Созмони Freedom House ё "Хонаи Озодӣ", ки вазъи демократияро дар ҷаҳон таҳқиқ мекунад, аз поинравии нишондодҳои демократӣ дар бист соли гузашта дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хабар дод. Гузориши "Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ" 19-уми март нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол вокуниш накарданд. Радиои Озодӣ аз Кетрин Грос (Cathryn Grothe), таҳлилгари аршади созмони "Хонаи Озодӣ" дар Вашингтон пурсид, ки дар бораи нишондодҳои Тоҷикистон шарҳи бештар бидиҳад.
Кетрин Грос: "Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои аз ҳама беш саркӯбгар боқӣ монд. Он аз 100 хол танҳо 5 хол гирифт. Ин нишондод мисли соле пеш тағйир наёфтааст. Дар ин кишвар ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ ҷиддан кам шуда, ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти мустақил дар соли 2025 бо маъракаи фишор рӯбарӯ буданд. Ҳукумат озодиҳои динӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои помириро саркӯб мекард. Соли гузашта дар як мурофиаи пӯшида чанд мақомдори пешини давлатӣ ва чеҳраҳои мухолиф ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Як рӯзноманигори нашрияи мустақил ба 10 сол ҳабс маҳкум гашт. Ҳоло 9 хабарнигор дар Тоҷикистон пушти панҷара боқӣ мемонанд.
Ҳукумат дар озодиҳои динӣ низ маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ кардааст. Масалан, як марди тақводор баъд аз ҳабси худсаронааш дар Фурудгоҳи Душанбе бо гумони терроризм дар ниҳоят дар боздошт аз шиканҷа ҷон дод. Соли 2025 аз поинравии нишондодҳои озодиҳои ҷаҳонӣ бист сол пур шуд ва Тоҷикистон яке аз пасттарин ҷойгоҳро касб кардааст. Аз соли 2005 нишондодҳои Тоҷикистон 25 хол камтар шуд ва ин поинравӣ ба шеваи худкомаи раҳбарии президент Раҳмон рабт дорад. Ӯ аз соли 1992 дар сари қудрат аст ва озодиҳои бунёдиро ба таври пайваста маҳдуд кардааст, чун аъзои хонаводааш сарват ва қудратро дар ин кишвар ба дасти худ гирифтааст. Интихоботи порлумонии соли гузашта ҳам барои дигаргунии сиёсӣ дар кишвар имконияти хеле маҳдуде гузоштааст."
Радиои Озодӣ: Шумо инқирози озодиҳоро дар бист соли гузашта дар маҷмуъ дар 54 давлати ҷаҳон мушоҳида кардаед. Аммо ба назари шумо ҳамин тамоюл дар умум ба куҷо мебарад?
Кетрин Грос: "Бале, поинравии бистсолаи озодиҳои ҷаҳонӣ як натиҷаи нигаронкунанда аст. Гузориши мо нишон медиҳад, ки 85% кишварҳое, ки бист сол пеш озод дониста мешуданд, мақоми худро ҳифз карданд. Яъне, ҳамон давлате, ки озод гардид, ҳамин мавқеашро ҳифз мекунад. Вале як мушкили калоне, ки барои идомаи кор дар ин самт вуҷуд дорад, ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар давоми чанд соли охир маблағгузориро дар ин самт кам кардаанд. Ин чиз муборизаро барои озодӣ ва демократия боз ҳам сахттар кард.
Пайомади коҳиши ёриҳо дар як соли охир харобиовар шуд. Ин чиз ба кори ҳазорҳо гурӯҳ дар 129 давлат, ки сари ин масъалаҳо кор мекунанд, таъсир кард. Кори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлатҳои худкома, ки ба ин барномаҳо умед доштанд, хатарноктар шуд. Бовар дорам, сиёсатмадорону коршиносон ва шарикони ҷомеаи демократӣ барои ояндаи боз ҳам озодтар мусоидат кунанд, то ба кори ҳомиёни ҳуқуқ дар ҷаҳон, бахусус онҳое, ки дар гӯшаҳои ноозоди сайёра кор мекунанд, ёрӣ расонанд."
Навори суҳбат дар инҷост: