Боздошти кормандони "Клооп" аз ҷониби идораи амнияти Қирғизистон

Сардабири нашрияи «Клооп» Анна Капушенко гуфт, ки рӯзи 29 май дар хонаи корманди ин нашрия Абдил Айтпайтегин (Торобаев) мақомоти амниятии Қирғизистон кофтукоб анҷом дода, худи ӯро ба Сарраёсати амнияти миллӣ дар шаҳри Бишкек интиқол доданд. Сабаби боздошти ӯ гуфта намешавад.

Худи ҳамон рӯз Симбат Боймирзоева, собиқ мудири ин нашрия, ки ба гуфтаи ҳамкоронаш, мақола наменавишт, ҳамчунин ба идораи амният бурда шуд. Хешовандонаш гуфтанд, ки баъди он ки хонаи ӯ кофтукоб шуд, ӯро ба дафтари КДАМ интиқол доданд. Субҳи 30 май хабарнигорон огоҳ шуданд, ки шаби дери гузашта Айтпайтегинро ҷавоб дода, Боймирзоева ҳанӯз ҳам дар дохили бинои амният қарор дорад.

Аз ин пеш дар изҳороти фейсбукиаш Доирбек Орунбеков, мудири сиёсати иттилооти маъмурияти президент гуфт, ки хабарнигорони боздоштшудаи «Клооп»-ро рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров маблағгзуорӣ мекунад. Худи Темиров инро рад кард ва гуфт, ки «ҳеҷ тамосе бо онҳо надорад ва ҳатто аксарашонро шахсан намешиносад». Ӯ гуфт, ки ба касе супориш ва вазифае надодааст ва дар таҳқиқоти журналистиаш мустақилона пеш меравад.

Ҳанӯз хабарнигорони бозпурсишудаву вакилони дифои онҳо изҳороти Орунбековро шарҳ надодаанд ва худи КДАМ ҳам дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Рӯзи 28 май дигар хабарнигорони нашрияи «Клооп» - Айдай Эркебаева, Зиёгул Болотқизӣ, инчунин корманди собиқ Зара Содиқалиева ба идораи шаҳрии амният бурда шуданд. Наворбардори ин расона Александр Александров ва собиқ корманди идора Ҷоомарт Давлатов ба мӯҳлати 48 соат боздошт шуданд.

Рӯзи 9 феврали соли гузашта додгоҳе дар Бишкек қарори аз байн бурдани бунёди ҷамъиятии «Клооп Медиа»-ро содир кард. Ин қарор дар паи шикояти додситонии Бишкек гирифта шуд, ки гуфт, «Клооп» «бисёр вақт маълумоти манфӣ ва танқидкунандаи сиёсати давлат»-ро нашр мекунад.

Сомонаи ин нашрия дар Қирғизистон масдуд шудааст.

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон қарори бастани як расонаи мустақилро ҳамчун «доғи сиёҳе дар таърихи Қирғизистон» маҳкум кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси бастани сомонаи "Kloop" дар Қирғизистон боздошта шудДастрасиро ба "Kloop" дар Қирғизистон маҳдуд карданд