Белорус пинҳонӣ махзани маълумоти генетикии мухолифонро месозад

Ukraine -- Kyiv DNA laboratory

Мақомҳои Белорус дар талошанд қонунеро қабул кунанд, ки шаҳрвандонро ба ироаи намунаи DNA ба ҳукумат вазифадор мекунад.

Аммо ёфтаҳои бахши белорусии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати ин кишвар, ки шаҳрвандонашро зери назорати шадид қарор додааст, аз пеш ва бесарусадо машғули гирдоварии маълумоти генетикии афроде аст, ки ба онҳо бадгумон мебошад.

Микалай, рӯзноманигори як расонаи мустақили Белорус, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад, мегӯяд, ду сол пеш аз падар ва модараш дар Белорус намунаи DNA гирифтаанд. Номи воқеии ин рӯзноманигор ба сабабҳои амниятӣ нашр намешавад.

Пас аз он, ки парвандаҳои ҷиноӣ дар ғайби ӯ ташкил шуд, парвандае, ки ба гуфтаи худаш "ангезаи сиёсӣ" дошт, пулис ибтидо модарашро барои ироаи намунаи DNA ҳозир кард ва сипас кормандон ба маҳалли зиндагии ӯ дар деҳа рафтанд.

Микалай мегӯяд, "кормандони Кумитаи таҳқиқот ба деҳаи модарам рафтанд ва ҳамонҷо аз ӯ намунаи оби даҳон гирифтанд. Чизе ҳам бо ин мазмун гуфтанд, ки агар ҳодисае барои писаратон рух диҳад, бо ин кор шиносоии ӯ осонтар мешавад".

"БЕРУН АЗ ҲАР ГУНА ЧОРЧӮБИ ҚОНУНӢ"

Олег Агеев, вакили дифоъ ва муовини раиси Анҷумани рӯзноманигорони Белорус мегӯяд, акнун чунин ҳолатҳо бисёр шунида мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, "аз зиндониёни сиёсӣ ва наздикони касоне, ки Белорусро тарк кардаанд, намунаи DNA ҷамъоварӣ мешавад" ва ин кор "берун аз ҳар гуна чорчӯби қонунӣ" сурат мегирад.

Ӯ мегӯяд, мавридҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дар онҳо "бо фиреб, дурӯғ ё таҳдид аз афрод намунаи DNA мегиранд то дар махзани маълумотие сабт кунанд, ки асосан ғайриқонунианд".

Аз нигоҳи ин вакили дифоъ, қонуни пешниҳодӣ, "талош барои қонунӣ кардан равияе аст, ки аз пеш вуҷуд дорад".

Алекей Волков, раиси Кумитаи давлатии баррасиҳои тибби қонунии Белорус, дар мусоҳибае, ки 20 август нашр шуд, эълон кард, ин кумита пешниҳоди таҳияи қонунеро матраҳ кардааст, ки ироаи намунаи DNA-ро барои ҳама шаҳрвандони Белорус ҳатмӣ мекунад.

Ӯ гуфт, "намегӯям ки бояд як бор аз ҳама мардуми кишвар намунаи DNA бигирем. Нахуст, бовар дорам ин кор бояд дар як марҳилаи замонӣ анҷом шавад, шояд, як, ду, се ё чаҳор сол, вобаста ба гурӯҳҳое, ки шомили он мешаванд. Бархе гурӯҳҳо дар авлавият қарор мегиранд ва барои гурӯҳҳои дигар мумкин аст муҳлати дертаре муайян кунем".

Суханони Волков нишон медод, ки барномаи таҳияи ин қонун ҳанӯз дар марҳилаҳои ибтидоӣ аст. Бо ин ҳол, ӯ гуфт, "фаъолона рӯи ин мавзӯъ кор мекунем ва шоҳиди ҳимояти ҳамкоронамон дар ниҳодҳои интизомӣ ва дигар дастгоҳҳои давлатӣ ҳастем".

DNA, ин маводи генетикӣ дар организми ҳамаи мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон мебошад. Намунаи онро маъмулан аз оби даҳон мегиранд.

