Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар соҳили кӯли Валдай дар паси девору чораҳои сахти амниятӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамагӣ чанд километр дуртар ҳамсояҳои ӯ дар дунёи комилан дигаре ба сар мебаранд.
Анна Шапкина мудири китобхона дар Рошчино аст. Шаҳраке, ки дар ибтидо барои истироҳати раҳбарони шӯравии собиқ сохта буданд ва ҳоло ба яке аз қароргоҳҳои расмии Владимир Путин табдил ёфтааст.
Шапкина мегӯяд, "атрофи кӯлро маҳкам карда, дар ҳама ҷо панҷара ва дурбинҳои назоратӣ гузоштаанд. Аз мо тақрибан якуним-ду километр фосила дорад. Президент гуё дар паҳлӯи ман аст, вале мо дар ду ҷаҳони комилан аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунем."
Видеоро дар инҷо бинед:
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҷойҳое, ки як замон барои шинову қаиқронӣ ва сайругашт истифода мешуданд, ҳоло дастнорас шудаанд. "Мо дигар наметавонем барои шино кардан ба он тарафи кӯл равем. Дар он ҷо посбонҳо ҳастанд. Дарҳол шуморо меронанд ва сарзаниш ҳам мекунанд," – гуфт омӯзгор Даря Дмитриева.
Таҳқиқоти Маркази "Досйе" нишон додааст, ки чӣ гуна маҷмааи президентиро дар Валдай ба як истеҳкоми қавӣ табдил додаанд. Иля Рождественский, рӯзноманигори Маркази "Досйе", мегӯяд, "аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин заминҳо ба номи ниҳодҳои вобаста аз Хадамоти федеролии муҳофизат (ФСО) ва ширкатҳои марбут ба Юрий Ковалчук сабтином шудаанд." Юрий Ковалчук яке аз ҳампаймонҳои Владимир Путин ба шумор меравад.
Бар асоси таҳқиқоти Маркази "Досйе", Путин аз варзишгари собиқи олимпӣ Алина Кабаева, ки шарики зиндагии эҳтимолии ӯ гуфта мешавад, ду писар дорад. Кремл ҳеч гоҳ ин гузоришҳоро ба таври ошкор тасдиқ накардааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, писарони Путин дар қароргоҳи Валдай асосан дар инзиво, дар иҳотаи кормандону посбонҳо зиндагӣ мекунанд.
"Дар он ҷо майдони ҳоккей ҳаст, ки Владимир Путин ҳамроҳи писаронаш дар муқобили посбонҳои Хадамоти федеролии муҳофизат (ФСО) бозӣ мекунад," – гуфт Иля Рождественский.
Рӯзноманигорони таҳқиқотгар мегӯянд, бинокорӣ дар қароргоҳ дар 15 соли гузашта авҷ гирифтааст. Ин ҳамон даврае буд, ки ба қавли Иля Рождественский, "Владимир Путин фаҳмид, дигар аслан ҷое барои шарм кардан надорад."
Дар паси панҷараҳо, дар шаҳраки наздики Валдай, тафовути бузурге намудор аст. Сохтмонҳои нав симои баъзе аз маҳаллаҳои шаҳракро дигаргун кардаанд. Анна Шапкина мегӯяд, "он ҷое, ки имрӯз қароргоҳи Путин ҳаст, пештар ҷангали коҷ ва соҳили як кӯли зебое буд. Аввал як гӯшаашро девор кашиданд, сипас гӯшаи дигарашро. Ҳоло навбат ба ин ҷо ҳам расид. Баъзе аз сокинон мегӯянд, атрофи моро ҳам панҷарапеч хоҳанд кард. Дигарон мегӯянд, моро тамоман аз инҷо мекӯчонанд."
Ҷанги васеъмиқёси Русия ба зидди Украина, ки аз соли 2022 идома дорад, низомҳои дифои ҳавоӣ ва чораҳои зидди дронҳоро низ ба инҷо кашондааст. Даря, омӯзгори маҳаллӣ, ба яке аз падофанди ҳавоии "Пантсир" ишора кард, ки дар наздикии қароргоҳи Путин дар Валдай ҷойгир аст.
Ӯ гуфт: "Агар чарх мезанад, пас, дар болои сари мо ягон хатаре нест. Аммо агар бозистад, маънои онро дорад, ки чизе дар болои сари мо парвоз дорад. Бори аввал, ҳангоме ки онро фаъол карданд, тирезаҳои хона ба ларза даромаданд."
Бино ба таҳқиқоти Радиои Озодӣ, то моҳи апрел дар атрофи қароргоҳи Путин дар Валдай ба камияш 27 нуқтаи дифои ҳавоӣ муайян шудааст.
Ҷанги Русия дар Украина ба сокинони деҳаҳои атроф низ таъсири худро гузоштааст. Аз тақрибан 1000 ҳамдеҳаи Даря Дмитриева наздик ба 50 кас ба хати пеши ҷанг фиристода шуда, аз он ҷо фақат панҷ нафар ва он ҳам маҷруҳ баргаштанд.
“Солҳои зиёд бо як гурӯҳи ҷустуҷӯӣ кор мекунам. Мо ҳанӯз пайкари сарбозонеро, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ кушта шудаанд, пайдо мекунем. Акнун оё маҷбур мешавем, ки 10 ё 15 соли дигар ба Украина рафта, боз ҷасад ҷустуҷӯ кунем? Аз худ мепурсем, ки чаро?” – суол гузошт Даря Дмитриева.
Гуфтугӯ