Додситонии ноҳияи Сино парвандаи шаш корманди милисаи шаҳри Душанберо ба додгоҳ фиристодааст, ки ба гуфтаи муфаттишон, сабабгори марги як муттаҳам ба ҷиноят шудаанд.
Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи шаш нафар ба “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» муттаҳам мешаванд. Таҳқиқи парванда тақрибан чаҳор моҳ идома дошт ва эҳтимол меравад аст, айбдоршавандагон рӯзҳои наздик дар яке аз додгоҳҳои Душанбе дар курсии гунаҳкорон бинишанд.
Парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифтааст. Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлобро рӯзи 8-уми январ кормандони Шӯъбаи дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Вале баъди муддати кӯтоҳе ҷасади Мақсудҷонро ба аҳли хонаводааш дода ва хостаанд, ки зуд ӯро ба хок супоранд.
Хешовандони ин ҷавон он замон нахостанд дар бораи ҳодиса бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд, вале чанде аз дӯстонаш, дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки дар бадани Мақсудҷон сиёҳиву кабудӣ ва дар ангуштони дастону пойҳояш осори сӯхтагӣ аён буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон астБо вуҷуди ин ба гуфтаи манобеи огоҳ аз парванда, ҳеч яке аз кадоме аз маъмурони милиса ба шиканҷа муттаҳам нашудаанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва додситонии Тоҷикистон ҳам умдатан то замони эълони ҳукм аз ҷараёни тафтиш, ё худи парванда ба хабарнигорон иттилоъ намедиҳад ва агар ин корро карда бошад, ҳам аҳёнан кардааст.
Яке дигар аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи Душанбе, бар хилофи муқаррарот, кормандони бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки “як навъ худсарӣ” ба ҳисоб меравад.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи “гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Ба додгоҳ фиристодани парвандаи шаш маъмури милиса дар Душанбе дар ҳолест, ки аввали моҳи май Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аз “гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо” изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.