Аз 30 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ. Ин арзиши қалин, маҳр ё хароҷотест, ки хонаводаи домод дар Тоҷикистон бояд ба ҷониби арӯс бипардозад.
Ин таҷриба дар чанд соли охир расм шудааст. Пештар ин хароҷот дар шакли моддӣ, аз чорво то орду равғану молу матоъ ё ҷевону рахтихобро дар бар мегирифт, ки бо қабули қонуни маъруф ба танзим ҳадди ниҳоии он муайян шуда буд. Ҳоло барои тӯйдорон марзи хароҷот рӯшан нест.
Кумитаи дин, ки ҷашну маросими мардумро назорат мекунад, ҳадди ниҳоии қалин ё маҳрро ба салоҳияти кумисюнҳои маҳаллӣ вогузор кардааст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, гуфт, "баъзе коршиносон меоянд, ҳангоми суҳбат ба мо ироа мекунанд, ки яке аз сабабҳои зуд аз ҳам пошхӯрии оилаҳо кам будани ҳамин чиз аст. Гуё духтарҳо беқадр шуда бошанд."
Ба қавли Давлатзода, ки аз номи коршиносон суҳбат мекард, замони шӯравӣ хароҷоти тӯй ба маротиб болотар будааст. Ин харҷ аз тарафи падару модарон як кафолати бақои оила ба шумор меравад.
Фаридун Ҳодизода, коршинос дар умури дин, бар ин аст, ки барои таҳкими оилаҳои ҷавон ва коҳиш додани хатари фурӯпошии хонаводаҳо ин хароҷот бояд ба гунаи дигар танзим шавад: “Агар қалин диҳанд, ба падару модари келин меравад. Инҳо мехӯранд. Вақте духтарашон ҷудо мешавад, дарди сар мешаванд ба инҳо. Лекин аз он пул як тин ҳам намедиҳанд ба духтар.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Қалин" ва "ҷиҳоз". Ченаки "нарх"-и арӯсу домод дар Осиёи МарказӣАз сӯйи дигар, шаҳрвандон ба пардохти маблағ нигоҳи манфӣ доранд. Онҳо низ иқрор мекунанд, ки ин бахши бунёди оилаҳо ба дурустӣ танзим нашуда, гоҳе худ сабаби фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон мегардад. Ё ба ин восита зиёд шудани харҷи тӯй ва танҳо ба дӯши ҷониби домод афтодани он низ бо зиёни наварӯсон поён меёбад.
Як пурсиши Радиои Озодӣ ҳам дар миёни мардум нишон дод, ки онҳо назари ҳамсон ба ин мавзуъ надоранд:
- “Духтар худаш бебаҳо аст. Нарх мондан каме нодуруст аст.”
- “Ҳозир ҳар хел аст. Як ҷо меравӣ, 40 ҳазор мегӯянд. Дар як ҷои дигар 100 ҳазор мегӯянд.”
- “Мо 8 бача будем. Падарам мегуфт, агар ман духтар медоштам, меомаданд, ба як мошин каҳ медодам. Мисол, он одам бо умед ба хонаат даромадааст. Хотири одамро бин. Агар одам камтар виҷдон дошта бошад.”
- “Аз нуқтаи назари ман, ба ҳама дастрас нест. Бигзор ҳар ду тараф ба як маслиҳат биёянд, ки хароҷот кам бошад. Умуман даркор нест. Хайр, барои тӯю тамошо мо ҳеч чиз намегӯем. Лекин вақте қалин 70-80 ҳазор сомонӣ мешавад, албатта, ҳар кас аз уҳдааш намебарояд.”
Хароҷоти тӯй дар Тоҷикистон аз гузашта то кунун дар ҷомеа мавзӯи пурбаҳсест. Яке аз ҳадафҳои қабули қонуни маъруф ба танзим кам кардани харҷ дар ҷашну маросим, аз ҷумла тӯйҳо гуфта мешуд.
Таҷрибаи то ба 100 ҳазор сомонӣ расидани қалин ё маҳр нигарониҳоро ба бор овардааст, ки шояд ин ҳадди охирин набошад ва қонун онро бояд танзим кунад. Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, муқаррароти ин қонуни пурбаҳс риоя шавад. Вале дар соли гузашта ҳудуди 1300 парвандаи маъмурӣ боз шуда ва аз ин ҳисоб наздик ба 11 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз 30 то 100 ҳазор сомонӣ -- ҳаққи маҳр дар Тоҷикистон