Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарҷу марҷ дар бозори мубодилаи асъор


Дарсади фоидаи бонкҳо ва саррофиҳои Тоҷикистон дар пайи уфту хези қурби сомонӣ дар баробари доллар ва евро торафт боло меравад. Саррофон инро ба хотири ҷуброни “риск”- и худ, вале сокинони оддӣ ин муомиларо “ноинсофона” мехонанд.

Ҳоло дар саррофиҳои Тоҷикистон арзиши харид ва фурӯши доллар дар рӯзҳои оддӣ ҳадди ақал 5 сомонӣ фарқ дорад. Дар ҳоле, ки то тирамоҳи соли гузашта ва афтиши қурби сомонӣ бо таъсири беқурб шудани рубл дар баробари асъори хориҷӣ 2-3 сомониро ташкил медод. Қабл аз он, дӯконҳои мубодилаи асъор аз харидуфурӯши 100 доллар 1 сомонӣ сӯд мебардоштанд.

Субҳи рӯзи панҷшанбеи 15-уми январ дар дӯконҳои саррофии Хуҷанд 100 доллари амрикоӣ ба 565 сомонӣ харида ва 570 фурӯхта мешуд. Саррофон мегуфтанд, ки як рӯз қабл қурби 1 доллар то 5.72 сомонӣ баланд рафта буд, вале ҳоло майл ба поинравӣ дорад. Як сарроф, ки нахост ошкор карда шавад, гуфт:

"Дар бозори саррофии Хуҷанд, дар канори бозори бозори “Панҷшанбе” як беназмӣ дар таъини қурби сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ, ба хусус доллар ба чашм мерасид ва нархи хариди 100 доллар аз фурӯши он 5-6 сомонӣ паст буд. Он ҷо одамон пулро мисли моли дигар савдо мекунанд ва харидорону саррофон дар поину боло бурдани қурби сомониву доллар бо ҳам талош мекарданд."

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ бо номи Абдуфаттоҳ мегӯяд, вай як рӯз қабл 100 долларро дар як дӯкони мубодилаи асъор ба 565 сомонӣ иваз кард, ҳол он, ки баъди лаҳзае дар пеши чашмам онро ба 573 сомонӣ ба савдо заданд: “Назди чанд сарроф, ки рафтам, саволи аввалашон ин буд, ки доллар доред ё сомонӣ. Агар гӯед, ки доллар гирифтанӣ ҳастам, бо баҳонае, ки надоранду ҳоло каме сабр кунам, меёбанд, албатта ба нархи баландтар. Гуфтам, ки доллар дорам барои иваз кардан, нархашро поин бурданд. Ин албатта, аз рӯйи инсоф нест.” афзуд вай.

Мусоҳиби дигарам, як марди миёнсол мегӯяд, дидани ин беназмӣ дар дӯконҳо, ба хусус дар бозори “сиёҳ”-и саррофӣ ӯро хаста кардааст: “Ин ҷо ҳеҷ назорат ва касе нест, ки контрол кунад. Халқ азоб мекашад.”

Аммо як саррофи аз бозори Панҷшанбе мегӯяд, онҳоро ҷастухези қурби асъор дар моҳҳои охир, ба баланд бурдани сӯд водор кардааст. Вай афзуд: “Чунки ҳозир аз ҳисоби пасту баланд шудани қурб рискамон зиёд шудагӣ аст. Мисол, 100 долларро ба 565 сомонӣ мехарӣ, баъди як соат қурбаш боло мехезад, доллар якбора камёб мешавад, маҷбур ба 568 сомонӣ мехарӣ. Барои ҳамин пеш 100 долларро ба 1 сомонӣ зиёд мефурӯхтем. Ҳозир ба 5 сомонӣ зиёд, баъзеҳо то 7 сомонӣ зиёд мефурӯшанд.”

