

Бастани дороии мансабдорони тоҷик ва манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳамкориҳои иқтисодиву низомии Вашингтон бо Душанбе дар ивази беҳбуди шароит аз хостҳои дигари созмони амрикоист. Ҳамаи ин дар гузориши Кумисюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ дар аввали моҳи март нашр шудааст.

“Ҳамчунон бад”

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дастрас нест, вале раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода дар гузашта аз шароити озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар ситоиш карда буд.

Муҳаққиқони Кумисюни байнулмилалии Амрико (USCIRF) дар гузориши нави худ, баръакс, вазъи озодиҳои диниро дар Тоҷикистон дар соли 2025 “ҳамчунон бад” донистаанд. Онҳо гуфтаанд, “давлати Тоҷикистон мисли солҳои гузашта барои ҳифзи нуфузи сиёсӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ фаъолиятҳои мазҳабиро ба шиддат назорат мекард.”

Ба иттилои Кумисюн, дар соли 2025 дар Тоҷикистон камаш 14 нафар барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” дастгиру зиндонӣ шуда, чанд нафар дар боздоштгоҳу маҳбас ҷон додаанд.

Гузоришгарон аз ҷумла аз марги Саидаъзам Раҳмонов ёдовар шудаанд, ки моҳи октябри соли гузашта дар боздошт ҷон бохт. Мақомот марги ин ҷавони 29-соларо худкушӣ номиданд, аммо наздиконаш гуфтанд, дар бадани ӯ осори шиканҷаро диданд.

“Ҳамчунин, Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди мазҳабӣ ва узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндон вафот кард. Ӯ соли 2015 ҳамроҳи даҳҳо намояндаи дигари ҲНИТ барои кумак дар ташкили "ошӯб"-е, ки худашон рад кардаанд, зиндонӣ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз як даҳа боз онҳоеро, ки бо ҲНИТ алоқаманданд, пайваста ҳадаф қарор медиҳад,” – омадааст дар гузориш.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз ҷамъшавии ҷангҷӯён то тағйири низом. "Таҳдидҳои нав" ба Тоҷикистон

Идомаи фишор ба исмоилиҳо

Кумисюни байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2025 фишорро болои мусалмонони шиаи исмоилӣ идома доданд.

“Моҳи июн рӯҳонии маъруфи исмоилӣ Музаффар Давлатмиров бо сабаби нагирифтани ёрии дурусти тиббӣ дар маҳбас даргузашт. Вай соли 2022 барои танқиди хушунати ҳукумат алайҳи помириҳо боздошт шуда буд. 61 сол дошт,” – гуфта шудааст дар гузориш.

Дар идома гуфта шудааст, ки дар соли 2025 намояндагони ҷомеаи язгуломӣ низ бо иттиҳомҳои “ифротгароӣ” зиндонӣ карда шуданд: “Масалан, моҳи июн додгоҳе дар шаҳри Душанбе панҷ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро аз панҷ то панҷуним сол зиндонӣ кард. Онҳо ба таблиғи салафия (ҷараёни мазҳабии мамнуъ дар Тоҷикистон) муттаҳам шуданд, аммо наздиконашон ин иттиҳомро намепазиранд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марги 6 фаъоли бадахшонӣ дар як сол дар зиндон. Фоҷиаи тасодуфӣ ё чизи дигар?

Дахолат ба ҳаҷ

Кумисюни озодиҳои динӣ супурдани пули ҳаҷро ба “Ориёнбонк” низ танқид кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи созмон, “ин бонк ба хешовандони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.” Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари президент, раиси “Ориёнбонк” ва Заринаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳур, муовини аввали ӯст.

“Ҳамзамон, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ Илёс Идрисзода ба кормандони идораҳои давлатӣ тавсия додааст, ки адои Ҳаҷро то замони ба нафақа баромадан ба таъхир гузоранд. Баъзеҳо инро ҳамчун фишор ё таҳдид ба ҷойи кори худ арзёбӣ мекунанд. Илова бар ин, мақомот ҳамоно шаҳрвандонро ташвиқ мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ пули худро сарфи тарҳҳои иҷтимоӣ кунанд,” – гуфтаанд гузоришгарон.

Ҳудуди 90 дарсад аз тақрибан даҳуним миллион аҳолии Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва бештари онҳо аз мазҳаби ҳанафӣ (суннӣ) пайравӣ мекунанд. Қариб чаҳор дарсадро помириҳо ташкил медиҳанд, ки пайрави мазҳаби исмоилӣ (шиа) буда, асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд.

Боқимондаи мардумро масеҳиён, аз ҷумла православҳои рус, протестантҳо, католикҳои румӣ ва яҳудиёну баҳоиҳо ва зардуштиён ташкил медиҳанд. Ҳарчанд банди 26-уми Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро замонат додааст, Кумисюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ (USCIRF) мегӯяд, “дар асл қонуни дин ин озодиҳоро маҳдуд мекунад.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кетрин Грос: Тоҷикистон дар миёни кишварҳои саркӯбгар боқӣ монд