Боздошти даҳҳо эътирозгар дар  Ереван

11 май, Ереван

Дар Ереван дар эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дасти кам 48 нафар ба иттиҳоми итоат накардан ба амри полис боздошт шуданд.

Дар Ереван дар эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дасти кам 48 нафар ба иттиҳоми итоат накардан ба амри полис боздошт шуданд. Мояи аслии норизоияти мардум хабари созиши марзӣ бо Озарбойҷони ҳамсоя мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ боздоштҳоро таъйид кард.

Раҳбари калисои ноҳияи Товуши Арманистон Баграт Галстанян, ки раҳбари эътирозгарон аст, донишҷӯён ва дигаронро даъват кардааст, ки ба "амалиёти беитоатии шаҳрвандӣ" шурӯъ кунанд, то фишор болои Пашинянро барои истеъфо зиёд кунанд.

Баграт Галстанян раҳбари эътирозгарон аст

Ереван ва Боку дар мавриди протоколе, ки рӯзи 19 апрел имзо шуда буд, пешакӣ ба мувофиқа расиданд. Бар асоси он, Арманистон назорати чаҳор деҳаи аз соли 1990 дар зери назорати Ереван бударо дар ихтиёри Озарбойҷон вогузор мекунад. Пашинян гуфт, гузаштҳои якҷониба барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи низомии Озарбойҷон алайҳи Арманистон зарур аст.

Раҳпаймоии рӯзи 9-уми май таҳти сарварии Галстанян даҳҳо ҳазор нафарро гирдиҳам овард ва баъди ин эътирозҳо идома пайдо кард.

Вакилони мухолиф ваъда доданд, ки мавзӯи эълони адами боварӣ ба Пашинянро дар парлумон матраҳ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Арманистон маблағгузорӣ ба СПАД-ро хотима медиҳадСарҳадбонону низомиёни рус Арманистонро тарк мекунандЭътирозҳо бо талаби истеъфои Пашинян дар ЕреванАрманистон аз додани пул барои СПАД даст кашидҚазоқистон дар гуфтугӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон миёнравӣ мекунад