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикстон дар Хуҷанд мегӯяд, рӯзи 15-уми январ қурби расмӣ 5. 3503 сомонӣ барои 1 доллар ва 0. 0807 сомонӣ ба 1 рубли русӣ аст. Вале дар дӯконҳои табодули нақди Хуҷанд 1 доллар ба ҳудуди 5.65 сомонӣ харида ва ба 5.70 фурӯхта мешуд.

Як ходими шӯъбаи танзими асъор, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ин гуна сӯд гирифтан аз ивази асъор дуруст нест: “5-10 сомонӣ фарқ мондан барои харид ва фурӯши 100 доллар сомонӣ мумкин нест. Онҳо вақти фурӯши асъор ҳадди ниҳоӣ бояд аз 3 пункт зиёд сарборӣ намонанд. Фарз кардем, 100 доллар ба 500 сомонӣ харида шавад, онро ба нархи 1-2 сомонӣ, ҳадди ниҳоӣ 3 сомонӣ зиёд фурӯхтан мумкин, аз ин зиёдаш беинсофӣ мешавад.

Ба гуфтаи мусоҳибам, тибқи дастуруламали рақами 202-и Бонки миллии Тоҷикистон, дарсадии фурӯши асъор дар ҳудуди 0.5 дар сад аз нархи хариди он муайян шуда буд, вале 1 сол пеш, моҳи январи соли 2014 ин маҳдудият барҳам зада шудааст. Ҳоло арзиши харид ва фурӯши сомониро дар баробари асъори хориҷӣ саррофони худкор ва ташкилотҳои қарздиҳӣ барои дӯконҳои худ, вобаста ба талаботи бозор таъин мекнанд. Танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ, Бонки миллӣ ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ бо рехтани асъори зарурӣ, кори бозори нақдинаи асъорро танзим мекунад.

Ин корманди намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, барои санҷиши кори дӯконҳои шахсии саррофӣ ва барҳам задани “бозори сиёҳ” - и асъор, фишанг надорад. Вале метавонад ба ҳайси мақомоти назораткунанда фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзиро танзим кунанд: “Мо ҳоло ҳаракат карда истодаем, бозори ғайрирасмӣ, “бозори сиёҳ”-и мубодилаи асъорро пурра аз байн бардорем. Мо дар ин бора расман ба ҳукумати вилоятӣ низ муроҷиат кардем.”

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 421 нуқтаи мубодилаи асъор, ба шумули 241 чунин нуқтаҳои шахсӣ фаъол аст ва қурби сомониро барои асъори хориҷӣ таъин мекунанд. Зафарҷон Нормуродов -- сардори сектори бозори чакана дар намояндагии “Агроинвестбонк” дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд: “Пеш Бонки миллӣ муқаррар карда буд, ки фурӯш танҳо бо иловаи то 1 сомонӣ сурат бигирад. Масалан, дар нуқтаҳои мубодила 100 доллар ба 500 сомонӣ харида шавад, бо нархи 1 сомонӣ зиёд фурӯхтан мумкин. Ҳоло ин маҳдудият аз миён бардошта шудааст.Бонки миллӣ таъини қурби шинокунанда ё озоди асъорро ба роҳ мондааст. Бозори табодули асъор озод шудагӣ аст . Дар ин бозор кормандони нуқтаи табодул ва харидор бо ҳамдигар савдо ва пул иваз мекунанд.”

Мусоҳибам дар посух ба ин савол, ки оё ин вазъи озоди табодули асъор боиси ҳараҷу мараҷ дар бозори асъор ва ба таври сунъӣ баланд бурдани нархи фурӯши доллару евро намешавад, чунин гуфт: “Дуруст. Аммо барои танзими вазъ ва тамъини қурби пули миллӣ Бонки миллӣ ҳар рӯз асъори заруриро ба бозор мебарорад. Вале бозори асъор, ки озод ва бештари нуқтаҳои ивази асъор, ки хусусӣ шудагӣ, онҳо аз рӯйи талаботи бозор қурби асъорро таъин мекунанд. Мо ба онҳо мустақиман таъсир расонида наметавонем.”

XS
SM
MD
LG