ДАР ҒАРБ ТАЛАБОТИ УМУМӢ ВУҶУД НАДОРАД

Дар бархе кишварҳои ғарбӣ, қонун ба пулис иҷоза медиҳад аз афроде, ки ба хотири иртикоби ҷаримаҳои вазнин маҳкум шудаанд, намунаи DNA бигирад. Аммо дар ҳеч як аз ин кишварҳо ҳама шаҳрвандон вазифадор ба ироаи чунин намунае нестанд.

Вакили дифоъ Олег Агеев мегӯяд, ҳанӯз рӯшан нест мақомҳои Белорус мехоҳанд аз ин намунаҳо чӣ истифодае кунанд. Кишваре, ки Александ Лукашенко аз соли 1994 дар он қудратро дар даст дорад.

Лукашенко дар тамоми ин солҳо мухолифонро саркӯб кардааст. Ин саркӯбҳо пас аз интихоботи президентии соли 2020 шиддат гирифт. Интихоботе, ки ӯ дар он баранда эълон шуд, аммо бисёре аз шаҳрвандон мегӯянд, натиҷааш олуда бо тақаллуб буд.

Ҳукумат ба эътирозҳои густурдае, ки пас аз эълони натиҷа шакл гирифт, бо хушунат посух дод ва бисёре аз мухолифон, рӯзноманигорон ва дигар шаҳрвандон ночор ба тарки кишвар шуданд ё гурехтанд.

Олег Агеев мегӯяд, "вақте ҳеч чорчӯбаи қонунӣ вуҷуд надорад, фақат худашон тасмим мегиранд, ки чигуна аз ин маълумот истифода кунанд. Кишварҳои дигар ҳам чунин равияе доранд, аммо дар он кишварҳо муқаррароти қонунӣ ва ниҳодҳои посухгӯ вуҷуд дорад. Дар Белорус нерӯҳои амниятӣ метавонанд ҳар тавре, ки бихоҳанд, аз ин маълумот истифода кунанд".

АЗ ҲАЛЛИ ЯК ҚАТЛИ ҚАДИМӢ ТО ПУРСИШ ДАР БОРАИ САРКӮБИ СИЁСӢ

Владимир Жигар, намояндаи BelPol, Анҷумани иборат аз аъзои пешини дастгоҳҳои амниятии Белорус, мегӯяд, гирифтани намунаи DNA аз бархе аз афроди ин кишвар ҳатто пеш аз эътирозҳои пас аз интихоботи 2020 низ анҷом мешуд.

Ба гуфтаи ӯ, ин равиш дар кашфи бархе ҷиноятҳои воқеӣ муассир будааст.

Жигар мегӯяд, "шахсан ҳангоми кашфи яке аз ин ҷиноятҳо ҳузур доштам. Парвандаи қатле буд, ки 20 сол аз он мегузашт. Як таҳсигор ё қисми боқимондаи сигор дар миёни санадҳои парванда нигоҳ дошта шуда буд. Онро барои баррасии бештар фиристоданд, фарди муртабит бо он шиносоӣ ва дар ниҳоят муаммои қатл ҳал шуд".

Бо ин ҳол, ӯ шак дорад, ки эҷоди як махзани саросарии маълумоти генетикӣ дар Белорус, дар сурати амалӣ шуданд, барои пайгард ва саркӯби сиёсӣ истифодаи чандоне дошта бошад.

Жигар мегӯяд, "парвандаҳое, ки ангезаи сиёсӣ доранд, аксаран ба ҳеч санаде ниёз надоранд, чун ҳама чиз аз ҳеч сохта ва пардохта мешавад. Бинобар ин, абзорҳои печида монанди махзаи маълумоти DNA асосан зарурате надорад".

Агар қонуни таъсиси як маъзани фарогири маълумоти генетикии шаҳрвандони Белорус қабул шавад, он идомаи раванде хоҳад буд, ки бо амалӣ шудани қонуни сабти асари ангушт дар соли 2004 оғоз шуд. Қонуне, ки дар ниҳоят тақрибан ҳамаи шаҳрвандони марди бузургсоли Белорусро ба сабти изи ангушти худ вазифадор кард.

Маъракаи маҷбурии ҷамъоварии изи ангушт дар соли 2008 оғоз шуд, пас аз таркиши чаҳоруми январи он сол дар консерте дар фазои боз, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Белорус баргузор шуда буд.