"Агар мошин зер кард, чаро ягон ҷояш нашикаст"? Марги як сарбоз дар Ҳамадонӣ

Одилҷон Исломзода.

Одилҷон Исломзода, сарбози 19-солаи тоҷик, ки ба қавли наздиконаш 7 моҳ пеш ба артиш бурда шуда буд ва дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард, ба таври мармуз ҷон бохтааст.

Мақомот ҷасади ӯро шаби 8 май ба зодгоҳаш дар деҳаи Ғиждарваи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент оварданд ва ӯ субҳи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Сабаби расмии марги Одилҷон Исломзода маълум нест. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.

Яке аз наздикони Одилҷон Исломзода 9 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ба онҳо гуфтанд, ки гӯё ӯро мошин пахш кардааст.

Аммо онҳо ба ин фарзия бовар надоранд ва мегӯянд, ки ҳолати бадани Одилҷон ба ин монанд набуд ва осори латукӯб дар он дида мешуд.

"Агар мошин пахш мекард, ҳатман ягон ҷояш мешикаст. Вале дар бадани ӯ ин чиз дида намешуд. Баръакс гардани ӯ аз осори латукӯб сиёҳ буд",-гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.

"Тирамоҳ рафта буд, ва моҳи ҳафтуми хизматаш буд. Шаб оварданд ва субҳ зуд ба хок супурданд",-гуфт ин манбаи Радиои Озодӣ.

Одилҷон писари чоруми ин хонавода буда, бародарони дигараш ҳам дар артиш хизмат кардаанд.

Давоми як моҳи охир ин бори чаҳорум аст, ки ҳалокати сарбозони тоҷик расонаӣ мешавад.

Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола аз Файзобод дар зарфи ду ҳафтаи охири моҳи апрел ҳалок шуданд.

Дар пайи ҳалокати ин сарбозон дар як моҳи гузашта, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4 май аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.

Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд.