Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба таври мармуз дар Қазоқистон боздошт шуда, бо вуҷуди шикоят аз бадрафторӣ ва шиканҷа, ду моҳ боз дар дасти маъмурони интизомӣ ҳастанд. Вакили мудофеи онҳо ба Додситонии кулли Қазоқистон шикоят кардааст. Сафорати Тоҷикистон гуфт, бо боздоштшудаҳо тамос дорад.
ОНҲО КИСТАНД?
Сухан дар бораи Шоҳрух Розиқови 34-сола ва Зайниддин Холиқови 55-сола аз Тоҷикистон меравад. Онҳо бо ҳамдигар пайванди хешутаборӣ доранд.
Вакили дифоъ Сағиндиқ Махатов мегӯяд, бо дархости наздикон аз ҳуқуқи ин ду нафар ҳимоят мекунад. Қазия рӯзи 2-юми декабри соли 2025 дар шаҳри Алмато сар шудааст ва ӯ дар мавриди боздошти баҳсбарангези ду шаҳрванди Тоҷикистон ба Додситонии кулли Қазоқистон шикоят кард.
Шиканҷаву азияти Шоҳрух Розиқов то саҳар идома кард. Дертар ӯро ба як қаҳвахона ва аз он ҷо ба ҳаммоме бурда, азияту таҳдидро давом доданд.
Дар номаи ҳуқуқшинос ба Додситонии кулли Қазоқистон гуфта шудааст, ки Шоҳрух Розиқов рӯзи 2-юми декабр аз ҷониби муфаттиши Раёсати амнияти Алмато Жанат Қосимов ба суҳбат даъват шуда, “бо пайгарди ҷиноӣ таҳдид шуд” ва “зери фишори равонӣ” қарор гирифт.
“Пас аз ин, ӯро дар кӯча шахсони низомипӯше ба як мусофирбари берақам зӯран шинонда... ба ҷойи ношинос бурдаанд. Шахсоне, ки худро корманди Раёсати амният муаррифӣ намуданд, аз ӯ бо фишор талаб кардаанд, ки зидди кадом маъмури Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон баёнот диҳад. Розиқов гуё гуфтааст, аъмоли ҷиноии ӯро намедонад,” – омадааст дар нома.
Сипас, ба навиштаи Сағиндиқ Махатов, онҳо ба “истифодаи зӯр” гузашта, аҳволи Шоҳрух Розиқовро бад карданд: “Ӯро ба як манзил бо панҷараҳои оҳанӣ бурданд, ки дар он ҷо ҳафт маъмури амниятӣ қарор доштаанд. Шиканҷаву азияти Шоҳрух Розиқов то саҳар идома кард. Дертар ӯро ба як қаҳвахона ва аз он ҷо ба ҳаммоме дар деҳаи Туздибастауи ноҳияи Талғари вилояти Алмато бурда, азияту таҳдидро давом доданд”.
Вакили мудофеъ афзудааст, “ба ӯ таҳдид карданд, ки ба дасташ маводи мухаддир партофта, ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Розиқов ин азиятҳоро дигар таҳаммул накарда, ба баданаш корд задааст.”
КӮШИШИ ХУДКУШӢ Ё ЧИЗИ ДИГАР?
Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 3-юми декабр Ёрии таъҷилиро даъват кардаанд. Дар хулосаи мудири Бемористони Алмато М.Алимбетова аз 22-юми январ (нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст) омадааст, бемор бо ҷароҳати бози шикам оварда шуд. “Аз рӯи иттилои бемор ва кормандони Ёрии таъҷилӣ, бо корди ошхона ва бо мақсади сӯиқасд ба ҷонаш зарба задааст,” – навиштааст ӯ.
Бино ба хулосаи пизишкие, ки ба вакили дифоъ фиристода шуд, Шоҳрух Розиқов давоми як ҳафтаи дигар зери назорати тиббӣ қарор дошт.
Махатов дар номааш ба Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ҳатто баъди ин Розиқовро ҷавоб надоданд ва ӯро дар хонаи хешовандаш Зайниддин Холиқов дар Алмаато таҳти назорати шабонарӯзӣ нигаҳ медоранд. Илова ба ин, худи Холиқовро рӯзи 7-уми декабр аввал ба идораи амнияти миллӣ бурда, дар он ҷо “мавриди фишори ҷисмонӣ” қарор додаанд.
“Холиқов ва Розиқов дар як хона бе ҳаққи озоди ҳаракат ва берун рафтан нигаҳдорӣ мешаванд”, -- мегӯяд вакили дифоъ.
ДАРХОСТИ ТАҲҚИҚ
Сағиндиқ Махатов рӯзи 16-уми январ дар муроҷиаташ ба Додситонии кулли Қазоқистон навишт, бо ин амали худ кормандони интизомӣ чор банди Кодекси ҷиноии Қазоқистонро поймол кардаанд. Инҳо:
- муносибати бераҳмона, шиканҷа;
- берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ;
- ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ;
- то ба худкушӣ расонидан.
