Трамп: Раҳбарони нави Эрон мехоҳанд гуфтугӯ кунанд

Доналд Трамп. Акс аз якуми марти 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, раҳбарии нави Эрон мехоҳад гуфтугӯ кунад ва ӯ ҳам мувофиқат кардааст. Трамп рӯзи 1-уми март дар гуфтугӯи телефонӣ бо нашрияи "Атлантик" гуфт, "онҳо мехоҳанд суҳбат кунанд ва ман ҳам мувофиқат кардам, ки суҳбат кунам. Бинобар ин, бо онҳо гуфтугӯ хоҳам кард. Бояд зудтар ин корро анҷом медоданд. Бояд зудтар он чизеро, ки бисёр осон буд, ироа мекарданд. Онҳо беш аз ҳад сабр карданд."

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Умон мегӯяд, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои умонии худ Бадр Ал-Бусаидӣ гуфтааст, ки Теҳрон омодаи "ҳар гуна талоши ҷиддӣ барои коҳиши таниш" аст. Умон дар се даври ахири гуфтугӯҳои ҳастаии Амрико ва Эрон нақши миёнаравро иҷро кард.

Аз сӯи дигар, Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар вокуниш ба гузорише аз нашрияи The Wall Street Journal, ки гуфта буд, ӯ хостори "азсаргирии музокирот бо Вашингтон бо миёнравии Умон" аст, дар шабакаи Х навишт, "мо бо Амрико музокира нахоҳем кард".

Амрико ва Исроил субҳи 28-уми феврал ба таври муштарак ба Эрон ҳамла карданд ва то кунун ба иловаи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон, марги чандин фармондеҳи баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла, вазири дифоъ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорон низ тасдиқ шудааст.

Президенти Амрико ҳамчунин дар суҳбат бо шабакаи Fox New гуфтааст, дар ҷараёни ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон 48 тан аз сарони Ҷумҳурии исломӣ кушта шудаанд.

Аз сӯи дигар, Фармондеҳии марказии Амрико аз кушта шудани се сарбоз ва захмӣ шудани панҷ нерӯи амрикоӣ хабар дод. Ҳарчанд мақомоти амрикоӣ ба маҳалли кушта шудани онҳо ишора накарданд, расонаҳо навиштанд, ки ин сарбозон бар асари ҳамлаҳои мушакии Эрон дар Кувайт кушта шудаанд.

Исроил ҳам эълон кардааст, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба як минтақаи аҳолинишин дар шаҳри Бейт Шемеш дар маркази Исроил дастикам 9 нафар кушта шуданд. Ин маргбортарин ҳодиса дар Исроил пас аз оғози амалиёти Исроил ва Амрико алайҳи Эрон аст, ки рӯзи шанбе оғоз шуд.

Шаби шанбе низ бархӯрди як мушаки эронӣ ба чанд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Телавив боис ба марги як зани 50-сола шуд ва як зани 68-солаи дигар ҳангоми фирор ба паноҳгоҳ ҷони худро аз даст дод.

Артиши Исроил низ эълон кард, дар ҳоли баррасӣ аст, ки чаро низоми дифоӣ натавонист мушак аз Эронро раҳгирӣ кунад. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, системаи дифоии Исроил даҳҳо мушак аз Эронро дар ду рӯзи охир раҳгирӣ кардааст.

Дар рӯзи дувуми ҷанг, 2-юми март, низ нерӯҳои амрикоӣ ва исроилӣ ҳамлаҳои худро ба нуқтаҳои гуногуни Теҳрон давом доданд. Мақомоти Амрико ва Исроил эълон кардаанд, ки марказҳои ҳукуматӣ, ба вижа маконҳои низомӣ аз ҷумлаи ин ҳадафҳо ҳастанд.

Пас аз тасдиқи хабари кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи 1-уми март ба шабакаи Ал-Ҷазира гуфт, аъзои Маҷлиси хубрагон "шояд дар як ё ду рӯз раҳбари навро барои кишвар интихоб кунанд".

Бар асоси Қонуни асосии Эрон, як шӯрои сенафарӣ муваққатӣ ҷойнишини раҳбари Эрон шудааст. Раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён, додситони кул Муҳсини Эжаӣ ва яке аз фақеҳони Шӯрои Нигаҳбон Алиризо Аърофӣ аъзои ин Шӯро ҳастанд.