Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танк"-ро аз Душанбе мебардоранду куҷо мебаранд? ВИДЕО


"Танк"-ро аз Душанбе мебардоранду куҷо мебаранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар Раёсати меъморӣ ва сохтмони Душанбе рӯзи 17-уми ноябр гуфтанд, дар ҷойи муҷассамаи “Танки Шӯравӣ” дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт роҳи дутабақаи мошинрав хоҳанд сохт. Пешниҳод шудааст, танкро ба “Боғи Ғалаба” баранд.

Яке аз масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони Душанбе дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ хабари сохтмони роҳи дутабақаро дар ҷойи муҷассамаи “Танки Шӯравӣ” тасдиқ кард. “Вале то ҳол қарори ниҳоӣ набаромадааст. Дар идомаи бозсозӣ ҳамаи биноҳои чорошёнаи атрофи муҷассама низ тахриб хоҳанд шуд,” – афзуд мусоҳиби мо.

Ғафур Шерматов, узви Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, мегӯяд, тахриби маҳалли муҷассама аз қабл матраҳ буд. Вай афзуд, муҷассамаи “Танки Шӯравӣ” моли шаҳрдорӣ дониста мешавад ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон танҳо нигоҳубини онро дар солҳои ахир анҷом медод.

Солҳои ахир дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус баъд аз ҳамлаи низомии бедалели Русия ба Украина барчидани ёдгориҳои замони Шӯравӣ авҷ гирифтааст. Бавижа, ин амр дар кишварҳои соҳили баҳри Балтик, Молдова ва Гурҷистон мушоҳида мешавад.

Дар нишасти ахири ҳукумати Душанбе гуфта буданд, тахриб ва бозсозии хиёбонҳои пойтахт орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ аст ва ин амр танҳо дар чорчӯби “Генплан” сурат мегирад.

Ду сол пеш дар Душанбе дар маҳалли бемористони “Қарияи Боло” ва маҳаллаи 112 ду гузаргоҳи сетабақа сохтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG