Пахтакорони як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода мунтазири моҳи октябр ҳастанд. Як масъули ин хоҷагӣ гуфт, имсол ба сари ҳар кило пахта 4-5 сомонӣ пешниҳод мешавад, аммо онҳо саросема нестанд.
Ӯ нахост номаш гуфта шавад, вале рӯзи 22-юми сентябр аз таҷрибаашон чунин нақл кард: "Мехоҳем, пас аз панҷуми октябр чидани ҳосилро шуруъ кунем. Мо пахтаро нағз шукуфонда, баъд як бор мечинем. Ҳар сол бачаҳо аз Суғд ва Хатлон омада, пахтаи моро мебурданд. Мо асосан нахи пахта мефурӯшем, лекин имсол дақиқ нест."
Ин кишоварз гуфт, онҳо мунтазири харидори хуби пахта мешаванд. "Агар харидори дақиқ биёяд, пули нағз диҳад, баъд пахтаро медиҳем. Ҳоло дар хона пахтаи дусола истодааст. Нарх поин буд, нафурӯхтем. Ҳозир нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 1600-1900 доллар барои як тонна аст. Нисбат ба соли гузашта нағз," – афзуд мусоҳиби мо.
Вазорати кишоварзӣ аз коҳиш гуфт
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз таъхир дар ҷамъоварии пахта хабар додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Азия-Плюс", то 20-уми сентябр дар Тоҷикистон каме бештар аз 68 ҳазор тонна пахта чида шудааст, ки ҳамагӣ 17 дарсад аз нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду баробар камтар аст.
Баҳодур Ҳасанзода, сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби то кунун кам чида шудани пахтаро ба номусоид омадани ҳаво пайванд дод.
Ӯ гуфт: "То 28-уми март бориш буд, мо каме дер кардем. Ҳоло тахминан 66 тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта қафо мондаем. Ҳосил ҳаст, ҳосил хуб аст дар саҳро. Бо сабаби ҳамин боришҳои баҳор чидани ҳосилро мо 15 рӯз дертар сар кардем."
Инро ҳам бинед:
"Чаппагардон мекунем." Деҳқонҳоро дубора ба кишти пахта маҷбур кардаандҲасанзода афзуд, дар вилояти Хатлон ҳар кило пахтаро аз 5 то 6 сомонӣ харидорӣ мекунанд: "Дар вилоят 14 мошини пахтачинӣ кор мекунад. Ду ширкати чинӣ (хитоӣ) кор мекунад – дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ёвон ва Данғара. Ғайр аз ин, дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ширкати "БТК Кӯлоб" ду мошини пахтачинӣ кор мекунад."
Ба суоли ин ки имсол нақшаи чидани пахта дар Тоҷикистон иҷро хоҳад шуд ё не, Ҳасанзода гуфт, "бояд шавад. Соли гузашта мо дар вилояти Хатлон рӯзи 5-уми ноябр тамом кардем, имсол шояд то 20-25-уми ноябр давом кунад."
Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки имсол наздик ба 395 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. Чунин нақшаҳо одатан дар аввали сол ба кишоварзон супориш дода мешаванд. Аз онҳо талаб карда мешавад, ки пахта кишт кунанд, ҳарчанд мегӯянд, даромади пахта ҳаваси онҳоро намеорад.
Вале барои кишвар ва ширкатҳои монополии фурӯшандаи пахта ин растанӣ муҳим аст. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз шаҳри Турсунзода мегӯяд, имсол дар камтар аз сӣ дар сади замини хоҷагиашон пахта кориданд. Масоҳати умумии заминҳои ин хоҷагӣ 38 ҳазор гектар аст.
"Дар соҳаи пахтакории Тоҷикистон як ислоҳоте зарур аст. Саҳми давлат дар ҳамкорӣ бо деҳқон бояд фаъолтару бештар бошад. Масалан, дар Узбекистон ба деҳқон ҳама чизро давлат медиҳад, бо нархи муайян медиҳад ва бо нархи муайян харида мегирад. Деҳқон қариб ягон зарар намебинад," – хулоса кард ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазири кишоварзӣ гуфт, набояд деҳқонро ба кишти пахта маҷбур кардПахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, вале солҳои охир ба далели нархи поини он ва харҷу заҳмати зиёд майли деҳқонҳо барои кишту ҷамъоварии он кам шудааст.
Дар айни замон назорат бар соҳаи фурӯши пахта дар кишвар аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат монополия шуда, даромади аслӣ аз фурӯши “тило”-и сафедро онҳо ба даст меоранд. Кишоварзон бештар ба парваришу гандуму сабзавот ва хӯроки чорво, ки харидорони зиёд доранд, рӯй овардаанд.