Леонид Судаленко, масъули ин ташкилот гуфтааст, дар ҳоли ҳозир нисбати қариб 5,5 ҳазор кас дар Белорус бо сабабу омилҳои сиёсӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Моҳи августи соли 2020 баъди эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус, ки президенти худкома Александр Лукашенкоро баранда эълон шуд, эътирозҳои оммавӣ дар ин кишвари ҳампаймони Русия сар зад. Муътаризон истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб карданд.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо дастикам 8 кас кушта шуд. Мақомоти Белорус алайҳи мухолифони ҳукумат садҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, чанд роҳбари мухолифонро зиндонӣ карданд.