Туркманистон аз бастатарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва дастрасӣ ба интернет дар он ба шиддат маҳдуд аст ва зери назорати шадид мебошад. Бо ҳамин сабаб, бисёре аз мардум барои фирор аз интернети суст ва маҳдуд, ба Starlink рӯй овардаанд.
Ахиран гурӯҳҳое аз нерӯҳои интизомӣ ва мақомҳои маҳаллӣ ба биноҳо сар мезананд ва мустақиман болои бомҳоро тафтиш мекунанд.
Яке аз сокинони Туркманобод ба бахши туркмании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "кормандони пулис мустақиман ба болои бомҳо мераванд ва таҷҳизотро тафтиш мекунанд. Агар таҷҳизотиStarlink пайдо кунанд, онро бо худ мебаранд".
Ба гуфтаи манбаъҳои маҳаллӣ, бархе аз афроде, ки аз таҷҳизоти тавлиди ширкати SpaceX истифода мекунад, боздошт шуда ва ба милисахона интиқол дода шудаанд.
Дар баробари ин бозрасиҳо, аз кормандони ширкатҳои мухобиротӣ ҳам барои шиносоии ин таҷҳизот истифода мешавад. Ин афрод, ки маъмулан ба боми биноҳо дастрасӣ доранд, ҷойи насби антеннаҳоро хабар медиҳанд.
Яке аз шаҳрвандони Туркманистон гуфтааст, "байни кормандони техникӣ афроде ҳастанд, ки дақиқ гузориш медиҳанд, чӣ антеннае дар куҷо насб шудааст".
Пулиси Туркманобод ба тамосҳои Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ дар бораи ин амалкарди мақомот, посух надод.
Расонаҳои мустақил гузориш додаанд, ки ин бархӯрдҳо аз нимаи дувуми моҳи апрели имсол оғоз шуда, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва тиҷориро дар бар гирифтааст.
Starlink аз охирҳои соли гузашта вориди Туркманистон шуд. Кишваре бо низомии сиёсии баста, ки яке аз сусттарин ва маҳдудтарин интернет дар ҷаҳонро дар ихтиёри шаҳрвандони худ гузоштааст.
Яке аз сокинони шаҳре дар шимоли ин кишвар пештар гуфта буд, "чанд хонаводаи осудаҳол бо ҳамсояҳояшон шарик мешаванд, пул мепартоянд ва таҷҳизоти Starlink-ро аз Дубай мехаранд".
Ба гуфтаи ӯ, ин хонаводаҳо ин маблағро аз тариқи бонкҳои хориҷӣ пардохт мекунанд ва сипас ба таври муштарак моҳона мепардозанд.
Суръати интернет дар Туркманистон ҳудуди чаҳор мегабайт дар сония аст. Дар муқобил, суръати Starlink вобаста ба навъи он байни 100 то 300 мегабайт дар сония ва албатта бе маҳдудият ва сензура дастрас аст.
Мақомҳои Ишқобод пештар гуфта буданд, ки маҳдудиятҳо дар интернети ин кишвар барои пешгирӣ аз "халалдор шудани тартиботи ҷамъиятӣ" ва муқобила бо "терроризм, ифротгароӣ ва дигар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ" ҷорӣ мешаванд.