“Куҷоро нигоҳ кардед, ҳама ришқа (юнучқа) коридааст. Пагоҳ пахтаро дар куҷо мекоред? 70 дарсад бояд пахта шавад. Тракторро медарорем. Кадом хоҷагие, ки ҳамингуна ришқа коридааст, ҷуфт мекунем. Фарқ надорад, кӣ аст.”
Ин навори суҳбати як мансабдор аз ноҳияи Вахш чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва сабаби баҳси зиёд гашт. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз кишти юнучқа ё алафи беда норозӣ буда, ба деҳқонон мегӯянд, дар ҳафтод дарсади замин бояд пахта кишт шавад, вагарна замини юнучқаро чаппагардон мекунанд.
Деҳқонон аз ноҳияи Ҳамадонӣ низ бо фиристодани чанд видео ба Радиои Озодӣ аз чаппагардон кардани кишти гандумашон шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ин дастур бо супориши раиси ноҳия иҷро шудааст.
Фаррухуддин Набизода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, гуфт, “кишти пахтаи мо шаш ҳазор гектарро дар бар мегирад. Зиёда аз 14 ҳазор замини корам дорем. 12 ҳазор гектараш замини обӣ аст.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта қарор қабул кард, ки деҳқонон бояд дар 65 дарсад аз заминашон пахта коранд. Яъне, агар деҳқоне даҳ гектар замин дорад, ҳадди ақал дар шаш гектараш пахта кишт кунад.
Бо вуҷуди чунин маҷбуркунӣ се ноҳия дар минтақаи Кӯлоб – Ҳамадонӣ ва Фархору Восеъ – нақшаи пахтаро дар соли гузашта иҷро накарданд.
Вазири кишоварзӣ аз тахриби кишти гандум дар баъзе шаҳру ноҳияҳо барои пахтакорӣ норозист. Қурбон Ҳакимзода моҳи январи имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Ҳоло беғамӣ ва беэътиборӣ мекунанд. Мегарданд-мегарданд, баъд моҳи апрел ба зарари деҳқон чунин кор мекунанд. Мо ҳам маълумот дорем. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто майдони гандум ё майдони зироати хӯроки чорворо вайрон карда, пахта кишт кардаанд. Ин фактҳо ҳам аст."
Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, вале солҳои охир ба далели нархи поини он ва харҷу заҳмати зиёд майли деҳқонҳо барои кишту ҷамъоварии он кам шудааст.
Дар айни замон назорат бар соҳаи фурӯши пахта дар кишвар аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат монополия шуда, даромади аслӣ аз фурӯши “тило”-и сафедро онҳо ба даст меоранд. Кишоварзон бештар ба парваришу гандуму сабзавот ва хӯроки чорво, ки харидорони зиёд доранд, рӯй овардаанд.
Кишти маҷбурии пахта имсол дар ҳоле доғ мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли болоравии бесобиқаи нархи хӯрокворӣ ҳушдор додааст. Маълум нест, акнун мақомот ба кишти гандуму зироатҳои дигар таваҷҷуҳ мекунанд ё фишорро барои пахтакорӣ идома хоҳанд дод.