“Худсонсурӣ”, маънои онро дорад, ки рӯзноманигор худаш "даҳонашро мебандад" ва аз гуфтану навиштани матлабҳои ҳассос худдорӣ мекунад.
Ҳатто замоне ки ширкаткунандагони ҳамоиши анъанавӣ аз масъалаҳои дигар суҳбат мекарданд, вожаи “худсонсурӣ” дар паси он мушкилот низ гӯё ҳузур дошт.
Умед Бобохонов, мудири гурӯҳи расонаҳои “Азия-плюс” гуфт, аз мушкилоти рӯзноманигорон ҳама огоҳанд, вале коре барои рафъи он намекунанд.
Ӯ гуфт: “Мо ҳама медонем, аз ҷумла ҳукумат ҳам медонад, ВАО чӣ кадар муҳим аст. Дар бораи мо танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ба ёд меоранд, замоне ки ҳодисае руй диҳад. Аз мо мехоҳанд, ки садо баланд кунем ва маълум мешавад, ки расонаҳои Тоҷикистон ба таври бояду шояд қавӣ нестанд. Аз мо мепурсанд, ки ба чӣ чиз ниёз доред ва чӣ гуна ба шумо кӯмак расонем, вале фардояш фаромуш мекунанд ва вазъ ҳамон гунае давом мекунад, ки пештар буд”.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон аҳволи бади хабарнигоронро баррасӣ карданд
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, рӯзноманигорон ва расонаҳои кишвар мушкили зиёде доранд, вале “худсонсурӣ” ба мушкили ҷиддитар табдил ёфтааст.
Ӯ гуфт: “Мушкили иқтисодӣ барои ҳама маълум аст, ки теъдоди нашрияҳои чопӣ хеле кам шуд. Мушкил дар фазои интернет низ вуҷуд дорад. Мушкили аз ҳама муҳим ё ин ки нигаронкунанда ин аст, ки мутаассифона, бино ба ҳодисаҳои чанд соли охир дар фазои иттилооти Тоҷикистон худсонсурӣ хеле боло рафтааст. Мавзуъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор намегиранд, ки як сабаби дигари ин маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот аст”.
Хабарнигор Мазҳаб Ҷумъа бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ рӯзноманигорон наметавонанд мавзӯҳои ҳассоcро пайгирӣ кунанд. Ӯ гуфт, мавзуҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву адабиро рӯзноманигорон то ҷое баррасӣ мекунанд, вале аз пайгирии мавзӯҳои сиёсӣ худдорӣ мекунанд.
“Албатта, дар масъалаҳои сиёсӣ-амниятӣ баъзе маҳдудиятҳо ҳаст, баъзе нигарониҳое ҳаст, ки наметавонем мо журналистҳо даст занем,”—гуфт ӯ.
Тарс аз таъқибу боздоштро далели аслии парҳези рӯзноманигорон аз пайгирии мавзӯҳои ҳассос медонанд. Рӯзноманигорон мегӯянд, барои эҳтиёт кардан сабаб доранд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ҳабси даҳ рӯзноманигор дар чанд соли ахир тарсро бештар кардааст.
“Мутаассифона, мурофиаҳои судии онҳо паси дарҳои пӯшида баргузор шуданд ва онҳо маҳкум шуданд, ки боиси нигаронии созмонҳои маҳаллӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ гардидааст. Ин як омиле шуд барои худдорӣ кардан аз даст задан ба мавзуъҳои ҳассос, махсусан ба мавзуъҳое, ки ба тундгароиву ифротгароӣ рабт доранд. Ҳатто рӯзноманигорон диагр ҷуръат намекунанд, ки бархе мавзӯҳои иқтисодиро инъикос кунанд,”—гуфт Нуриддин Қаршибоев.
Намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз вазъи озодии баён ва фазои кори расонаҳо дар кишвар ситоиш кард.
Аҳмад Иброҳим, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, баргузории чунин як ҳамоиш далели озодии баён дар кишвар аст. “Аллакай дар бораи худи фаъолияти воситаҳои ахбори омма имрӯз дар як ҳамоиши хеле бонуфуз суҳбат карданамон худ як нишонаи озодии баён аст, яъне шароит фароҳам аст, ки мо дар бораи мушкилии худ гап мезанем,”—гуфт ӯ.
Камрангии суҳбати сафирони Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, баргузоркунандагони ин ҳамоиш низ далели вазъи озодии баён дар Тоҷикистон буд.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз рӯзи 30 апрел раддабандии озодии баён дар 180 кишварро нашр кард, ки Тоҷикистон дар зинаи 155 ва яке аз мақомҳои поёнтарин қарор дорад. Ба гуфтаи созмон сабаб, набуди озодии баён ва сахттар шудани саркӯби матбуоти мустақилу хабарнигорони дигарандеш аст. Ин ниҳод саркӯбро "бераҳмона" унвон кард.