Трамп аз "созиши бузург" гуфт. Эрон: "Ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст"

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз даст ёфтан ба як "созиши бузург" бо Эрон барои поён додан ба ҷанги Ховари Миёна хабар дод. Ӯ рӯзи 11-уми июн гуфт, интизор меравад маросими имзои созиш охири ин ҳафта дар Аврупо баргузор шавад ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳур, дар ин маросим иштирок мекунад.

Трамп афзуд, "ба шарти ниҳоӣ шудани санадҳо, ки бояд дар чанд рӯзи оянда анҷом шавад, эҳтимолан маросими имзо дар Аврупо баргузор хоҳад шуд". Вай эълон кард, ки баробари имзои созиш бо Эрон, "тангии Ҳурмуз ба шакли расмӣ боз хоҳад шуд".

Раисҷумҳури Амрико бо ишора ба ин ки худаш наметавонад дар маросими имзои ин созишнома иштирок кунад, гуфт, Ҷей Ди Венс ба ин ҳадаф ба Аврупо сафар хоҳад кард. Доналд Трамп аз миёнаҳои моҳи март борҳо гуфтааст, ки даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанг наздик аст.

Рӯзҳои ахир Амрико ба хоки Эрон ва Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс, ҳамлаҳо карданд.

Ду тараф ҳафтаи ҷорӣ ба якдигар ҳамлаҳо карданд, ки оташбас миёни онҳоро бисёр шикананда кардааст. Бо ин ҳол, манбаъҳои эронӣ ва ғарбӣ рӯзи 11-уми июн эълон карданд, ки талошҳо барои даст ёфтан ба як созиши муваққат барои поён додан ба даргириҳо афзоиш ёфтааст.

Трамп чанд соат пеш аз ин дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Social Truth хабар дод, ки бинобар пешрафти музокирот бо Эрон барои даст ёфтан ба созиши поёни ҷанг ҳамлаҳои барномарезишударо барои шаби панҷшанбе лағв кардааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, суҳбатҳое, ки дар бораи созиши поёни ҷанг матраҳ мешавад, "гумоназанӣ аст" ва ҳанӯз ҷузъиёт ниҳоӣ нашудааст.

Ишораи Исмоил Бақоӣ ба суханони Доналд Трамп аст, ки аз эҳтимоли имзои "тавофуқи бузург" дар охири ҳамин ҳафта дар Аврупо сухан гуфт. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки Теҳрон "аз хатҳои сурхаш кӯтоҳ нахоҳад омад".

Исмоил Бақоӣ

Ӯ тасдиқ кард, ки "бахши бузурге аз матни мавриди музокира ниҳоӣ шудааст", аммо гуфт, " амрикоиҳо пайваста назарашонро тағйир медиҳанд".

Исмоил Бақоӣ дар бахши дигаре аз суханонаш ҳам гуфт, "вазъият дар тангаи Ҳурмуз бинобар иқдомоти Амрико бесуботтар шудааст".

Ба гузориши "Рейтерз", се манбаи эронӣ эълон карданд, ки як созиши сиёсӣ ҳосил шудааст, аммо баъзе аз масъалаҳо ниёзманди баррасӣ аст, аз ҷумла раванди озодсозии миллиардҳо доллар аз даромадҳои нафтии Эрон, ки дар бонкҳои хориҷӣ банд мондаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъҳо, ин созиш ба таври муваққат назорати Эронро бар тангаи Ҳурмуз коҳиш дода ва ба муҳосираи бандарҳои Эрон аз сӯи Амрико поён хоҳад дод.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳалношуда дар бораи барномаи рушди ҳастаии Теҳрон ва захираҳои уранюми ғанишуда ба музокироти оянда вогузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп бори дигар таъкид кард, ки бар асоси ин созиш, Эрон ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт, на аз роҳи тавлид, на харид ва на ҳеч шакли дигар.