Трамп ва Эрон аз ниҳоӣ шудани созиши сулҳ хабар доданд

Доналд Трамп

Покистон ба унвони миёнҷӣ дар музокирот миёни Эрон ва Амрико эълон кард, ки Теҳрон ва Вашингтон ба созише барои барқарории сулҳ ва "поёни фаврӣ ва доимӣ"-и амалиёти низомӣ дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, даст ёфтаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ бо нашри баёнияе эълон кард, ки созиш бо Ҷумҳурии исломии Эрон ниҳоӣ шудааст ва аз бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва рафъи муҳосираи баҳрии Амрико хабар дод.

Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои энержии ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳудуди 20 дарсади нафти хоми ҷаҳон аз тариқи он мегузарад.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ чанд соат аз пас баёнияи Трамп, эълон кард, ки созиши нав бо Амрико ба ҷанг миёни ду кишвар "поёни фаврӣ" медиҳад.

Дар баёнияи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон омадааст, "ба дунболи як давраи музокироти душвор ва фишурдаи чандмоҳа, ва бар асоси қарори Шӯрои олии амнияти миллӣ, матни ёддошти тафоҳум дар хусуси музокироти поёни ҷанг (музокироти Исломобод)-ро миёни Эрон ва Амрико дар шомгоҳи 14 июн ниҳоӣ шуд".

Дар ин баёния омадааст, ки бар асоси созиш, "ҷанг ва амалиёти низомӣ дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон аз имшаб ба сурати фаврӣ ва доимӣ поён ёфта ва ба илова, муҳосираи баҳрӣ алайҳи Эрон билофосила ба таври комил хотима меёбад".

Баёнияи Шӯрои амнияти миллии Эрон тасдиқ кардааст, ки "имзои ин ёддошти тафоҳум дар рӯзи ҷумъаи 19 май ба таври расмӣ анҷом хоҳад шуд".

Эрон дар ин баёния аз Покистон ва Қатар барои иҷрои нақши миёнаравӣ сипосгузорӣ кардааст.

Ҷанг миёни ИМА ва Эрон бо ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил дар рӯзи 28 феврали имсол оғоз шуд. Ин ҷанг то рӯзи 8 апрел идома кард ва сипас ҷонибҳо ба оташбаси муваққат розӣ шуданд. Дар ин миён тарафҳо ба таври пароканда борҳо ба якдигар ҳамлаҳо карданд.

Бар асари ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ, шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомии Эрон, кушта шуданд.