Дар Бишкек айвонҳои "ғайриқонунӣ"-ро вайрон мекунанд

Ҳукумати Бишкек, маркази Қирғизистон, дар ҳоли вайрон кардани айвон ё балконҳои ғайриқонунӣ ва боз гардонидани симои баъзе биноҳои баландошёна ба тарҳҳои аввали даврони Шӯравӣ аст. Амалиёти густурдаи тахриби балконҳо дар чанд минтақаи пойтахти Қирғизистон ва дар пайи қабули қонуне дар соли 2024 дар ҳоли иҷро аст.

Қонуни соли 2024 ба мақомоти Бишкек салоҳият медиҳад, то бо ҳадафи беҳбуди "симои меъморӣ ва зебоӣ"-и шаҳр, сохтмонҳои иловагиро дар биноҳо аз байн баранд.

Як бинои истиқоматӣ бо айвон ё балкони пӯшида дар Бишкек, 26 июн.

Балконҳои ғайриқонунии сохташуда дар биноҳои баландошёна, дар бисёре аз шаҳрҳои замони Шӯравӣ як манзари маъмулӣ аст. Гуфта мешавад, ки бунёди беиҷозат пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд, зеро биноҳои баландошёнаи он даврон анбор надоштанд ва сокинон ба чунин чизе ниёз доштанд.

Ин сохтмонҳои иловагӣ аксар вақт дар шакли рӯйпӯшҳои қалъагӣ ё оҳанӣ дар атрофи айвонҳои бетонӣ сохта шудаанд ва сокинони шаҳри Бишкек мегӯянд, ин балконҳои пӯшида ба коҳиши сару садо ва чангу ғубор дар хонаҳои канори роҳ кумак мекунанд.

Балконҳои пӯшида дар Бишкек. 24 июн.

Шаҳрдории Бишкек эълон кардааст, ки барои соҳибони балконҳое, ки қарор аст тахриб шаванд, дар бораи ба наздикӣ сурат гирифтани ин иқдом огоҳинома фиристода шудааст.

Бо вуҷуди онки соҳибони манзилҳо ҳангоми расидани гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқ норозигӣ нишон медиҳанд, ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ, "ҳамаи балконҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд дар бораи онҳо огоҳиномаҳо дода шудааст, ҳатман тахриб мешаванд".

Зане дар Бишкек ба тими шаҳрдорӣ, ки барои тахриби балконҳо омадаанд, муқовимат нишон медиҳад. Андаке пас аз бардоштани ин акс дар 26 июн, девораҳои атрофи балкони ин зан бардошта шуданд.

Ин маъракаи тахриб дар ҳоле анҷом мешавад, ки Қирғизистон худро барои мизбонии нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва "Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо", ки қарор аст ҳар ду дар охири тобистони имсол баргузор шаванд, омода мекунад. Аммо шаҳрдории Бишкек эълон кардааст, ки раванди барчидани балконҳо "ба таври доимӣ, новобаста аз он ки чорабиниҳои байнулмилалӣ баргузор мешаванд ё не", идома хоҳад ёфт.

Ин иқдом, ки дар саросари шаҳр идома дорад, боис ба баҳсҳо дар бораи тарзи муносибати баъзе аз гурӯҳҳои корӣ шудааст, аз ҷумла иддао дар бораи он ки яке аз гурӯҳҳо партовҳои тахрибро ба меҳмонхонаи як сокини маҳаллӣ, ки он замон дар хона набудааст, андохтааст.

Партовҳои боқимондаи гурӯҳи корӣ, ки дар зери як бинои истиқоматӣ дида шуданд. Бишкек, 26 июн.

Ба назар мерасад, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар сари мавзӯи тахриби балконҳо ихтилофи назар доранд.

Баъзе аз аз талошҳои шаҳрдорӣ барои ҳамоҳангии меъморӣ дар пойтахти Қирғизистон ситоиш кардаанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дигар аз барқарор кардани сабки берӯҳ ва якнавохти биноҳои даврони Шӯравӣ норозиянд.

Яке аз корбарон ин биноҳои истиқоматиро ба хобгоҳҳои донишҷӯён монанд кардааст. Ин корбар дар "Инстаграм" навишт, "чунин ба назар мерасад, ки дигар сокинони одӣ дар ин биноҳо зиндагӣ намекунанд ва танҳо донишҷӯён дар саросари шаҳр иқомат доранд".