Трамп "Тарҳи озодӣ" дар тангаи Ҳурмузро мутаваққиф кард

Доналд Трамп дар Кохи Сафед. 5 май, 2026.

Раисҷумҳури Амрико шоми 5 май иҷрои "Тарҳи озодӣ" барои берун овардани киштиҳои бандмондаи кишварҳои бетараф ва маллоҳонро аз тариқи тангаи Ҳурмуз, мутаваққиф кард.

Доналд Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии худ, Social Truth, навишт, ки ин иқдомро бо таваҷҷуҳ ба дархости Покистон ва дигар кишварҳо анҷом додааст, "то маълум шавад, оё тавофуқ метавонад ниҳоӣ ва имзо шавад ё не".

Иҷрои ин тарҳ рӯзи 4 май оғоз шуда буд, вале пас аз 48 соат мутаваққиф шуд. Эрон ва Амрико рӯзи 8 апрел оташбас эълон карданд, вале ҳанӯз дар бораи поён додани ҷанг бо созиш нарасидаанд.

Теҳрон, ки аз замони оғози ҷанг амалан тангаи Ҳурмузро бастааст, пештар гуфта буд, ки Амрико бояд ба муҳосираи баҳрии бандарҳои Эрон поён диҳад, то битавонад ба музокирот баргардад. Вашингтон мегӯяд, ин муҳосираро дар вокуниш ба иқдоми Эрон ба иҷро даровардааст.

Тангаи Ҳурмуз.

Эрон дар рӯзи аввали иҷрои "Тарҳи озодӣ" ба шуморе аз киштиҳо ҳамла кард ва гузоришҳое аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии он ба Имороти Муттаҳидаи Араб низ нашр шуд.

Вазорати дифои Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 4 май гуфта буд, ки ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон қарор гирифтааст.

Бар асоси иддаои ин кишвар, як маҷмаи саноати нафт дар Фуҷайра дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи 4 май оташ гирифт ва се шаҳрванди Ҳинд ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб таҳдид кард, ки ҳаққи ин кишвар аст, ки ба ҳамлаҳои Эрон посух диҳад.

Аммо қароргоҳи "Хотам-ул-Анбиё", ки ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои низомии ниҳодҳои Эрон дар ҷанги ҷорӣ аст, чунин ҳамлаҳо ба Имороти Муттаҳидаи Арабро рад кард.