Бино ба навиштаи "Роскомсвобода" аллакай тарҳи қарор дар ин бора аз сӯйи Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Русия ё "Роскомнадзор" таҳия шудааст.
Ин ниҳод нақша дорад, суроғаи саҳфаҳои корбарон ва маълумоти шахсии онҳоро аз ширкатҳои мухобиротӣ, муассисони сомонаҳо, шабакаҳо ва ҳамчунин аз созмонҳое бигирад, ки ба феҳрасти дастраскунандакони иттилоот шомил шудаанд. Ба ин феҳраст беш аз 200 саҳфа аз ҷумла, "ВКонтакте", "Одноклассники", HeadHunter, "Мейл.ру", "Яндекс", Telegram ва ҳатто бозии видеоии PUBG Mobile ворид карда шудааст.
Дар матни санад таъкид шудааст, ки корбарон аз хориҷи кишвар ҳатто тариқи қулфшиканҳо ё VPN наметавонанд ба сомонаҳои давлатии Русия ворид шаванд. Дар назар аст, ки санади мазкур, аз якуми сентябри соли 2024 ба иҷро медарояд.
Додситонии кулли Русия соли 2023 беш аз 69 ҳазор сомонаву пойгоҳҳи интернетиро барои нашри иттилои гӯиё “Фейкӣ” ё маводҳои “беобрукунандаи артиши Русия” бастааст.
Дар ҳамин ҳол бо талаби Додситонии кулли Русия соли 2022 беш аз 128 ҳазор пойгоҳу интернет дар робита ба хабарҳои марбут ба ҷанг ва артиши Русия баста шуданд.
Масдуд ва баста шудани сайту шабакаҳои интернетӣ дар Русия баъд аз оғози ҷанги ин кишвар алайҳи Украина сар шуд. Роскомнадзор аз расонаҳо талаб кард, ки маълумот дар бораи ҷанг дар Украинаро танҳо аз “манбаъҳи давлатии Русия” бигиранд.
Ин ниҳод ҳамчунин аз расонаҳо талаб мекард, ки хабару иттилоъ ё ибораву ҷумлаҳои аз нигоҳи мақомоти Русия “беасос”- ро пок ва таҳрир кунанд. Дар натиҷа сомонаи садҳо расонаи ғайридавлатӣ ва шабакаҳое чун Фейсбуку, инстаграм ва твиттер баста шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Русия ду расонаи мунаққиди Кремлин баста шудРусия як сомонаи гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро баст"Роскомнадзор" аз як сомона хост, ибораи "русҳои ғосиб"-ро бардорад"Роскомнадзор" аз расонаи қазоқӣ хост, матлабро дар бораи ҷанги Украина пок кунадРоскомнадзор саҳифаи русии бахши тоҷикии Радиои Озодиро баст