Ба Махатов имкон надодаанд, ки бо боздоштшудаҳо дидор кунад. Ӯ ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Маълум нест, ки Розиқов ва Холиқов дар Қазоқистон бо чӣ кор машғул буданд. Бино ба нусхаи қарори Додгоҳи ноҳияи Жетисуи Алмато дар моҳи июли соли 2022, нисбат ба Холиқов қарори ихроҷ аз хоки Қазоқистон барои вайрон кардани қонунгузории ин кишвар содир шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қазияи Файзулло Тӯйчиев. Душанбе чизе нагуфт, акси садо аз Қазоқистон расидПеш аз он, дар моҳи декабри соли 2020 Холиқов аз рӯи моддаи “муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир бе мақсади фурӯш” ба се сол ҳабс маҳкум шуда буд. Зоҳиран, баъди ин қарор ҳам Холиқов Қазоқистонро тарк накардааст.
“МУЛОҚОТИ ВИДЕОӢ АНҶОМ ДОДЕМ”
Радиои Озодӣ аз сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хост, мавзуъро шарҳ диҳад. Дар номаи сафорат аз 9-уми феврал омадааст, ки “масъалаи мазкур зери назорати қатъии Консулгарии генералӣ дар шаҳри Алмаато қарор дорад”.
“Намояндаи Консулгарии генералии Тоҷикистон 4-уми феврали соли ҷорӣ бо шаҳрвандони зикргардида мулоқоти видеоӣ анҷом дод. Онҳо иброз намуданд, ки дар ҳолати баамаломада нофаҳмоиҳо ҷой дошта, айни замон сиҳату саломат мебошанд. Розиқов Ш. шарҳ дод, ки ҷароҳат дар ҳолати мастӣ ва ҳангоми дар ҳаммом буданаш аз шишаи оина гирифта шудааст. Вай ҳамчунин иброз намуд, ки ҳолати мазкур аз ҷониби шахсони манфиатдор суистифода бурда шуд,” – гуфта шудааст дар нома.
Ҷузъиёти аз ин беш, аз ҷумла дар куҷо ва дар чӣ шароит, бо чӣ асос ва аз ҷониби кадом ниҳоди қудратӣ дар боздошт будани ин ду шаҳрванди Тоҷикистон иттилоъ дода намешавад. Дар номаи сафорат танҳо зикр шудааст, ки Розиқов ва Холиқов аз Сағиндиқ Махатов дархости ёрии ҳуқуқӣ накардаанд.
Махатов рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бо дархости хешовандони ин ду боздоштшуда даст ба кор шудааст.
КАМ, ДОДСИТОНИИ АЛМАТО...
Радиои Озодӣ барои шарҳи ин мавзуъ, ба вижа амалҳои ғайриқонунии эҳтимолан маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба дафтари матбуоти ин идора ҳам номи электронӣ фиристод.
Дар посухи кӯтоҳе, ки 4-уми феврал дастрас шуд, дафтари матбуоти КАМ-и Қазоқистон танҳо навишт: “Маълумоти пешниҳодкардаи шумо баррасӣ шуд. Аз рӯи ин пурсиш шумо бояд ба Додситонии шаҳри Алмато муроҷиат кунед”.
Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми феврал ба номи додситони шаҳри Алмато Серик Карипбеков ҳам ин номаро фиристод, вале то замони нашри ин гузориш ҳеч посухе нагирифт.
ТАҲДИД БА ХЕШОВАНДОН?
Дар як номаи дигаре, ки вакил Махатов дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дод, нафаре бо номи Салим Кузиев мегӯяд, хеши Розиқов ва Холиқов аст ва аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқи ин ду нафар “чораҳои фаврӣ” андешанд. Аз ҷумла, дар ин нома гуфта шудааст, ки аз шумораи телефоне ба як хеши дигари боздоштшудаҳо таҳдиду фишор садо медиҳад, ки аризаи шикоятиро бозпас бигиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоқаев гуфт, байни Қазоқистону Тоҷикистон "масъалаи ҳалношуда" нестТаҳқиқи фаннӣ нишон додааст, ки шумораи телефони ӯ ба шахсе бо номи “Нурлан Садиров, корманди КАМ” марбут аст. Радиои Озодӣ бо ӯ дар тамос шуд. Марде, ки гӯширо бардошт, гуфт, воқеан исмаш “Нурлан Садиров аст”, вале “корманди КАМ нест”.
Ӯ афзуд, “як ҳуқуқшиноси ширкати вобаста ба нафт аст” ва “ҳеч рабте ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон надорад”. Ҳарчанд, ба гуфтааш, “вақтҳои охир шахсони зиёде занг зада, дар бораи боздошти тоҷикон мепурсанд”.
Санҷидани дурустии ин гуфтаҳо ва ҳам ҳуввияти ин шахс феълан имкон надорад.
Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз Русия дуюмин кишвари муҳими кору даромад дониста мешавад. Созмони байналмилалии муҳоҷират моҳи октябри соли 2025 гуфт, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дуюмин гурӯҳи калонтарини хориҷӣ ҳастанд ва аз миёни ҳама муҳоҷирони кории хориҷӣ 12 дарсадро ташкил медиҳанд.