Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Сталин барои ӯ дар Бишкек хиёбон мехоҳанд


Пешниҳоди ҷунбиши “Эътилофи нерӯҳои чап” барои бозгардондани номи Сталин ба хиёбони марказии шаҳри Бишкек дар ҷомеа баҳси зиёдро ба бор овард. Ҳоло ин хиёбон номи Чуйро дорад.

Ҷунбиши “Эътилофи нерӯҳои чап” барои ҷонибдорӣ аз пешниҳодаш ба ҷамъоварии имзо шуруъ кардааст.

Рӯзи 20-уми июн дар шаҳраки “Шарқ-5”, дар бурриши хиёбони Чуй ва кӯчаи Тороқул Айтматов дар яке аз биноҳо навиштаи “хиёбони Сталин” насб шуд. Баъд аз чанде шаҳрдории Бишкек овезаро бардошт, аммо шахсоне, ки онро овехтанд, шиносоӣ нашудаанд.

Пешниҳоди бозгардондани номи Сталин ба хиёбон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармро ба бор овард. Бештари корбарон аз ин пешниҳод интиқод карданд. Ба андешаи онҳо, “дарки ин пешниҳод аз ақл берун аст, зеро Сталин дар саргаҳи саркӯби зиёиёни қирғиз ҷой дошт”.

XS
SM
MD
LG