Раисҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми октябр ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони Украина ва Русия "ба зудӣ" мулоқот хоҳанд кард. Доналд Трамп замон ва ҷойи мулоқоти эҳтимолиро ошкор накард, аммо афзуд, "метавон ба пешрафти зиёд ноил шуд".
Нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 (G20), ки Трамп моҳи декабри имсол дар Флорида мизбонӣ хоҳад кард, метавонад ҷое барои мулоқоти рӯ ба рӯйи раҳбарони Украина ва Русия бошад. Аммо Владимир Путин то ҳол ба даъвати Иёлоти Муттаҳида посух надодааст ва ӯву Владимир Зеленский дар мавриди имкони баргузор шудани чунин мулоқот мавзеъҳои комилан гуногун доранд.
Путин ҳамеша кӯшиш кардааст, қонунӣ будани мақоми Зеленскийро зери суол барад ва борҳо гуфтааст, мулоқоти сарони ду кишвар танҳо пас аз ба даст омадани тавофуқи ҳамаҷонибаи сулҳ имконпазир хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки метавонад бо Зеленский дар Маскав дидор кунад.
Кремл медонад, ки эҳтимоли баргузор шудани мулоқот дар пойтахти кишваре, ки алайҳи Украина тақрибан панҷ сол боз ҷанг мекунад, барои Киев қобили пазириш нест. Владимир Зеленский дар навбати худ омодагиро барои мулоқот бо Путин дар кишвари сеюм изҳор карда, гуфтааст, масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла қаламравҳо, танҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо ҳаллу фасл шуда метавонанд.
Пештар гузориши шуда буд, ки дар нимаи аввали моҳи ноябр дар Имороти Муттаҳидаи Араб музокироти сеҷониба баргузор хоҳад шуд.
Изҳороти президенти Амрико як рӯз баъди он садо дод, ки президенти Финландия ва сарвазири Норвегия бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар алоҳидагӣ суҳбати телефонӣ доштанд. Александр Стубб, президенти Финландия, дар изҳороте гуфт, "суҳбат ошкору пурмуҳтаво буд".
Вай афзуд: "Мо ҳамсояи Русия ҳастем. Натиҷаи ин ҷанг ба амнияти мо ва амнияти умумии Аврупо таъсири мустақим хоҳад дошт. Барои поён додан ба ҷанг гуфтугӯҳои мустақим заруранд."
Аз ин пеш, рӯзи 20-уми октябр, Норвегия мизбони Зеленский, Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Трамп ва чанд мақоми аврупоӣ буд. Ин фаъолшавии густурдаи дипломатии кишварҳои Ғарб дар ҳолест, ки Владимир Путин дар моҳи октябр пешниҳод карда буд, дар охири сол нишасти сеҷониба бо иштироки Иёлоти Муттаҳида ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин баргузор шавад.
Доналд Трамп гуфтааст, омода аст дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) бо Владимир Путин ва раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, нишасти сеҷониба баргузор кунад. Ин нишаст моҳи оянда дар Чин баргузор хоҳад шуд. Аммо Трамп гуфт, ҳадафи асосии мулоқот баррасии "силоҳҳои ҳастаӣ ва халъи силоҳи ҳастаӣ" хоҳад буд, на ҷанги Русия дар Украина.
Дар ҳамин ҳол, ҳам Украина ва ҳам Русия тасдиқ карданд, ки дар 30 соати аввали оташбас дар атрофи шаҳри Олешкии Украина, ки зери ишғоли Русия қарор дорад, нақз ё поймоли созиш сабт нашудааст.
Оташбас, ки бо миёнравии бонуи аввали Амрико Мелания Трамп ба даст омадааст, субҳи 27-уми октябр оғоз шуд. Ин қарор ду рӯз пештар аз муҳлати пешбинишуда амалӣ гардид, то “амнияти ғайринизомиён ҳифз шуда, расондани ёриҳои фаврии башардӯстона осон гардад”.
Мелания Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, дар паёме дар шабакаи "X" навишт, минтақаи татбиқи оташбас “берун аз ҳудуди Олешки, бахшҳои дигари вилояти Херсонро низ дар бар мегирад, то барои корвонҳои башардӯстона гузаргоҳи амн фароҳам шавад”. Қарор аст, оташбас то якуми ноябр идома ёбад.