Ҳукумати Эрон феҳристи кушташудагони эътирозҳоро нашр кард

Дафтари раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи 1 феврал номҳои 2986 нафар аз касонеро, ки мегӯяд, дар эътирозҳои моҳи январ кушта шуданд, нашр кард. Дар ин феҳрист ном, номи падар ва шаш рақами ахири шумораи шиносномаи афрод зикр шудааст.

Ниҳодҳои ҳукуматии Эрон пештар шумори афроди кушташударо 3117 тан эълон карда буданд ва дар хабарномаи дафтари президент Масъуди Пизишкиён омадааст, ки "омори ҳамаи ҷонбохтагони ҳодисаҳои ахир чунон, ки пеш аз ин низ хабар дода шуда буд, 3117 нафар аст" ва сабаби чунин тафовут ин аст, ки 131 ҷасад ҳанӯз шиносоӣ нашудаанд.

Ин маълумот дар ҳоле нашр мешавад, ки Созмони ҳуқуқи башари HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрико аст, мегӯяд, то рӯзи 27 январ кушта шудани ҳудуди 6100 эътирозгар, аз ҷумла, 118 кӯдаки зери 18-сола тасдиқ шуда ва баррасӣ ва ростозмоии ҳувияти беш аз 17 ҳазор куштаи дигар ҳамчунон идома дорад.

Бархе аз мақомоти расмӣ, дар сӯҳбатҳои бидуни зикри ном бо расонаҳо шумори кушташудагонро чанд баробар бештар тахмин задаанд.

Ниҳодҳо ва мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ нақши нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар кушта шудани эътирозгаронро инкор мекунад ва иддоа доранд, ки онҳо аз сӯи "террористҳо"-и мавриди ҳимояти кишварҳои хориҷӣ кушта шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки нерӯҳои амниятӣ ва афроди бо либосҳои мулкӣ ба тарафи эътирозгарон тирандозӣ мекунанд.

Ниҳодҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин аз болои биноҳо ба эътирозгарон тирандозӣ кардаанд.

Эрон аз рӯзи 28-уми декабри соли 2025 инҷониб аз замони оғози эътирозҳои осоишта бо талаби ҷилавгирӣ аз таварруми зиёд ва суқути қурби пули миллии кишвар ноором аст.

Тазоҳурот, ки дар Теҳрон оғоз ёфт, дар саросари кишвар паҳн шуд ва ба як ҳаракати густурдаи зидди низом табдил ёфт. Посухи мақомот ҳам саркӯби сахт ва маргбори тазоҳургарон буд, ки хашми ҷаҳониёнро барангехт.