Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷамъшавии ҷангҷӯён то тағйири низом. "Таҳдидҳои нав" ба Тоҷикистон

Зиндони аъзои боздоштшудаи ДОИШ дар Сурия. Акс аз соли 2019
Зиндони аъзои боздоштшудаи ДОИШ дар Сурия. Акс аз соли 2019

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, пас аз шикасти гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Ироқу Сурия, ҷангҷӯён дар Афғонистон ҷамъ шуда, барои суботу амнияти ин кишвар "хатари ҷиддиро ба миён овардаанд". Ин нукта дар тарҳи "Стратегияи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм то соли 2040 дар Тоҷикистон" зикр шудааст. Матни онро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми феврал имзо кард. Нусхаи онро Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми март дид.

Танқид аз "аксуламали суст"-и рӯҳониён

Муаллифони тарҳ гуфтаанд, ҷангҷӯёни тоҷики ДОИШ дар кишварҳои хориҷӣ ба "амалҳои мудҳиш" даст зада, чанд бор талош кардаанд, ки бо гузаштан аз сарҳад ин амалро дар Тоҷикистон низ анҷом диҳанд. Онҳо далели мушаххас наовардаанд, вале дар чанд соли охир дар кишварҳои аврупоӣ, Эрон, Афғонистон ва Русия зодагони Тоҷикистон бо гумони талош ё анҷоми ҳамлаҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Дар дохили Тоҷикистон низ дар бораи пешгирӣ аз чанд амали террористӣ, аз ҷумла суиқасд ба ҷони Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқии демократӣ дар Кӯлоб аз ҷониби аъзои ДОИШ хабар дода буданд.

Нигаронии дигар дар тарҳи "Стратегияи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм то соли 2040" ин будааст, ки соли гузашта бо вуҷуди даъвати ҷиҳод ба муқобили ҳукумати Тоҷикистон аз хоки Афғонистон "аксуламали рӯҳониёни Тоҷикистон ангуштшумор ва камтаъсир буданд."

Дар тарҳ дигар шудани низом дар Сурия ва сари қудрат омадани гурӯҳи “Таҳрир-уш-Шом”, ки дар сафаш тоҷикон низ ҳастанд, "таҳдиди нав" ба Тоҷикистон шумурда шудааст. Гурӯҳи “Таҳрир-уш-Шом” бо раҳбарии Аҳмад Шаръ ё Абумуҳаммади Ҷулонӣ моҳи декабри соли 2024 Башор Асад, ҳокими худкомаи Сурияро барканор карда, қудратро ба даст гирифт. Аҳмад Шаръ то сари қудрат омадан дар аксар кишварҳои ҷаҳон террорист дониста мешуд, вале сипас ҷустуҷӯйи ӯ бекор шуд.

Нигаронии мақомоти тоҷик дар ҳолест, ки Сайфиддин Тоҷибоеви 42-сола аз Тоҷикистон, ки бо гумони “ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва даст доштан дар амалиёти террористӣ” ҷустуҷӯ мешавад, дар артиши нави Сурия мансаби баланд, сардори Ситоди амалиётӣ, таъйин гаштааст. Вай бо даҳҳо тоҷики дигар дар ин кишвар барои сарнагунии ҳукумати Башор Асад меҷангиданд.

Изҳори нигаронӣ аз ҷалби занону кӯдакон

Дар дохили Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот, имкониятҳои даст задан ба ҳамлаҳои террористӣ маҳдуд шудааст, вале таблиғ ба тундгароӣ ва терроризм ҳамчунон идома дорад. Дар ин тарҳ гуфта шудааст, ки солҳои охир занони бештар ба сафи гурӯҳҳои тундгаро пайвастаанд ва занону ноболиғон қишри осебпазири ҷомеа номида шудаанд.

Маъмулан, як сабаби ҷалб ба тундгароӣ дар Тоҷикистонро бекорӣ, нодорӣ ва ноогоҳӣ меноманд, вале дар тарҳи “Стратегияи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм то соли 2040” ба бекорӣ ишора нашуда, баръакс омадааст, ки иқтисоди кишвар беҳтар шудааст.

Дар тарҳ мақомот иқрор кардаанд, ки барномаҳои расонаҳои давлатӣ барои коҳиши тундгароӣ “камтаъсир” будаанд, аз ин рӯ, онҳо даъват кардаанд, ки бояд таблиғоти ҷиддитар ва бо усулҳои муосир ба роҳ монда шавад.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ ё USCIRF пайваста Тоҷикистонро барои маҳдудияти динӣ танқид карда, онро як омили афзоиши тундгароӣ дар ҷомеа донистааст. Дар тарҳи нави ҳукумат дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳамчун чораи коҳиши тундгароӣ даҳҳо китоби муътабари динӣ нашр ва барои иҷрои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла ҳаҷи умраю фарзӣ ба сокинон шароит фароҳам шуд.

Ин тарҳи 25-саҳифаӣ аз мушкили тундгароӣ дар ҷомеа суҳбат карда, чанд роҳи ҳал, афзоиши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ва пурзур кардани кори мақомоти қудратӣ барои пайдо кардани ифротгароёнро пешниҳод кардааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо Тоҷикистонро интиқод карданд, ки бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ фаъолони ҷомеа ва рӯзноманигоронро боздошту зиндонӣ кардааст. Аз ҷумла, дар парвандаи баъзе аз блогерону рӯзноманигороне, ки дар се соли охир боздошту зиндонӣ шуданд, моддаи “ифротгароӣ” пайванд шудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро бедалел медонанд.

Навор дар инҷо:

Ҳукумат гуфт, ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон хатарнок шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
XS
SM
MD
LG