Ин масъала баъди он доғ шуд, ки баъзе пахтакорон шикоят карданд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунанд. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, зидди чунин амалҳост. Бо ин вуҷуд, ӯ гуфт, ки аз тахриби кишти гандум дар баъзе шаҳру ноҳияҳо барои пахтакории маҷбурӣ огоҳ аст.
Ӯ гуфт: “Ҳоло беғамӣ, бе эътиборӣ мекунанд, мегарданд-мегарданд, баъд моҳи апрел мешавад, мебинад, ки заминҳо банд аст. Баъд зарба ба деҳқон, ба зарари деҳқон расонида, чунин кор мекунанд. Мо ҳам маълумотҳо дорем. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо то ҳатто майдони гандум ё майдони зироати хуроки чорворо вайрон карда, пахта кишт кардаанд. Ин фактҳо ҳам аст”.
Вазири кишоварзӣ ҳамкории бештари мутаххассисон, олимону масъулонро бо деҳқонон муҳим дониста, гуфт, ки дар маҳалу ҷамоатҳо ба деҳқонон фаҳмонанд, кӯмак кунанд, на дар дар моҳи апрелу май рафта заминҳои кишти онҳоро чаппа кунанд.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, “ин зарар ба иқтисодиёти худи ҳамон маҳал, зарар ба деҳқон ва аллакай ин ба ҳолати иқтисодии оилаи ӯ зарар мерасонад. Мумкин нест, чун деҳқон дар интихоби ин ё он зироат озод аст”.
Маҷбур кардани деҳқонон ба кишти пахта борҳо боис ба нигаронии баъзе аз кишоварзон шудааст. Дар гузашта деҳқонон аз он шикоят мекарданд, ки бо назардошти харҷи зиёд ва даромади ками пахта дар кишвар, ба кишти дигар зироатҳо рӯ овардаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Мурод Менгилиев, як кишоварз гуфт, ба онҳо таъкид шуд, ки ҳатман пахта коранд ва ӯ кишти алаф барои чорпоёнашро хароб карда, пахта киштааст.
Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, барои вайрон кардани замини кишт, мақомот бояд ба деҳқон ҷуброн пардохт кунад, вале шарҳ надоданд, ки барои чунин амал зиёни деҳқоне ҷуброн шудааст ё касе аз масъулон барои ин ҷазо дидааст ё не.
Бино бар иттилои расмӣ, соли сипаришуда дурнамои ҷамъоварии пахта иҷро шуда, ҳаҷми истеҳсоли он бештар аз 390 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Бо ин вуҷуд, нигарониҳо аз рушди сусти соҳаи пахтакорӣ, ҳосилу коркард ва пешниҳоди имтиёз ба пахтакорон миёни коршиносону деҳқонон садо медиҳад. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба рушди соҳаи пахтакорӣ мехоҳад ду санад қабул кунад, ки ба иттилои расмӣ, дар ин санадҳо сабукӣ ба пахтакорон ва ҳалли дигар мушкилоти соҳа пешбинӣ шудааст. Маълум нест, чунин санадҳо то куҷо метавонанд ба рушди пахтакорӣ мусоидат кунад.
Гуфтугӯ