Доналд Трамп дар паёме дар шабакаи Social Truth навишт, "ҳамаи он кишварҳое, ки бинобар тангаи Ҳурмуз наметавонанд худро бо маводи сӯхт таъмин кунанд, мисли Бритониё, ки аз иштирок дар нобудии раҳбарии Эрон худдорӣ кард, як пешниҳод барои шумо дорам. Аввал, аз Амрико харид кунед, мо миқдори зиёд дорем. Дувум, каме шуҷоати бо таъхир ба харҷ диҳед, ба танга биравед ва онро тасарруф кунед".
Ӯ афзуд, "бояд ёд бигиред, худатон барои худатон биҷангед, Амрико дигар барои кӯмак ба шумо онҷо нахоҳад буд, ҳамон тавр ки шумо барои мо набудед".
Раисҷумҳури Амрико дар айни ҳол дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CBS гуфт, ки бовар дорад ин танга "худ ба худ" боз хоҳад шуд, ҳарчанд таъкид кард, ки ҳанӯз омодаи даст кашидан аз талошҳояш барои водор кардани Теҳрон ба бозкушоии ин оброҳаи байнулмилалӣ нест.
Раисҷумҳури Амрико дар бахше аз ин гуфтугӯ таъкид кард, "дар як фурсате ин корро мекунем, аммо ҳанӯз на. Кишварҳо бояд вориди амал шаванд ва худашон ин мавзӯъро мудирият кунанд".
Трамп бори дигар норозигии худро аз ин, ки кишварҳои дигар нерӯ ё таҷҳизоти низомӣ барои пайвастан ба ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон нафиристоданд, иброз кард.
Ӯ гуфт, "ман онҷо хоҳам буд, аммо агар дар таъмини нафт мушкил доранд, бигузоред худашон биоянд ва онро бигиранд. Бигузоред пеш биоянд ва онро бибаранд. Онҳо нахостанд ба касе кӯмак кунанд".
Раисҷумҳури Амрико бо интиқоди дигарбора аз шарикони Вашингтон дар НАТО, гуфт, "НАТО шарманда аст ва ҳамаашон беобрӯанд. Пас агар нафт мехоҳанд, биоянд ва бибаранд. Таҳдиди воқеӣ вуҷуд надорад, таҳдиди қобили таваҷҷуҳе нест, чунки ин кишвар (Эрон) заъиф шудааст. Бигузоред худашон биоянд ва бардоранд. Вақташ расидааст, ки худашон коре барои худашон анҷом диҳанд".
Ӯ бори дигар такрор кард, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои давомдори Эрон ба киштиҳо ва зерсохтҳои кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, "ҳеч таҳдиди воқеӣ" дар тангаи Ҳурмуз вуҷуд надорад.
ТАҲДИДҲОИ ТАКРОРИИ ТРАМП
Ин дар ҳоле аст, ки президенти Амрико як рӯзи қабл, 30 март бо нашри матлаби дигар, хоҳони бозкушоии "бетаъхир"-и тангаи Ҳурмуз шуда ва таҳдид карда буд, ки дар сурате, ки Теҳрон бо Вашинтон ба созиш нарасида ва тангаи Ҳурмузро ҳам боз накунад, нерӯгоҳҳои барқӣ, таъсисоти нафтӣ ва таъсисоти обсофкунии Эронро нобуд хоҳад кард.
Трамп ҳамон рӯз дар гуфтугӯ бо "Financial Times" ҳатто аз тамоюлаш ба эҳтимоли тасарруфи ҷазираи стратегии Хорк ва дар ихтиёри гирифтани нафти Эрон сухан гуфта буд.
Ӯ рӯзи 22 март ҳам таҳдид карда буд, ки агар Эрон давоми "48 соат" тангаи Ҳурмузро "ба таври комил ва бе таҳдид" боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро "нобуд" хоҳад кард.
Ӯ дар айни ҳол, рӯзи 26 март, замоне ки иддао кард, музокирот бо ҷониби эронӣ оғоз шуд, аз дарёфти "як ҳадяи бисёр арзишманд" аз сӯи Теҳрон ҳам хабар дод. Ҳадяе, ки рӯзи баъд гуфт, иҷозати убури 10 нафткаш аз тангаи Ҳурмуз будааст.
ЭРОН МЕГӮЯД, ҲУРМУЗРО НАБАСТААСТ
Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо гуфтааст, ки тангаи Ҳурмуз ҳамчунон боз аст ва ин оброҳа танҳо ба рӯи киштиҳои амрикоӣ ва "кишварҳои душман" ё шиноварҳое, ки ба тарафи кишварҳои "душман" дар ҳаракат бошанд, баста аст.
Баста шудани амалии тангаи Ҳурмуз аз сӯи Эрон дар як моҳи гузашта ҷараёни ҷаҳонии нафтро халалдор кард, боиси ҷаҳиши қиматҳо дар саросари ҷаҳон шудааст. Идома ёфтани ин вазъ боиси ҳушдорҳои нави вазирони энержии Иттиҳоди Аврупо дар бораи паёмадҳои дарозмуддати ин бӯҳрон шудааст.
Дар Амрико ҳам қимати сӯхт ба болотарин ҳад дар се соли ахир расидааст. Мавзуе ки дар сурати идома метавонад дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресс дар моҳи ноябр, ба дардисари бузурге барои Доналд Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ шавад.