Трамп оташбасро тамдид кард. Эрон: дар сурати ҳамла посух медиҳем

Шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон барои мизбонӣ аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни Амрико ва Эрон омода мешавад. 22 апрел, 2026.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо дархости мақомҳои Покистон, мӯҳлати оташбас бо Эронро то замони ироаи пешниҳодҳои Теҳрон, дароз кард.

Ӯ дар паёме дар шабакаи Truth Social навишт, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки мақомҳои эронӣ фурсат дошта бошанд, "пешниҳоди ягона" барои идомаи гуфтугӯҳо ироа кунанд.

Трамп дар идома навишт, ки нерӯҳои амрикоӣ дар ҳоли ҳозир ба муҳосираи баҳрӣ идома медиҳанд ва дар вазъияти омодабош боқӣ хоҳанд монд.

Раисҷумҳури Амрико афзуд, ин оташбас то замони ироаи пешниҳод аз сӯи Эрон ва равшан шудани натиҷаи музокирот, "ба ҳар шакле ки бошад", идома хоҳад ёфт.

Қарор аст, ки музокирот байни ҳайатҳои амрикоӣ ва эронӣ барои поёни додани бӯҳрон ин ҳафта дар Исломобод баргузор шавад, вале ҷониби Эрон ҳанӯз омодагии худро эълон накардааст.

"Эрон дархосте барои тамдиди оташбас надодааст"

Эрон ҳанӯз ба таври расмӣ вокуниш ё посухе ба тамдиди якҷонибаи оташбас аз сӯи Доналд Трамп надодааст.

Аммо каме пас аз паёми Доналд Трамп дар бораи ин, ки бо дархости мақомҳои покистонӣ, ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эронро ба таври муваққат боз медорад ва оташбаси феълиро тамдид мекунад, як хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорон ба он вокуниш кард.

"Тасним" навишт, ки тибқи маълумоти ба дастовардаи ин хабаргузорӣ, Эрон дархосте барои тамдиди оташбас надода буд.

Тангаи Ҳурмуз.

Ин хабаргузорӣ дар идома навишт, "идомаи муҳосираи баҳрӣ ба маънои идомаи душманӣ аст, Эрон то замони идомаи муҳосираи баҳрӣ, дастикам тангаи Ҳурмузро бозкушоӣ нахоҳад кард ва дар сурати ниёз ба зӯр муҳосираро хоҳад шикаст".

"Тасним" идома дод, ки "агар Амрико бихоҳад сояи ҷангро нигаҳ дорад, бояд тангаи Ҳурмузро низ комилан басташуда дар назар бигирад".

Ин хабаргузорӣ дар хабаре дигар навишт, ки сухангӯи қароргоҳи марказии "Хотам-ул-анбиё" пас аз паёми нави Доналд Трамп дар мавриди тамдиди оташбас, ҳушдореро алайҳи Амрико эълон кард.

Тибқи ин гузориш, сухангӯи ин марказ гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар сурати ҳамлаи дигарбора, ба он посух хоҳанд дод.

Axios: Ҳайати эронӣ мунтазири посухи раҳбар аст

Дар ҳамин ҳол, Барак Рaвид, хабарнигори вебсайти хабарии Axios мегӯяд, ки "ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ, яке аз сабадҳои тасмими Трамп барои тамдиди оташбас бо Эрон, интизорӣ барои посухи Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии ислом, ба пешниҳоди ахир дар музокирот аст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир. 11 апрел, 2026.

Барак Равид дар шабакаи Х навишт, ки "ба гуфтаи манбаъҳои минтақавии огоҳ аз талошҳои миёнаравҳо ва ҳамчунин як манбаи исроилии огоҳ аз гуфтугӯҳо, яке аз сабабҳои тасмими Доналд Трамп ин аст, ки Амрико ва миёнаравҳои покистонӣ дар интизори посухи Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ба пешниҳоди ахир ҳастанд, то ӯ дастури равшане ба музокиракунандагони худ бидиҳад".

Ӯ дар идома хабар дод, ки "бар асоси ин гузориш, интизор меравад Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе посухи худро ироа кунад". Ин манбаи минтақавӣ ҳамчунин гуфтааст, "музокиракунандагони эронӣ эълом кардаанд, ки дар интизори чароғи сабз аз сӯи раҳбар ҳастанд".

Ташаккури нахуствазири Покистон аз Трамп

Нахуствазири Покистон рӯзи чаҳоршанбе аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои тамдиди оташбас бо Эрон, ки мӯҳлати он имрӯз тамом мешуд, сипосгузорӣ кард ва ҳар ду тарафро ба идомаи гуфтугӯҳо даъват намуд.

Шаҳбоз Шариф дар шабакаи Х навишт, "самимона умедворам, ки ҳар ду тараф оташбасро риоя кунад ва битавонанд дар даври дувуми гуфтугӯҳо, ки қарор аст дар Исломобод баргузор шавад, барои поёни доимии ин даргирӣ, ба як "паймони сулҳ"-и шомил даст ёбанд".

Эрон ва Амрико рӯзи 8 апрел ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд. Рӯзҳои 11-12 апрел ҳайатҳои ду ҷониб дар шаҳри Исломобод сари мизи гуфтугӯ нишастанд, аммо ба натиҷае нарасиданд.