Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷиҳози арӯс то... Ҳама бо доллар ҳисоб мешавад, на сомонӣ (ВИДЕО)


Бо вуҷуди он ки ҳамгуна додугирифт бо асъори хориҷӣ дар бозорҳои Тоҷикистон мамнӯъст, вале аз ҷиҳози арӯс сар карда, то манзили истиқоматӣ бо доллар нархгузорӣ ва хариду фурӯш мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши гардиши асъори хориҷӣ дар хариду фурӯши дохилӣ ҳушдор дод ва гуфт, дар заминаи қонунҳои кишвар ҳамагуна додугирифт бо арзи хориҷӣ мамнӯъ аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати ошкор шудани мавориди харидуфурӯш бо асъори хориҷӣ ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда муҷозот мешавад. Қурбонов афзуд, арзи хориҷӣ бештар дар хадамоти ширкатҳои мобилӣ, донишгоҳҳои олӣ ва бахшҳои дигар истифода мешавад, ки на танҳо ҷавобгарии маъмурӣ, балки ҷиноят ҳисоб мешавад.

"Хизматрасонӣ бо пули хориҷӣ бо иҷозатномаи махсус анҷом мешавад. Ҳоло иҷозатномаи махсуси Бонки миллиро танҳо хизматрасонии консулагрӣ дар фурудгоҳ, хизматрасонии махсуси таъминоти

Абдуғаффор Қурбонов
Абдуғаффор Қурбонов

парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиётии байналмилалӣ доранду бас,"-гуфт Абдуғаффор Қурбонов.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоле ба таҳкими ҷойгоҳи пули миллӣ - Сомонӣ иқдом кардааст, ки қимати он дар моҳҳои ахир дар баробари доллари амрикоӣ ба шиддат поён рафт. Гуфта мешавад, ин коҳиш ба поён рафтани қурби рубли русӣ ва ҳамин тавр иқтисоди Русия вобаста аст.

Тоҷикистон “Сомонӣ”-ро дар моҳи октябри соли 2000 ҷорӣ кард ва тӯли 15 сол борҳо тавонист аз беқрубшавии он ҷилавгирӣ кунад. Аммо дар тамоми ин муддат аз маҳри арӯс гирифта то хариду фурӯши маҳсулоти умдаи дохилӣ ҳамагӣ бо сомонӣ анҷом мешавад.

Коҳиши бесобиқаи рубли русӣ, ки дар пайи бӯҳрони Украина ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия буруз кард, дафъатан ба Тоҷикистон таъсир гузошт. Ин кишвар, ки солона то 4 миллиард долларро аз садҳо ҳазор шаҳрванди муҳоҷираш дар Русия дарёфт мекард, якбора ҳам ба беқурбшавии сомонӣ ва ҳам коҳиши доллар дар бозори дохилӣ рӯ ба рӯ шуд. Ба хотири аз байн бурдани таҳлука дар бозори арз Бонки миллӣ ду дафъа, дар 30 сентябр ва 1 октябри соли гузашта ба бозори арз мудохила кард ва ҳудуди 7 миллион сомониро ба бозор рехт.

Хуҷанд. Навбатпойӣ барои доллар
Хуҷанд. Навбатпойӣ барои доллар

Аз камёфт шудани арзи хориҷӣ ва мамнӯъ шудани додугирфти шаҳрвандон бо доллару евро аз ҳама бештар тоҷирҳо зарба мехӯранд. Онҳо маъмулан молро дар хориҷи кишвар бо доллар мехаранд ва онҳоро ҳам бо доллар ва ҳам бо пули миллӣ ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар пайи беқурб шудани “сомонӣ” тоҷирҳо, ки маъмулан аз саррофиҳо арзи хориҷӣ мехариданд, ҳазорҳо доллар зарар мебинанд. Тоҷирҳо мегӯянд, ҳоло харидорҳо низ долларҳояшонро ҳифз мекунанд.

“Пештар зиёд буданд одамон, ки доллар пешниҳод мекарданд. Ҳозир ин чиз камтар шудааст. Паст шудани қурби сомонӣ ё мизони аниқ надоштани он боиси ҳам кам шудани харидорон ва зарари мо соҳибкорон мегардад. Агар сомонӣ мувозинати қурби худро дар бозори асъор муайян созад, барои тоҷирон ҳам муфид хоҳад буд,”- мегӯяд Раҳимахон Шарифова, яке аз тоҷирони бозори "Корвон", ки либосҳои кӯдакона савдо мекунад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон маъмулан ҷавоҳирот ва ҷиҳози арӯсӣ, аз қабили ҷевону рахти хоб, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, хонаи истиқоматӣ ва мошин бо доллари амрикоӣ харидорӣ мешаванд. Вазир Собиров, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, дар ҳар кишвар масъулияти ҷилавгирӣ аз беқурбшавии пули миллӣ бар дӯши Бонки миллӣ аст, Тоҷикистон низ инстисно нест.

“Тамоми муносибатҳои хориҷии мо бо доллар сурат мегирад. Дар соли 2014 қариб 3 бор воридот нисбат ба содирот зиёд аст. Яъне, ин ба маъност, ки барои Тоҷикистон ҳар қадар бештар асъори хориҷӣ лозим аст, то ин ки як андоза қурби пули мо нигоҳ дошта шавад. Зеро вақте талабот ба доллар бештар мешавад ва пешниҳодҳо онро қонеъ карда наметавонад, қурби сомонӣ низ метавонад мисли рубли русӣ ба маротиб поён равад,”-мегӯяд ин коршинос.​

Ҳама чиз ба доллар...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:24 0:00

Саломат Холиқова, сокини 63 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қарор аст то чанд рӯзи дигар духтари хурдияшро ба шавҳар диҳад, мегӯяд, барои пули маҳр аз ҷониби домод ба вай 2 ҳазору 100 доллар додаанд. Ӯ мегӯяд, азбаски нархи ҳама маводи қимат дар бозорҳои Тоҷикистон бо доллар муқаррар мешавад, онҳо низ тасмим гирифтаанд, пули маҳри духтарашонро бо доллар муайян кунанд. Ин хонум мегӯяд, барои харидории ҷиҳози арӯсӣ аз қабили ҷевон, мошини ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизотҳои техникии рӯзгор пули миллӣ ба зарараш хатм мешавад.

Бо мушкил шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия талабот ба нерӯи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар камтар мешавад. Русия, ки баъди бӯҳрони Украина ва пуштибониаш аз ҷудоихоҳони шарқи ин кишвар то рафт ба инзивоъ ворид мешавад, роҳи ҳалли мушкили иқтисодияшро дар берун кардани бахши умдаи муҳоҷирон аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ мебинад. Танҳо аз аввали сол то ҳол наздик ба 300 000 шаҳрванди Тоҷикистон, онҳое, ки бо маблағҳои худ камари “сомонӣ”-ро мустаҳкам нигоҳ медоштанд, аз Русия ба ватан баргаштанд.

XS
SM
MD
LG