Модари Назира аз тафтиши марги ӯ дар Турсунзода розӣ нест

Назира Қодирова, сокини деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода

Наздикони зане, ки ҷасади овехтааш дар деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода пайдо шуд, ба марги ӯ шубҳа доранд.

Ҷисми беҷони Назира Қодироваро рӯзи 13-уми ноябри соли 2025 дар ҳезумхонаи манзили шавҳар овехта пайдо кардаанд.

Додситони шаҳри Турсунзода марги Назираи 41-соларо худкушӣ арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки дахолат ё фишори каси дигар дар ин воқеа собит нашудааст.

Ҳабиба Бобоева аз тафтиши марги духтараш норозӣ буда, бо гузашти 5 моҳ наметавонад ба пурсишҳои худ посух ёбад. Ӯ рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол мақомот ба онҳо нагуфтаанд, ки чаро ин ҳодиса рух додааст.

“Ман талаб дорам, ки сабабашро ёфта диҳанд. Худаш худашро кушта бошад, аз чӣ сабаб куштааст? Ҳамон хонаводаи шавҳараш зулм кардаанд, ягон коре шудагист ё шояд кушта партофтаанд. Сабабашро ба ман ёфта диҳанд, ки дилам хунук шавад,”-афзуд Ҳабиба Бобоева.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Хонаводаи шавҳараш зулм кардаанд, ягон коре шудагист»

Наздиконаш мегӯянд, қаблан Назира дар пайи латукуби шавҳар як бор қасди худкушӣ кардааст ва ҳоло баъди маргаш шавҳар ва хусураш ба мақомот баёнот додаанд, ки ӯ бемории равонӣ дошт. Модар ба худкушӣ ва бемории равонӣ доштани фарзандаш бовар надорад. Чун ба гуфтаи модар, духтараш “ягон бор, ягон рӯз касал нашудааст.” Модар фарзияи бемории рӯҳӣ доштану худкушӣ карданро “туҳмат” номид.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили хонаводаи шавҳари зан низ рафтанд, вале касе ҳозир нашуд дар ин бора суҳбат кунад.

Абдураҳмон Қодиров, шавҳари Назира танҳо гуфт, ки бо ҳамсараш ҳамдигарфаҳмӣ дошта, нисбаташ зулму бадрафторӣ накардааст. Вай ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудани ҳамсарашро низ тасдиқ накард ва нахост бештар гап занад.

Саида Бобоева, хоҳари Назира Қодирова, ки ба парвандаи марги хоҳараш шинос шудааст, мегӯяд, норӯшаниҳо зиёд аст, ки бояд одилона баррасӣ шаванд. Вай афзуд, баёноти шавҳари хоҳарашро дар парванда хондааст, ки сухан дар бораи бемории хоҳараш меравад, вале дар тамоси телефонӣ инро рад кардааст.

Ӯ гуфт: “Вақте ба язнаам занг зада пурсидам, ки зани шумо ҳамин хел ҳолат дошт, гуфт, ки ин гапҳо ҳамаш дурӯғ аст. Намедонам, ки вайҳо аз пеши худашон нависондагиянд ё язнаамон гапи дурӯғ гуфтагӣ аст, ҳайронам. Мехоҳам ҳамин дурӯғҳо ҳамааш рӯйи об бароварда шаванд. Бигузор сабаби маргашро ёфта диҳанд. Агар зулму ситам набошад, ягон кас ба ин роҳ худашро оварда намерасонад.”

Дар Маркази табобати бемориҳои асаб дар Турсунзода гуфтанд, Назира Қодирова ҳамчун бемор ба онҳо муроҷиат накардааст.

Дар додситонии шаҳри Турсунзода аз шарҳи мавзуъ худдорӣ намуданд ва гуфтанд, ба Додситонии кулл муроҷиат кунед.

Хонаводаи Назира барои муҷозоти омилони марги ӯ ё ошкор кардани сабабҳои худкушӣ ба додситони кул, дастгоҳи раиси ҷумҳур муроҷиат кардаанд, вале то кунун натиҷа надодааст. Бо ин вуҷуд, ҳоло вакили мудофеъ гирифта, мехоҳанд баҳсро идома диҳанд.

Аз Назира Қодирова се фарзанд монд. Ду духтараш оиладор буда, писараш дар синфи 10 мехонад.

Ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 261 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба он миёни занону духтарони ноболиғ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 15 ҳолат бештар будааст.